Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, "ҳамла" ба киштии Сипоҳи посдоронро дар Баҳри Сурх таҳқиқ мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 6-уми апрел бар асари таркиш дар Баҳри Сурх як киштии мутааллиқ ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон осеб дидааст.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон 7-уми апрел ва пас аз як рӯзи хомӯшӣ "ҳамла" ба киштии "Савиз"-ро тасдиқ кард ва гуфт, ҳодиса "таҳқиқ мешавад". Вай афзуд, талафоти ҷонӣ нест.

Ин ҳодиса дар пайи ҳамлаҳо ба киштиҳои боркаши Исроилу Эрон дар охири моҳи феврали имсол рух додааст. Дар он ҳодиса ду душмани ашаддӣ якдигарро масъул донистанд.

Нашрияи "Ню-Йорк Таймс" бо ишора ба саҳифаҳои марбут ба Сипоҳи посдорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ҳамлаи охирро гуё Исроил анҷом додааст. Нашрия мегӯяд, Исроил ин маълумотро тасдиқ накард, вале аз қавли як мақоми амрикоӣ навишт, Тел-Авив Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи нақши худ огоҳ карда буд.

Ҳодиса бо оғози гуфтушунидҳои мушкил дар мавриди созиши ҳастаии соли 2015 дар Вена ва бо иштироки Амрикову Эрон ва кишварҳои дигар рост омад. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, шадидан мухолифи ин созиш аст.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико гуфт, "дар бораи ҳодисаи марбут ба Савиз дар Баҳри Сурх аз гузориши расонаҳо огоҳ шуданд" ва илова кард, "тасдиқ мекунем, ки ҳеч як нерӯи Амрико дар ин ҳодиса ширкат надоштанд".

XS
SM
MD
LG