Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси муттаҳам ба ришвахорӣ чӣ гуна нопадид шуд? Ҷузъиёти парвандаро шарҳ доданд.ВИДЕО


Баъди се моҳи барканор шудани як додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон барои "содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад", мақомот ҷузъиёти парвандаи ӯро расман шарҳ доданд. Қаблан Радиои Озодӣ аз нопадид шудани додрас Акбар Холиқзода ва тафтиши қазияи ӯ хабар дода буд.

Намояндагии минтақавии Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, Акбар Холиқзода 21-уми октябри соли гузашта ҳангоми гирифтани 2500 доллар барои қатъ кардани як парвандаи ҷиноятӣ боздошт шуд, вале ба шарти тарк накардани маҳалли зист, озод гашт. Акбар Холиқзода рӯзи 18-уми ноябри соли гузашта бо фармони президенти Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд.

Мақомот парвандаи додраси муттаҳам ба ришвахориро шарҳ доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Шараф Аваззода, сардори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд гуфт, азбаски эълони иттиҳоми додрасҳо дар салоҳияти Додситонии кулл аст, тафтиши қазия вақт гирифт ва дар ин байн Акбар Холиқзода нопадид шуд. Вай афзуд, ки маълум нест, ки Акбар Холиқзода айни ҳол дар хориҷ қарор дорад ва ё дар дохили кишвар, вале гуфт, ки фикр мекунад ӯ "ҳатман ёфт мешавад ва нисбат ба ӯ қарори қонунӣ татбиқ мегардад".

Сардори раёсати оҷонсӣ гуфт,​ "вақте аризаи шикоятӣ ворид мешавад, аз ҷониби шуъбаи таҳқиқи коррупсия мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар вақти баррасиву маълум кардани таркиби ҳаракатҳои коррупсионӣ оиди ҳамон нафар, мо наметавонем, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунем ва ҳамчун чораи пешгирӣ танҳо дар бораи тарк накардани маҳалли зист забонхат мегирем. Бисёр мавриди фирори айбдоршавандаҳо дар ҳамин ҳолат то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аст".

Бахтиёр Оқилзода, раиси Додгоҳи вилояти Суғд ҳам дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ин парванда дар баррасии Додгоҳи Олист ва афзуд, ки онро шарҳ дода наметавонад. Ӯ танҳо гуфт, "аз тарафи додрасҳо содир кардани ҷиноят ба фикри ман ин бадномӣ овардан ба системаи судӣ аст".

Ҳоло додраси собиқ дар пайгард қарор дорад. Дар Тоҷикистон феҳристи ягонаи шахсони мавриди ҷустуҷӯ дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ аст. Вазорат қаблан гуфтааст, ки номи Холиқзода Акбар Ризо, сокини 40-солаи шаҳри Бӯстон, дар феҳристи шахсони мавриди кофтукоб ҷой дода шудааст. Назари худи Холиқзода ва наздиконаш дар ин робита дастрас нест.

Фирори додрас аз тафтишот дар Тоҷикистон собиқа надорад, аммо дар гузашта Абдусамад Маннонзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба гирифтани 144 ҳазор доллар пора ва як мошини тамғаи "Toyota" гунаҳкор мешуд, гурехта буд. Мақомот соли 2019 ӯро низ дар пайгарди расмӣ қарор доданд.

Ҳамин гуна сармоядор Низом Ҷӯраев низ, ки бо иттиҳоми "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" боздошт шуда буд, соли 2014 ба таври мармуз тавонист, фирор кунад. Танҳо соли 2018, ӯ дар Украина пайдо шуда, баъди чанд рӯзи боздошт раҳо гашт. Бино бар хабарҳо, ҳоло дар Дубай ба сар мебарад.

Ба навиштаи Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар даҳ соли гузашта дар Тоҷикистон 25 додрас барои "ҷиноятҳои коррупсионӣ" дастгир ё зиндонӣ шудаанд. Соли 2020 ду додраси додгоҳҳои вилояти Суғд бо айни чунин иттиҳом аз мақомашон барканор шуданд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG