Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дастaрхони мардумро танзим карданд, маъракаҳои серхарҷи худро кай кам мекунанд?" ВИДЕО


Дарахтони "либоспӯш" дар шаҳри Бохтар

Як иқдоми мақомот дар Бохтар, маркази вилояти Хатлон, баҳсбарангез шуд. Дар ин шаҳр дар остонаи иди Наврӯз ба танаи дарахтони қадди кӯча матои атласу чакан бастанд ва хашми бисёре аз сокинонро барангехтанд.

Мақомот ҳанӯз далели чунин рафтори худро шарҳ надодаанд, вале бисёре аз корбарон дар сомонаи Радиои Озодӣ онҳоро ба сарфу харҷи беҳуда айбдор кардаанд. Як корбар бе зикри номаш гуфтааст, мақомот маъракаҳои мардумро танзим мекунанд, вале дар мавриди маъракаҳои серхарҷи худ лаб фурӯ бастаанд.

Шарҳи ӯ чунин аст: "Агар дар иди Рамазону Қурбон барои меҳмонон дастархон биороянд, ҳукуматдорон ҳар рӯз аз исрофу сарфакорӣ ҷор мезананд. Акнун имрӯз чаро аз исрофу сарфакорӣ фаромӯш кардаанд? Ин кадом фарҳангу кадом расму ойини аҷдодии тоҷикон бошад?"

Самира шӯхиомез гуфтааст, дар танаш курта надорад, аммо мақомот ба дарахтҳо либос пӯшондаанд. Шахсе бо номии рамзии "Қишлоқӣ" ҳам менависад, "ҳамин атласу чаканҳоро аз номи президент ба занони кӯчарӯб туҳфа мекардед, гапи дигар буд. Маънии ин коратонро нафаҳмидам. Ё дарахтон хунук нахӯранд гуфтед?"

Барномаро дар инҷо тамошо кунед:

Дарахтони атласпӯш ва сарзаниши мансабдорон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Корбаре дар сомонаи Радиои Озодӣ худро “Сибир” номида, аз мақомот хостааст, ба маъракаи, ба қавли ӯ, худнамоишдиҳӣ поён бахшанд. Вай гуфтааст, “дар фикри мардум мешудед, хуб буд. Нархи сӯзишворӣ кай поин меравад? Агар поин рафтанӣ нест, аз ҳозир хар бихарем."

Дар ин қатор баъзе аз корбарон аз тасмими мақомот дар Бохтар ҳимоят ва онро як навъ зебоӣ тавсиф карда, аз дигарон хостаанд, дар ин масъала сахтгирӣ накунанд. Аммо мухолифони тасмим онро тамаллуқ номидаанд.

Корбаре бе зикри ном навиштааст: "Аз кори чоплусон шармам меояд. Ҳамон атласро ба духтарон аз оилаи камбизоат диҳед, то бипӯшанд. Мардум кайҳону технологияҳои муосирро барои зиндагии хуби инсоният ихтироъ мекунанд, чоплусон ба дарахтон либос мепӯшонанд. Миллати тоҷик наход ҳамин хел одамҳо дошта бошад."

Баъзе аз шарҳнависон пешниҳод кардаанд, ба ҷойи ин гуна намоишкориҳо мақомот ба тоза кардани шаҳрҳо машғул шаванд. Яке аз онҳо бо номи Барзу гуфтааст, "ақлатон фақат ба ҳамин гуна нағмаҳои бемаънӣ мерасад. Ба ҷойи ин қадар маблағро ба намоишкорӣ сарф кардан, рӯбучини кӯчаҳои шаҳрро ба роҳ монед. Ҳайфи Қӯрғонтеппаи даврони Шӯравӣ."

Корбаре бо номи "Ҳақиқат" гуфтааст, зидди чунин “эҷодкорӣ”-ҳо намебуд, агар Тоҷикистон як кишвари пешрафта мешуд. Ӯ навиштааст, "давлату халқ ба мисли Амрико, Аврупо ва ё ҳатто Русия бой мебуд, ин корҳо мезебид. Бо тақрибан чаҳор миллиард доллар қарз ва мардуми аксар мардикор ба халқи дигар, ин корҳо намезебад."

Ин баҳс дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз идома дорад. Агар назару пешниҳоде доред, нависед ё дар наворе сабт кардаву бифристед. Вотсапу Вайбер ва Имову Телеграм дорем. То дидор дар барномаҳои дигар!

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG