Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: "Тоҷикистон матбуоти озод дорад, ё не?


Оё дар Тоҷикистон хабарнигорон озодона менависанд ва дар бораи мушкилоти камбудиҳо дар ҷомеа ва кори ҳукумат бетарсу беҳарос аз касе инъикос мекунанд?

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Тоҷикистон матбуоту расонаҳо озод нестанд ва хабарнигорон аз тарси онки ба зиндон наафтанд, ё зиндагиашон мушкил нашавад, аз ошкор гуфтану навиштан дар бораи сахтиҳои мардум ва камбудиҳои ҷомеа, сӯистифодаи мақомот аз вазифаҳояшон парҳез мекунанд.

Азбаски рӯзи 11-уми март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуотро таҷлил карданд, дар Гапи Озод ҳамин масъаларо ба баррасӣ гирифтем. Меҳмонони мо Бахтиёр Ҳамдамов сардабири “Минбари халқ” нашрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Фаридуни Раҳнавард сардабири собиқи ҳафтаномаи “Нигоҳ” ҳаст, ки воқеан чанд сол пеш аз фаъолият монд.

Гапи Озод: Дар Тоҷикистон матбуот озод ҳаст, ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:00 0:00

Иқтибосҳое аз барнома:

Бахтиёр Ҳамдамов: “Маҳдуд кардани озодии баён имрӯз тақрибан, ки ғайриимкон гаштааст. Дар тамоми ҷаҳон чунин аст, чун мардум ба Интернет дастрасӣ доранд ва журналистикаи шаҳрвандӣ хеле рушд кардааст.”

Фаридуни Раҳнавард: “Агар ту ҳукуматро танқид кардӣ, пас ту намедонам, аз кадом як гуруҳи мухолифи ҳукумат ҳастӣ, агар аз мухолифин интиқод кардӣ, мегӯянд, ки фурӯхташудаи мақомотӣ, амниятиву қудративу куҷо ҳастӣ. Ҳамаи ин ба коста шудани обрӯи журналист овардааст.”

Бахтиёр Ҳамдамов: “На танҳо журналистон, балки теъдоди зиёди табибон, мутахассисони дигари мо ҳам мутаасифона ба хориҷа рафтанд. Инсон ҳамингуна табиат дорад, ки мехоҳад, зиндагии хуб дошта бошад. Ин дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дида мешавад.”

Сокини оддӣ: “Ман медонам, ки журналистон озодона гап зада наметавонанд.

Сокини оддӣ: “Сензураи давраи советӣ нест, имрӯз озод, ошкоро, кӣ чӣ мехоҳад, фақат дар чаҳорчӯбаи қонун менависад.”

Сокини оддӣ: “Баъзе вақт менависанд, баъзе вақт наменависанд. Ҳоло демократия ку, озодӣ...”

Фаридуни Раҳнавард: “Ман аз ин ҳолат бисёр шармам меомад. Вақте ман дар “Нигоҳ” кор мекардам, прессконфронсҳои онлайнӣ доштем. Коргардон Барзу Абдураззоқовро даъват кардем. Ҳама мепурсид, ки оё намоз мехонӣ, чаро риш намемонӣ? Аз раиси Кумитаи занон чандин нафар пурсиданд, ки барои мо ягон духтараки баодобу намозхон ёбед, ки мо зан гирифтан мехоҳем.”

Бақияи суҳбатро дар видео бубинеду, назару андешаҳои худро бигӯед. Агар мехоҳед, мавзуе дар ин барнома баррасӣ шавад, пас ба ин почтаи электронӣ tajik@rferl.org ва ё ин телефон бинависед: +420 607 900 808

Шарҳҳоро бинед (46)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG