Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии тоҷик иддао кард, ки дар Тоҷикистон ва дар озодист, аммо барои бозгашт ба Русия санад надорад. ВИДЕО, САДО


Саиднуриддин Розиқов

Саиднуриддин Розиқов, рӯҳонии 60-солаи тоҷик, ки мақомоти Русия шаҳрвандияшро бо иттиҳоми "комил набудани ҳуҷҷатҳо" бекор кардаанд, дар як навор мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон ва дар озодӣ аст. Вале айни замон иддао карда, ки ӯро "шахсони ношинос дар Русия рабуда", ба мақомоти Тоҷикистон супурданд, на ин ки расман ихроҷ карданд.

"Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тафтиш карданд, бегуноҳиям тасдиқ шуд ва ҳоло дар хонаи бародарам зиндагии ором дорам", -- мегӯяд ӯ дар навор.

Бидуни ҳуҷҷат шаб дар як ҷой нигоҳ доштанд ва рӯзи 25-уми март дар ҳавопаймо шинонда, ба Душанбе оварданд.

Мақомоти амниятӣ то ба ҳол дар бораи иттиҳоми ин рӯҳонӣ ва натиҷаи тафтишот чизе нагуфтаанд. Инчунин, маълум нест, навор таҳти чӣ шароит забт шудааст. Ҳарчанд рӯҳонӣ иддао мекунад, ки наворро рӯзи 3-юми апрел дар наздикии хонаи бародараш дар Душанбе сабт карданд.

Қаблан наздиконаш гуфта буданд, ӯ дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ҷараёни мамнӯи "Салафия" гумонбар аст ва мақомот барои озодияш гуё 1 миллион рубл ё 11 ҳазор доллар талаб доранд.

Рӯҳонии тоҷик дар навор бо риши кӯтоҳшуда ва бо оромӣ мегӯяд, иттиҳоми ҳамкории ӯ бо “Салафия” собит нашуд ва ҳоло дар озодӣ аст. Вай, баръакс, дар навор иддао кардааст, ки рӯзи 24-уми март дар Русия аз тарафи шахсони номаълум боздошту рабуда шуд ва сипас ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Эшони Саиднуриддин гуфт, дар Тоҷикистон "гуноҳ"-ашро наёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
Линки мустақим

Мақомоти Тоҷикистону Русия дар ин замина ҳеч изҳороте надодаанд, вале як сол пеш мақомоти Русия масҷидеро, ки Эшони Саиднуриддин дар онҷо имом буд, бастаанд.

"Бидуни ҳуҷҷат шаб дар як ҷой нигоҳ доштанд ва рӯзи 25-уми март дар ҳавопаймо шинонда, ба Душанбе оварданд. Дар инҷо тафтиш карданд, бегуноҳиям тасдиқ шуд", -- гуфтааст ӯ дар навор. Вай афзудааст, ҳоло мехоҳад, ба назди хонаводааш ба Русия баргардад, аммо санаде надорад.

Наздиконаш мегӯянд, эҳтимол ӯ ҳамчун зодаи Тоҷикистон аввал шиносномаи ин кишварро гирифта, сипас, ба Русия баргардад. "Зеро дар Додгоҳи ноҳияи Режи вилояти Свердлов барои барқарор кардани шаҳрвандӣ ва шиносномаи русияш баҳс идома дорад", -- гуфт яке аз фарзандонаш рӯзи 6-уми апрел.

Саиднуриддин Розиқов зодаи ноҳияи Нуробод, Комсомолободи собиқ, буда, аз соли 1998 ба ин тараф бо фарзандону наберагонаш дар Русия кору зиндагӣ мекард. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ дар як масҷид имоматӣ мекард, вале манбаи даромадаш аз тиҷорати либос буд.

Худи ӯ мегӯяд, аз охири солҳои 90-ум шаҳрванди Русия аст, вале моҳи феврали соли 2020 додгоҳе дар Екатеринбург бо далели он ки барои гирифтани шиносномаи русӣ маълумоти беасос пешниҳод кардааст, ӯро аз ин ҳақ маҳрум намуд.

Наворро дар инҷо бинед:

Рӯҳонии ихроҷшудаи тоҷик мехоҳад ба назди оилааш ба Русия баргардад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Дар ду ҳафтаи охир Саиднуриддин Розиқов чеҳраи дувуми шинохта дар миёни муҳоҷирон аст, ки пас аз лағви шаҳрвандӣ аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ мешаванд.

Рӯзи 25-уми март Иззат Амон, ҳомии шинохта дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия, пас аз бекор шудани шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Мақомоти Русия ӯро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” ва мақомоти Тоҷикистон ба "қаллобӣ" муттаҳам карданд.

Лағв шудани шаҳрвандии фаъолони тоҷик дар Русия ва ихроҷи онҳо ба Тоҷикистон мавҷи вокунишҳоро дар миёни муҳоҷирон ба бор овардааст. Баъзе аз сокинон ин санадро муҳим надонистаанд, вале баъзе аз муҳоҷирон онро барои халосӣ аз патенту таъқиби маъмурони пулис ва дарёфти баъзе имтиёзҳо муҳим шумурдаанд.

Дар соли 2020 беш аз 656 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шиносномаи русиро ба даст овардаанд. Аз ин миён 63 ҳазор тоҷикон будаанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG