Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қонуни то соли 2036 дар қудрат мондани худро имзо кард. САДО


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 5-уми апрел қонуни нави интихоботии Русияро имзо кард, ки ба вай иҷоза медиҳад то соли 2036 дар қудрат бимонад. Қонуни қаблии Русия ба Владимир Путини 68-сола, ки беш аз ду даҳа мешавад қудратро дар даст дорад, иҷоза намедод беш аз ду бор дар ин мақом ба таври пайдарпай боқӣ бимонад.

Ӯ қаблан барои ҳифзи қудрат маҷбур шуда буд, ки дар интихоботи соли 2008 ба унвони нахуствазири ин кишвар нақши сиёсӣ бозӣ кунад. Он замон Дмитрий Медведев аз чеҳраҳои вафодор ба Путин, мақоми президентиро ба даст гирифт, аммо мунтақидон гуфтанд, дар ин давра низ Путин амалан зимоми қудрати кишварро дар даст дошт.

Тибқи қонуни қаблӣ, Путин ҳаққи номзадӣ дар интихоботи соли 2024-ро надошт, аммо соли гузашта қонуни нави интихоботи президентии Русия баъд аз як ҳамапурсӣ аз сӯи порлумон қабул шуд ва ҳоло Владимир Путин метавонад бидуни маҳдудият то соли 2036 мақоми президентиро дар қабзаи худ нигаҳ дорад.

Давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Русия шаш сол аст. Бар асоси қонуни нави интихоботи Русия, Путин ҳаққ дорад барои ду давраи дигар, дар солҳои 2024 ва 2030 номзади интихоботи президентӣ шавад.

Путин роҳи монданро дар қудрат то 2036 ҳамвор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
Линки мустақим

Бино бар гузоришҳо, мизони маҳбубияти ӯ, шеваи раҳбарияш дар Русия ва ҳамчунин солҳо саркуби мухолифон ва канор задани мунтақидони сиёсӣ, ба маънии афзоиши эҳтимоли пирузии дигарбораи Путин дар интихоботи оянда хоҳад буд.

Дар чанд моҳи гузашта, ба вижа пас аз боздошти Алексей Навалний -- аз муҳимтарин чеҳраҳои мухолифи Путин, эътирозгарон дар ин кишвар боз бештар саркуб шуданд. Мақомоти амнияти ва пулиси зидди ошӯби Русия дар моҳҳои гузашта ҳазорон нафар аз эътирозгарон ба боздошти Навалнийро дастгир кардаанд.

Агар Путин битавонад то соли 2036, ки он вақт 83-сола хоҳад шуд, дар қудрат бимонад, давраи раҳбарии вай аз Йосиф Сталин, раҳбари Шӯравии пешин низ бештар хоҳад буд.

Владимир Путин қаблан эълон карда буд, ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки оё дар интихоботи соли 2024 номзад шавад ё не, аммо гуфта буд, агар мардум бихоҳанд, вай номзад хоҳад шуд. Бо ин ҳол, мунтақидони ӯ ба ин бовар ҳастанд, ки оқои Путин дар интихоботи президентии оянда ширкат хоҳад кард.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳамапурсии соли гузашта барои ворид кардани тағйирот дар қонуни интихоботи президентӣ, наздик ба 80 дарсади ширкаткунандагон аз он пуштибонӣ карданд. Аммо як ниҳоди ғайридавлатии нозир бар раванди интихобот бо номи "Голос" эълом карда буд, ки наметавонад машруияти ин ҳамапурсиро таъйид кунад.

XS
SM
MD
LG