Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон Маҳмадбеков дар қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус медали нуқра гирифт


Сомон Маҳмадбеков.

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард.

Сомони 22-сола дар рӯзи дувуми мусобиқа – 7-уми апрел - баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Аҳмад Аяш аз Яман ва Муҳаммад Муҳаммадӣ аз Эрон ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ Жансай Смагулови қазоқро шикаст дод. Паҳлавони тоҷик дар финал бо гуштигири номдор аз Кореяи Ҷанубӣ Чангрим Ан, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва ғолиби Doha Masters 2021, рақобат кард.

Қувваозмоӣ 4 дақиқа идома кард ва бо пирӯзии варзишгари 27-солаи кореягӣ бо баҳогузории “ваза-ари” ба анҷом расид. Ан бо медали тилло ва Маҳмадбеков бо медали нуқра мукофотонида шуданд. Виктор Сквортов (Имороти Муттаҳидаи Араб) ва Дага Қинг (Чин) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа дар Бишкек боз ду паҳлавони тоҷик – Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров – дар вазни то 81 кило ба рақобат пардохтанд. Акмал, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Халил Рибоҳӣ аз Қатар ғолиб омад. Вале дар даври баъдӣ аз Сайид Муллоӣ (Муғулистон) шикаст хӯрд. Акмал дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Сингоҳ Ли аз Кореяи Ҷанубӣ бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Ҳақназар Назаров низ ба сабқат аз даври дувум оғоз намуд, вале аз Мун Ҷин Ли аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохиланд. Рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - мардон дар вазнҳои то 60 ва то 66 кило рақобат карданд. Аммо дар ин вазнҳо Тоҷикистон намоянда надошт.

Занон дар вазнҳои то 48, то 52 ва то 57 кило ба рақобат пардохтанд. Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило дар даври аввал бар намояндаи Чин - Ка Ки Вонг пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври дувум аз рақибаш Лин Чен Ҳао аз Тайбэйи Чин мағлуб гашт.

Шукрона дар даври тасаллобахш Ойсулу Мусоқуловаро аз Қирғизистон шикаст дод. Баъдан барои ҷойи севум аз Гулнур Муродбоева аз Узбекистон мағлуб шуд ва аз медали биринҷӣ бенасиб монд ва дар натиҷа мақоми панҷумро азони худ кард.

Ду бонуи дигари тоҷик - Аҳлия Муъминова ва Фазилат Гулбоева - ноком шуданд. Аҳлия дар вазни то 52 кило дар даври аввал аз намояндаи Туркманистон Гулбодом Бобомуродова мағлуб шуда, аз идомаи сабқат маҳрум гашт. Фазилат низ дар вазни то 52 кило дар даври нахуст аз Тинка Истони австриягӣ шикаст хӯрд ва ҳунарнамоияш дар ин мусобиқа хотима ёфт.

Панҷ варзишгари дигари тоҷик дар сабқати мардон рӯзи 8-уми апрел қувваозмоӣ хоҳанд кард. Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал бо Шодлик Тураев аз Туркманистон; Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило дар даври аввал бо Давлат Бобонов аз Узбекистон; Мансур Раҳмон дар вазни то 100 кило дар даври аввал бо Кайҳон Озчичека-Такагӣ аз Австралия; Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Карам Бир аз Ҳиндустон ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Алишер Юсупов аз Узбекистон рақобат хоҳанд кард.

Варзишгарон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус, ки дар Бишкек то 9-уми апрел идома меёбад, 195 варзишгар (112 мард ва 83 зан) аз 29 кишвар барои 15 маҷмуи медалҳо талош мекунад.

Барномаи мусобиқа

8-уми апрел (панҷшанбе)

Мардон: то 90 кг, то 100 кг, +100 кг
Занон: то 78 кг, +78 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

17:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

9-уми апрел (ҷумъа)

Мусобиқаи дастаӣ

Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

16:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

Эзоҳ: оғози рақобатҳо - бо вақти Бишкек.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG