Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хабарнигори узбекистониро ҷустуҷӯ мекунанд


Ду корманди хабаргузории Effect.uz дар Узбекистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 6-уми апрел изҳорот нашр кард.

Effect.uz моҳи январи имсол навореро нашр кард, ки хабарнигорони сомона ба ҳуҷраи кории раиси Додгоҳи ноҳияи Термиз ворид мешаванд. Хабарнигорон аз раиси Додгоҳ иштирок дар ҷаласаи додгоҳӣ ва сабти ҷараёни ҷаласаро талаб карданд.

Шӯрои олии додгоҳӣ аз Додситонии кулли Узбекистон дархости санҷиши наворро кардааст.

"Дар пайи санҷиш парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст", - хабар медиҳад додситонӣ.

Хабарнигорони сомона ба бозпурсӣ даъват шуда, аммо ҳозир нашудаанд.

Нисбат ба онҳо бар асоси моддаҳои "монеи фаъолияти намояндаи давлат шудан" ва "дахолат ба ҷараёни таҳқиқ" парванда боз шудааст. Додгоҳ онҳоро ғоибона ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG