Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон қонун дар бораи "ба хориҷиҳо нафурӯхтани замин" қабул шуд


Палатаи болоии порлумони Қазоқистон рӯзи 7-уми апрел қонунеро қабул кард, ки фурӯхтан ва ё ба иҷора додани заминҳои кишоварзии ин кишварро ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бе шаҳрвандӣ ва ширкатҳои хориҷӣ манъ мекунад.

Сафархон Умаров, вазири кишоварзии Қазоқистон, дар ҳузури вакилон гуфт, шартномаҳои иҷораи заминҳои кишт, ки то ин замон бо хориҷиҳо баста шуда буданд, ба маҳзи ба поён расидани муҳлаташон дароз карда намешаванд.

Ба иттилои вазир, айни замон наздик ба 100 ҳазор га заминҳои кишоварзии Қазоқистон аз сӯйи ширкатҳои хориҷӣ истифода мешаванд. Вазир гуфт, муҳлати истифодаи ин заминҳо соли 2025 ба поён мерасад. Баъдан заминҳо ба ихтиёри давлати Қазоқистон баргардонида мешаванд.

Сокинони чанд вилояти Қазоқистон дар соли 2016 зидди ба хориҷҳои додани заминҳои он кишвар эътироз карда буданд.

XS
SM
MD
LG