Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи пайдоиши СOVID-19. ВИДЕО


Гуруҳи коршиносон натиҷаи таҳқиқоти деринтизори худро дар мавриди сарчашмаи СOVID-19 дар Чин нашр карданд. Таҳқиқоте, ки пажӯҳишгарони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳамроҳ бо олимони чинӣ гузарониданд, танҳо чанд фарзия пешниҳод кард, аммо хулосаҳои дақиқ каманд.

Панҷ чизи донистанӣ аз ин гузоришро манзури Шумо мекунем:

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи пайдоиши CОVID-19
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00
  • Кӯршабпаракҳо ҳанӯз ҳам айбдоранд, аммо ҳайвоноти дигар ҳам истисно нестанд

Олимон назарияи пешинро, ки мегӯяд SARS-CoV-2 эҳтимол нахуст дар кӯршабпаракҳо пайдо шудааст, ҷонибдорӣ карданд. Пажӯҳишгарон гуфтанд, сирояти вирус мустақим аз кӯршабпарак ба инсон имкон дорад, аммо эҳтимол тавассути ҳайвони дигаре ба одам гузаштааст.

Доминик Дуайер, узви тими пажӯҳишгарони СҶТ: "Шеваи сирояти вирус ҳамеша чунин буда, ки аз кӯршабпаракҳо ба дигар ҳайвон сироят карда, баъд ба инсон мегузарад. Айни ҳолат бо вируси SARS ва MERS рух дода буд. Аз ин рӯ, бо эҳтимоли зиёд, ин бор ҳам чунин шудаааст. Мо, инчунин, медонем, ҳайвоноте, ки дорои SARS-CoV-2 мебошанд, дар бозорҳои Чин ва дигар ҷойҳо ҳастанд."

Нақши бозорҳо дар сар задани пандемия номаълум мемонад. Гузориш ошкор кардааст, аввалин беморони СOVID-19 бо бозори Вуҳан, ки қаблан манбаи эҳтимолии вирус гуфта мешуд, робита надоранд.

  • Фарзияи аз озмоишгоҳ хориҷ шудани вирус "бисёр шубҳабарангез" гуфта мешавад

Баъзе аз олимон бар инанд, ки вирус дар озмоишгоҳ пайдо шудааст. Ҷонибдорони ин назария ба он ишора мекунанд, ки Донишкадаи вирусологияи Вуҳан вирусҳои кӯршабпаракҳоро таҳқиқ мекунад. Аммо тими Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, олимони донишкадаи Вуҳан бо вирусе, ки боис ба пандемия шуд, сару кор надоштанд.

Питер Бен Эмбарек, узви гуруҳ: "Он замон ин, албатта, фарзияи мантиқӣ ва табиӣ ба назар мерасид. Бале, ин ҷо чанд озмоишгоҳ дар наздики ҳам дар як шаҳр қарор доранд ва баъзеҳо фикр мекунанд, ин чиз муртабит аст. Аммо касе як далел ё шаҳодати устуворе пайдо карда натавонист, ки кадоме аз ин озмоишгоҳҳо дучори садама шудаву вирус аз он берун шудааст."

Бо вуҷуди ин, раиси СҶТ гуфт, ин фарзия куллан рад нашудааст. Ба қавли Тедрос Адҳаном, раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, "ҳоло ҳама фарзияҳо пешкаш шудаанд ва ба омӯзиши изофӣ ниёз доранд."

  • Хӯроки яхнӣ, яке аз сарчашмаҳои эҳтимолии вирус гуфта мешавад, аммо ба гумон аст, ки чунин бошад.

Мақомоти Чин тахмин заданд, ки COVID-19 бо хӯрокҳои яхкардашуда аз хориҷ ворид шудааст. Муҳаққиқон мегӯянд, эҳтимоли бо ин роҳ ворид шудани вирус хеле кам аст. Муаллифони гузориш гуфтанд, пайванди хуруҷи вирус бо ғизоҳои яхнӣ бояд, омӯхта шавад.

  • Гузориш барои шаффоф ва саҳеҳ набудан, танқид мешавад.

14 кишвар, аз ҷумла Амрико аз он ки дастрасии муҳаққиқон ба "иттилои аввал ва намунаи ташхисҳои нахустин" маҳдуд буд, ибрози нигаронӣ карданд. Иттиҳоди Аврупо низ нигаронии худро баён дошт. Мунтақидон шубҳа доранд, ки то куҷо мақомоти Чин рӯйи ин таҳқиқот таъсир гузоштанд ва муҳаққиқонро ба макону иншооти зарурӣ роҳ доданд.

Ҷейн Псаки, сухангӯйи Кохи Сафед, дар ин робита чунин гуфт: "Мо қаблан ҳам гуфтем ва ҳоло ҳам ишора кардам, ки дар ин гузориш иттилоъву маълумоти муҳим нест. Чунки ба он дастрасӣ вуҷуд надошт. Дар он шаффофият нест. Мо ба он бовар надорем ва бар инем, ки гузориш ба талаботи ҳозира, ба он таъсире, ки пандемия ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошт, ҷавобгӯ нест."

  • Чин танқидҳоро рад ва аз ширкати худ дар баргузории таҳқиқ ҳимоят кард.

Мақомоти Чин гуфтанд, ки мунаққидони хориҷӣ масъаларо сиёсӣ мекунанд. Пажӯҳишгари аршади чинӣ ва узви тими таҳқиқотӣ гуфт, тафтишот ҳамаҷониба сурат гирифтаст.

Лян Ванниан, роҳбари гурӯҳи олимони чинии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Вуҳан: "Коршиносони чинӣ ва СҶТ барои дастёбӣ ба ҳақиқат аз роҳи ҳамкории бозу ошкоро таъкид карданд. Чин аввалин кишваре буд, ки дар бораи нахустин ҳолати сироят хабар дод. Бисёр муҳим аст, ки Чин ташаббусро ба даст гирад ва пайдоиши вирусро пайгирӣ кунад."

Тими коршиносони Чин гуфт, ки таҳқиқи пайдоиши COVID-19-ро идома хоҳанд дод. Дабири кулли СҶТ ин гузоришро "хеле муҳим" хонд, вале гуфт, он "анҷоми кор" нест.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG