Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷангҷӯи тоҷик дар Дарвози Афғонистон кушта шудаанд. Тиру мушак ба Тоҷикистон расидааст


Ҳодиса дар инҷо сурат гирифтааст. Рӯдхона ду Дарвозро аз ҳам ҷудо мекунад ва ин пул Рузвай ва Нусайро ба ҳам мепайвандад.

Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ дар ноҳия ё вулусволии Нусайи Дарвози Афғонистон, шаби 24-уми феврал миёни мухолифони ҳукумат ва нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа даргирии сахт ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ин даргирӣ аз ҷониби нерӯҳои давлатӣ 3 тан куштаву 11 нафар захмӣ ва аз тарафи мухолифин 9 нафар кушта ва 22 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар миёни кушташудаҳо 2 ҷангҷӯ аз Тоҷикистон низ ҳастанд. Мушакҳои Толибон ба деҳоти наздимарзии Дарвози Тоҷикистон ҳам бархӯрдаанд.

Эшони Зайналобиддин, раиси ноҳияи Нусай рӯзи 26-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар даргириҳо ду ҷангҷӯ аз Тоҷикистон бо номҳои Муҳаммад Юнус ва Ҳузайфа кушта ва дар минтақаи Хуғад дафн шуданд. Ба гуфтаи ӯ, бархе аз захмиёни нерӯҳои давлатӣ рӯзи 25-уми феврал барои муолиҷа ба бемористони марказии ноҳияи Дарвози Тоҷикистон интиқол ёфтанд ва пас аз муоинаву муолиҷа ба Нусай баргардонида шуданд.

Раиси ноҳияи Нусай ба ин бовар аст, ки ин афроди хориҷӣ дар ин минтақа вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳастанд ва дар либоси Толиб алайҳи нерӯҳои давлатӣ меҷанганд. Ӯ ҳамзамон аз ҷониби Тоҷикистон даъват кард, ки дар чаҳорчӯбаи қонун барои ҳифзи марз бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.

"Чун мо ҳамсарҳад ҳастем, дар ҳифзи иззати ҳамсарҳади худ бошем, умедвор ҳастам, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин қисмат таваҷҷуҳ бикунад. Онҳо касоне ҳастанд, ки вобаста ба ДОИШ ҳастанд, фардо рӯз барои мо дарди сар нашавад. Тақозои мо ин аст, ки дар шакли қонунӣ бо мо ҳамкории низомӣ кунанд",-афзуд ӯ.

Вазорати дифои Афғонистон ҳам бо нашри як иттилоия даргирӣ дар Нусайи Дарвозро тасдиқ кард. Ба иттилои Вазорати дифои Афғонистон, Толибон дар ҳамкорӣ бо "террористони хориҷӣ" ба нерӯҳои амниятии он кишвар ҳамла карданд. Манбаъ афзуд, ки дар ин ҳамла аз ҷумла як раҳбари ин гурӯҳ бо номи Қорӣ Ҳофиз ва як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Муҳаммад Юнус кушта шуда, 15 тани дигар захм бардоштанд.

Гурӯҳи Толибон то ҳанӯз дар робита ба ин ҳодиса вокуниш нишон надодааст. Дурусти ин гуфтаҳои мақомоти Афғонистон аз ҷониби манбаъҳои дигар тасдиқ ё такзиб нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ дар Дарвози Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ду шаб қабл чанд тире аз он тараф ба хонаи як нафар, як дӯкон ва истгоҳи автобус дар деҳаи Рузвай расидааст, вале хушбахтона касе аз сокинон осеб надидаанд. Ба гуфтаи манбаъҳои дигар дар Дарвоз, як мушаки Толибон ба деҳаи Зингроғи ин ноҳия расидааст.

Дар байни Рӯзвай ва Нусай як пули наздимарзӣ ва бозорча вуҷуд дорад. Пас аз нооромиҳои чанд моҳи ахир, фаъолияти ин бозори наздимарзӣ қатъ шудааст, аммо пул барои равуо ҳанӯз боз аст.

Як рӯз баъд аз даргирӣ дар Нусай, Анатолий Сидоров, яке аз фармондеҳони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти хабарии онлайнӣ гуфт, ки ҳазорон нафар ҷангҷӯёни хориҷӣ ва зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марзҳои ҷанубии ин созмон ҷамъ шудаанд.

Ӯ гуфт, дар Афғонистон теъдоди ҷангҷӯёни Толиб ба 70 ҳазор, гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро 4 ҳазор, Ҳаракати исломии Узбекистонро 2,5 ҳазор нафар мерасад. Ба қавли фармондеҳи рус: "Тундравон қаламравҳои бузурги Афғонистонро зери назорати худ қарор дода, дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқ фаъол шудаанд. Шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад".

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз наздик омадани ҷангҷӯён ба наздикии марзи кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд, чун бим доранд, ки ноамнӣ ба Тоҷикистон ҳам сироят накунад. Айни замон мегӯянд, ки неруҳои кишвар тавони муқобила бо ҳаргуна гуруҳҳои ифротгарову террористиро доранд.

Дар моҳи ноябри соли гузашта дар ноҳияи Моймай ҳамҷавор бо Нусай гурӯҳҳои тундрав ба маркази ин ноҳия ҳамла карда ва 24 сарбозро куштанд. Ҳодиса замоне нигарониҳои мақомоти тоҷик ва афғонро бештар кард, ки рӯзи 7-уми декабр навори лаҳзаҳои қатли низомиёни афғон бо дасти афроде, ки бо шеваи тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд, нашру паҳн шуд. Пас аз пахши навори ҳамла дар наздикии марзи кишвар масъала ҷиддӣ гирифта шуд ва мақомоти Дарвози Тоҷикистон мардони қобили хизмат дар артишро номнавис карда, машқҳои тирандозӣ доир карданд.

Дар гузашта борҳо наворҳое аз ҳузури ифротгароёни тоҷик дар манотиқи наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон нашр шудаанд. Марзи ду кишвар бештар аз 1300 километрро ташкил медиҳад ва бо вуҷуди кӯҳиву душворгузар будани бисёре аз қисматҳои он, гӯшаҳои осонгузаре дар ин марз вуҷуд дорад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG