Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД сабаби қатли Ҳокими 17-соларо "хусумати кӯчак" гуфт. ВИДЕО


Акси Ҳоким Бобоевро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби қатли Ҳоким Бобоев, навраси 17-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ ба "муноқишаи миёни ду ҳамсинф" ва "хусумати кӯчак" рабт дод, аммо далели хусуматро нагуфт. Вазорат дар ин бора шоми 3-юми март гузориши телевизионӣ нашр кард.

Ин дар ҳолест, ки волидони Ҳоким Бобоев тахмин мезананд, эҳтимол муноқиша бар сари 250 сомонӣ пуле сар задааст, ки "мехост телефон бихарад". Наздикони гумонбар дар бораи иллатҳои ҳодиса суҳбат намекунанд, аммо мегӯянд, ба чунин рафтори ӯ бовар надоранд.

"Ҳамсолон миёни ҳам муноқиша карда, сипас, гумонбар бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани ҳамсинфи хеш дар яке аз манзилҳои нотамом бо санг ба сару рӯйи дувумӣ зада, ба ҳалокат расондааст", -- гуфта шуд дар гузориши расмии Вазорати корҳои дохилӣ.

Навраси гумонбар дар қатли Ҳоким Бобоев дар гузориши телевизионии ВКД гуфт, "бо санг ба сараш задам ва ҳеч кас нафаҳмад гуфта, оташ задам." Вай ин ҳарфҳоро ҳангоми бозпурсӣ ва нишон додани маҳалли ҳодиса ба маъмурони милисаву муфаттишони додситонӣ гуфтааст, аммо маълум нест таҳти чӣ шароите суҳбат кардааст. Қаблан наздиконаш гуфта буданд, ӯро бе ҳузури вакили мудофеъ бозпурсӣ кардаанд.

Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ дар ин замина бар асоси моддаи "одамкушӣ" (қисми дуи моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Ин банди қонун аз 15 то 25 соли маҳрумӣ аз озодӣ ва ҳабси умрбодро дар назар дорад.

Гузориш аз 2-юми март: Волидони Ҳокими 17-сола ҷузъиёти қатли бераҳмонаашро гуфтанд

Аъзои оилае дар ноҳияи Рӯдакӣ иддао доранд, ки писари ҳабдаҳсолаи онҳо, Ҳоким Бобоев, аз тарафи як ҳамдарсаш кушта ва сипас қисме аз ҷасадаш оташ зада шудааст. Гумонбарро дастгир кардаанд, вале пайвандонаш ба чунин рафтори ӯ бовар надоранд ва хостори таҳқиқи мунсифона ҳастанд. Номи гумонбар ба Радиои Озодӣ маълум аст.

Ҳодиса рӯзи 25-уми феврали имсол дар ҷамоати Чортеппа иттифоқ афтодааст. Гулбаҳор Шарифова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, панҷ рӯз боз ба суоли чаро кушта шудани писараш, Ҳоким Бобоев, посух намеёбад.

Гулбаҳор Шарифова
Гулбаҳор Шарифова

"Субҳи 25-уми феврал аз хоб хест ва гуфт, ки барои шустани сараш об монам. Сипас либосҳояшро пӯшиду ба дарс рафт. Дигар барнагашт", -- нақл кард ӯ рӯзи 1-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Муқим Бобоев, падари Ҳоким Бобоев, мегӯяд, ҷасади писарашро пас аз як рӯзи ҷустуҷӯ каме дуртар аз хона ёфтанд ва ҳамзамон иддао кард, ки ӯ оташ зада шуда буд: "Танаш луч, пойафзол надоштааст. Ба пушт партофтааст. Бо санги калон ба рӯяш зада, баъдан сӯзишворӣ рехта, оташ задааст. Дар 58 соли зиндагӣ бори аввал чунин ваҳшониятро мебинам", -- мегӯяд Муқим Бобоев."

Мақомот дар ноҳияи Рӯдакӣ қатли Ҳоким Бобоевро тасдиқ карда, вале дар бораи чӣ гуна кушта шудани ӯ, аз ҷумла дар мавриди сӯзондани қисме аз ҷасад тафсилот надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳам мақомот ва ҳам пайвандони Ҳоким Бобоев мегӯянд, ки сабаби дақиқи ҳодиса маълум нест. Хонаводааш тахмин мезананд, ки эҳтимол ҷанҷол бар сари пул сар задааст, чун ба қавли падараш, "дар даст 250 сомонӣ дошт ва мехост, телефон бигирад."

Муқим Бобоев
Муқим Бобоев

Дар мавриди онки чаро шубҳаи онҳо дар ин қазия бар сари яке аз ҳамдарсони писараш қарор гирифт, Муқим Бобоев гуфт, Ҳоким ва ҳамдарсаш якҷо аз мактаб баромада, "нопадид шудаанд".

Айни замон пайвандони гумонбар ба даст доштани ӯ дар ин ҳодиса бовар надоранд ва мегӯянд, пурсиши ӯ бе ҳузури вакили мудофеъ ва волидону омӯзгорон гузаштааст. Хонаводаи гумонбар рузи 1-уми март нахостанд, дар рубарӯи дурбини Радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд, вале гуфтанд, писарашон ҳатто шабона танҳо ба берун намебаромад, чи расад ба куштани касе.

"Шояд дар ин ҷо чизи дигаре ниҳон аст. Моро ба назди додситонии ноҳия даъват карданд, вале аз ӯ дар танҳоӣ нишондод гирифтаанд. Магар, мумкин аст, ки ноболиғро чунин бозпурсӣ кунӣ?" -- суол гузошт яке аз наздиконаш бе зикри ном.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Куштори бераҳмонаи наврас дар ноҳияи Рӯдакӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Қатли мармузи Ҳоким Бобоев ва боздошти як ҳамдарсаш ҳамсоягону омӯзгорони онҳоро нигарон кардааст. Муаллимони мактабе, ки наврасон дар онҷо таҳсил мекарданд, гуфтанд, ин ду хонанда ҳарчанд бо баҳои аъло таҳсил надоштанд, "интизоми намунавӣ доштанд".

Заррагул Олимова
Заррагул Олимова

Заррагул Олимова, роҳбари синфи хонандаҳо, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бачаҳои хуб буданд. Модарони ҳарду дар маҷлисҳо иштирок мекарданд. Дар куча маро медиданд ё занг мезаданд, ки таҳсилу тарбияи фарзандашон чӣ хел аст. Мегуфтам, хуб аст. Бачаҳо дар сари як миз менишастанд ва бино ба навори дурбинҳои назоратӣ якҷо аз мактаб баромадаанд."

То ҳол сабаби асосии қатли сокини ҳабдаҳсолаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ эълон нашудааст. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, пурсишҳо идома дорад ва то эълони хулосаи ниҳоӣ ҳанӯз барвақт аст.

Ба иттилои расмӣ, дар соли гузашта ноболиғону ҷавонон дар Тоҷикистон 6 ҳазор ҷиноят кардаанд. Дар гузашта низ ҷанҷолу кордкашӣ ва куштори наврасону ҷавонон аз сӯйи ҳамдигар расонаӣ шуда буд.

Равоншиносон дар чунин қазияҳо мушкили иҷтимоӣ ва таъсири тарбияву таблиғи хушунатро дар филму бозиҳо далел меоранд. Мақомот бештар волидонро гунаҳкор мекунанд ва, ба қавли вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, дар соли гузашта барои бетаваҷҷуҳӣ ба тарбияи фарзандон ба зидди 13 ҳазор кас парванда кушоданд. Вале хонаводаҳо ангушти иттиҳомро ба сӯйи мактабу омӯзгорон дароз мекунанд ва онҳо дар навбати худ ҷомеаро муқассир мешуморанд.

Шарҳҳоро бинед (25)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG