Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони Душанбе ваксинаи зидди коронавирус мегиранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пас аз ду ҳафтаи оғози ваксинзанӣ дар Тоҷикистон, ки аз кормандони соҳаи тандурустӣ шуруъ шуд, рӯзи 7-уми апрел баъзе аз омӯзгорони мактабҳои Душанберо низ ба зидди коронавирус эм кардаанд.

Асомуддин Бобозода, масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи аввал ба маъракаи ваксинзанӣ интихобӣ омӯзгорони мактабҳои чаҳор ноҳияи пойтахт ҷалб шуданд.

Мудирони чанде аз мактабҳои Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои ваксинзанӣ ризояти омӯзгоронро гирифта, рӯйхатро ба раёсатҳои маориф мефиристанд.

Намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфтанд, эмкунӣ ихтиёрист ва омӯзгоронро барои ваксина гирифтан маҷбур накардаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 7-уми апрел сомонаи “Азия-Плюс” аз қавли баъзе аз муаллимони мактабҳои пойтахт навишт, новобаста аз хоҳишашон гуфтаанд, бояд ваксина гиранд.

Наргис Юлдошева, мудири мактаби рақами 28-и шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз омӯзгорон бо далели вазъи саломатияшон аз эмкунӣ худдорӣ варзидаанд. “Баъзе аз омӯзгорон аз сӯзанзанӣ ҳассосият (алергия) доранд, бархеи дигар бемории қалб доранд, ки бо тавсияи табибон ваксина назаданд”, -- афзуд ӯ.

Мудири мактаби рақами 28-и Душанбе таъкид намуд, ки дар умум аз 102 омӯзгори ин мактаб, дар рӯзи аввал 50 нафар ваксина гирифтаанд.

Тоҷикистон то кунун 190 ҳазор воя ё доза ваксинаи "Астразенека" гирифтааст. Маросими эмкунӣ ба зидди коронавируси нав дар кишвар рӯзи 23-юми март оғоз шуд, аммо бархурд бо татбиқи ваксинаи "Астразенека" яксон нест. Мақомоти Тоҷикистон онро санҷидашуда ва барои ҳифзи саломатӣ муҳим медонанд, баъзе аз сокинон мегӯянд, ҳанӯз барои гирифтани ин ваксина дудила ҳастанд.

Ба иттилои расмӣ, коронавируси нав дар Тоҷикистон то кунун ба бештар аз 13 ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст. Коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG