Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ҷои бедор кардан,  бо мушт чанд зарба задааст". Бо сарбоз Шодмони Гадоалӣ чӣ шуд?


Госпитали марказии ҳарбии Тоҷикистон
Госпитали марказии ҳарбии Тоҷикистон

Волидони як сарбози қисми ҳарбии Вазорати дифоъ иддао доранд, ки фарзандашон Шодмони Гадоалӣ бар асари латту кӯб аз тарафи командири рота ҷароҳат бардошта дар бемористони ҳарбии Душанбе бистарӣ шудааст. Вазорати мудофеа мегӯяд, ин ҳодиса дар қисми ҳарбии “02615” рух додааст ва аз тарафи мақомоти тафтишотӣ мавриди таҳқиқ қарор дорад. Анора Хоҷазода, хоҳарбузурги сарбоз Шодмони Гадоалӣ, сокини деҳаи Қалъаи Ҳусейни ноҳияи Дарвоз рӯзи 22 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро дар бемористони ҳарбӣ хабар гирифтааст ва аҳволаш хуб нест. Вай мегӯяд, дар чеҳрааш доғу осори латту куб дида намешавад, вале тавре худи сарбоз нақл кардааст, командир қавиҷусса буд ва “бар асари муштҳои ӯ даруни даҳону ҳалқаш осеб дидаанд”. Ӯ гуфт, ки командири рота бародарашро дар нимаи шаб бо сабаби ин ки дар қисми ҳарбӣ хобаш бурдааст, ба ҷои бедор кардан, бо мушт чанд зарба задааст. Наздикони сарбоз мегӯянд, Шодмон дар соли гузашта дар назди бозори “Корвон” аз роҳи облава ё бо зӯр ба артиш бурда шудааст.

Назари афсарони қисми ҳарбӣ ба ин қазия феълан маълум нест.

Ин қазия яке дигар аз чандин ҳодисаҳои хушунат дар артиши Тоҷикистон аст, ки солҳои охир дар бораи онҳо хешовандони сарбозону ҳомиёни ҳуқуқ бо нигаронӣ сӯҳбат мекунанд.

XS
SM
MD
LG