Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: "Дар се моҳ тавассути Тоҷикистон беш аз 1 тонна тиллоро ба хориҷа бурдаанд" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Манобеъ дар Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар робита ба қочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар 9 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Афғонистонро дастгир кардаанд ва парвандаи онҳо дар ҳоли баррасист. Пештар мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи боздошти ҳафт нафар гуфта буданд.

Манобеъ бо шарти фош нашудани номи худ рӯзи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, боздошти ин афрод маълум кардааст, ки ин ҳодиса аввалин нест. Ба иттилои як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон, "гумонбарон шаҳодат доданд, ки аз 4‑уми сентябр то 14‑уми ноябри соли гузашта дар 36 маврид 1200 кило тилло ва 112 миллион долларро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Иморати Муттаҳидаи Араб бурдаанд".

"Амалиёти боздошти ин гурӯҳ аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Нисбат ба кочоқи 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар нишондоди боздоштшудаҳо ҳаст, вале парванда аз рӯйи далели 90 кило тилло ва 15 миллион доллар баррасӣ мешавад. Ин ду мавриди алоҳида аст. Вобаста ба 1200 кило тилло ва 112 миллион доллар таҳқиқ идома дорад ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст", -- шарҳ дод мусоҳиби Радиои Озодӣ.

То кунун мақомоти расмии Тоҷикистон танҳо дар бораи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар суҳбат мекунанд ва айни замон аз раҳбари, ба гуфтаи онҳо, "шабакаи қочоқи пулу тилло" ном намебаранд.

Қочоқи миқдори зиёди тило ва пули нақд тавассути Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Манбаъҳо дар Додситонии кулли Тоҷикистон танҳо гуфтанд, ки парвандаи 9 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи 90 тилло ва 15 миллион доллар барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ фиристодаанд. Ин афрод миёнаҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир шуданд. Мақомот мегӯянд, ин миқдор тиллову доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуда, бояд ба Имороти Муттаҳидаи Араб интиқол меёфт.

Як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 1‑уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, парванда охири ҳафтаи гузашта ба онҳо дастрас шуд ва баррасиаш оғоз ёфтааст. Ба иттилои ӯ, дар миёни 9 гумонбар шаҳрвандони Афғонистон, кормандони Хадамоти гумрук, фурудгоҳ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳастанд.

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон боздошти се корманди худро тасдиқ карданд, вале ниҳодҳои дигар дар ин замина чизе нагуфтаанд.

Баъзе аз расонаҳои Афғонистон гуфтанд, 90 кило тилло ва миллионҳо долларе, ки дар Тоҷикистон кашфу мусодира шудааст, ба Мирзо Катавозай, муовини аввали раиси порлумони Афғонистон тааллуқ дорад. Мақомоти тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Мирзо Катавозай, ки бо ҳайате дар Тоҷикистон қарор дорад, рӯзи 28-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаоро рад кард.

Телевизиони 1-и Афғонистон шоми 27-уми феврал дар гузорише бо такя ба манбаъҳои худ гуфт, "Катавозай талош дорад, ки рӯйи ин мавзуъ сарпӯш бигузорад."

Муовини аввали раиси порлумони Афғонистон, дар вокуниш ба ин иддаои расонаҳои кишвараш гуфт, "кулли хабарҳо дар ин бора, ки чунин корро ба ман марбут медонанд, дурӯғ аст", аммо рӯшан нагуфт, ки чаро маҳз номи ӯ дар ин қазия гиреҳ хӯрдааст.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG