Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Ҳукуматҳо дар Аврупо ва Осиёи Миёна пандемияро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон истифода мебурданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Cозмони Афви Байналмилал мегӯяд, ҳукуматҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ пандемияи фарогири CОVID-19-ро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон истифода мебурданд.

Дар гузориши ин созмон, қароргоҳаш дар Лондон, ки рӯзи 7-уми апрел ба нашр расид, омадааст, баъзе аз чораҳо барои мубориза бо бемории КОВИД-19, боиси бадрафторӣ нисбат ба мардум шудааст. Ба гуфтаи ин созмон, шуморе аз кишварҳо аз ин буҳрон барои маҳдуд кардани озодиҳо истифода карданд ва ӯҳдадориҳои худро дар ростои ҳуқуқи башар нодида гирифтанд.

Тибқи ин гузориш, наздик ба нисфи кишварҳои минтақа дар робита ба КОВИД-19 ҳолати фавқулодда эълон карда, ҳукуматҳо озодии баён, рафтуомад ва баргузории ҷамъомадҳои осоиштаро маҳдуд карданд.

Гузориш мегӯяд, ки аз ҷумла муҳоҷирон ва паноҳандагон дар Булғористон, Қибрис, Фаронса, Юнон, Маҷористон, Русия, Сербистон ва Словакия бинобар ҷорӣ кардани кардани карантин, мавриди табъиз қарор гирифтанд.

Тибқи ин гузориш, нерӯҳои интизомӣ дар Белгия, Фаронса, Гурҷистон, Юнон, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Руминия ва Испания ба таври ғайриқонунӣ дар нисбати мардум аз неру истифода кардаанд.

XS
SM
MD
LG