Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси беадолатӣ ва чашмпӯшӣ ба ҷиноят дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон тафтиши парвандаи садамаи нақлиётии маргбореро боздоштаанд, ки дар натиҷаи он Баҳром Ғафурӣ яке аз овозхонҳои маҳбуб ҳалок шуд.

Додситонӣ гуфтааст, азбаски намедонанд, Ислом Анварзода, муовини собиқи додситони ноҳияи Фирдавсӣ муттаҳами асосӣ ба ҷиноят дар куҷост, барои ҳамин парвандаашро кунҷе гузоштаанд, то ба кори дигар машғул шаванд.

Ин кори муфаттишон, ки Радиои Озодӣ дар бораи он гузориш дод, бисёре аз корбаронро ба ғазаб овардааст, ки дар вебсайти мо ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграмм навиштаанд, дар Тоҷикистон адолат вуҷуд надорад.

Баҳси адолату нобаробарӣ ва чашмпӯшӣ аз ҷиноят дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00


Сафия Султон, яке аз корбарони саҳифаи мо рафтори муфаттишонро “номардӣ” номида ва чунин навиштааст: “Агар ҳозир камбағале мебуд, хунашро гармогарм дам мекашидед. Аммо вақте сухан дар бораи ҷинояти шахсони воломақом, меравад, шумо даррав афв эълон мекунед ва ё парванда фавран баста мешавад.”

Шарҳҳо бо ҳамин мазмун дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм низ ҳаст ва теъдоди зиёде аз корбарон гуфтаанд, ки азбаски Ислом Анварзода мансабдору писари яке аз сарватмандони Тоҷикистон аст, барои ҳамин ҷинояти ӯро нодида гирифтаанд. Яке аз ин шарҳҳоро мехонем, ки Умар 0065 зери гузориши Радиои Озодӣ гузоштааст.

«Муҳтарам Радиои Озодӣ ҳамааш маълум аст ва ҳоҷат ба гуфтан нест... Қонун танҳо барои мардуми камбизоат аст. Агар ҳамин корро ягон камбизоат мекард, ӯро ба ҳабси якумрӣ маҳкум мекарданд, ё ҳукми қатлаш медоданд.

Садама бо ширкати Ислом Анварзода ва Баҳром Ғафурӣ, рӯзи 7-уми август, рух дод ва худи Анварзода сахт ҷароҳат бардошт. Дӯстони Анварзода гуфтаанд, ки ӯ аз тафтишот нагурехтааст ва фақат барои муолиҷа ба хориҷ рафтааст, вале ба гуфтаи теъдоде аз корбарон маҳз сарватмандии падараш кумак кардааст, ки уро бо роҳи ғайриқонунӣ аз ҷавобгарӣ дур кунанд.

Корбаре бо номи Тоҷикбача 97 навиштааст, агар як камбизоат мебуд, “аз ҷойгаҳи марг мебурданду пурсупосаш мекарданд.”

Дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм низ айни шарҳро пайдо кардем ва онро корбаре бо номи Душанбе эн эн эн бо забони русӣ навиштааст ва ҳамроҳ мехонем:

“Фақат дар Тоҷикистон ҷиноякороне, ки шиносҳои хуб дорад, метавонанд, аз ҷавобгарӣ халос шаванд. Ҳар касе, ки ошно ва падари сарватманд надорад, ҳатто бо гипсу асо муҳокима мекунанд.”

Теъдоде аз корбарони дигар гуфтаанд, садамаи нақлиёти бо ширкати Ислом Анварзода, Баҳром Ғафурӣ як тасодуф буд ва Анварзода ҳеч гоҳ намехост, ки чунин фоҷиае рух диҳад. Корбаре бо номи Анвар Сунатов дар вебсайти мо навиштааст:

“Онҳое, ки комментария менависед, мусулмон ҳастед. Куҷост раҳму шафқати шумо? Аз чунин фалокат касе эмин буда наметавонад, на вазиру на кабир. Ислом аз як дасташ маҳрум шуд, пойҳояш аз чанд ҷой шикаставу маъюб гаштаанд, сараш осеб дидааст. Дар Душанбе табобат гирифт, вале беҳтар нашуд, барои ҳамин бо тавсияи табибон ба хориҷа барои табобат рафтааст.»

Корбари дигаре бо номи Ҳомид ба Анвар Сунатов посухи дарозе дода ва гуфтааст, касе хушҳол нест, ки додситони собиқ маҷруҳ шудааст ва инҷо муҳим масъалаи фирори ӯ аз қонун ва ғафлат ва чашм пӯшидани мақомот аз ин кори Ислом Анварзода аст.

Шарҳи Ҳомидро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем: «Фалокат фалокат асту қонун қонун. Гап дар бораи таъмини волояти қонун ва пинҳонкории мақомоти тафтишот меравад. Набуди адолати судӣ, адолати иҷтимоӣ ва фасодзадагии ҳукумату ҳукуматиҳо меравад. Маҷруҳ бошад, табобат гирад омада, дар пеши қонун ҷавобашро гӯяд. Чӣ гуна як прокурор, ки парванда дорад, аз ҷумҳурӣ мераваду муфаттишонро хабардор намекунад? Ё мақомот чӣ тавр ӯро ба хориҷа ҷавоб додаанду, ҳоло намедонанд, куҷост?»

Шумо ҳам метавонед ба ин баҳсҳо дар вебсайти Радиои Озодӣ ва ё саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграмм ҳамроҳ шаведу назаратонро бигуед. Ё дар видео сабт кунед ва ин телефон ва тавассути Телеграму Вотсаппу Вайбер ва Имо ба мо бифристед: (+420) 607 900 808

XS
SM
MD
LG