Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби аспиранту магистрантҳо ба артиш. Чаро довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо кам шуд?


Маъракаи сафарбарии ҷавонон ба артиш. Акс аз соли 2019

Теъдоди довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст.

Маркази миллии тестӣ хабар дод, ки дар муддати бештар аз як моҳ ҳудуди 65 ҳазор хатмкунанда худро дар марказ сатбином кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 6 дарсад камтар аст.

Кӣ чӣ имтиёз дорад?

Давраи сабти номи довталабон ва омодагии онҳо ба имтиҳонҳои дохилшавии Маркази миллии тестӣ ба замоне рост омадааст, ки даъвати баҳорӣ ба артиши Тоҷикистон бар асоси қонуни нав "Дар бораи хидмати ҳарбӣ" оғоз шуд ва аксари онҳое, ки дар зинаҳои аспирантураву магистратураи мактабҳои олӣ таҳсил мекарданд, ба хизмати аскарӣ ҷалб шуданд. Таҳлилгарон мегӯянд, эҳтимолан ҳамин ислоҳи қонуни хизмати ҳарбӣ як сабаби аслӣ бошад, ки тибқи як банди он, дигар донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ мехонанд, аз хизмати аскарӣ озод нахоҳанд буд.

Чанде аз хатмкунандаҳои мактабҳои миёна гуфтанд, ҳайрон мондаанд, дар марҳилаи бақайдгирӣ дар маркази тестӣ худро сабтином кунанд, ё не. Чун ба гуфтаи онҳо, баъд аз чаҳор ё панҷ соли таҳсил маҷбуранд боз як соли дигар дар артиш хизмат кунанд.

Бар асоси қонуни нави хизмат дар артиш:

  • Ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
  • Магистрантҳо ва аспирантҳо, ба фарқ аз солҳои қаблӣ, "имтиёз" надоранд. Мувофиқи қонуни пешина, онҳо ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмати сарбозиро ҳангоми таҳсил доштанд. Мақомот мегӯянд, бар асоси тарҳи нав танҳо ҷавононе, ки дар риштаи докторантура таҳсил мекунанд, аз хизмат озод ҳастанд.
  • Минбаъд танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, Оҷонсии мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ кардаанд.

Вақте гуфтанд, ки қонун тағйир ёфтааст...

Писари Шарифамоҳ Исматова, сокини шаҳри Душанбе имсол хатмкунанда аст ва ӯ як сол боз барои шомил шудан ба донишгоҳ омодагӣ мегирифт, аммо бо гузашти бештар аз як моҳ аз оғози марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон, ӯ ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, писараш хоҳиши таҳсил дар факултети иқтисодии Донишгоҳи миллиро дошт ва ҳамзамон медонист, ки ин донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ дорад ва метавонад пас аз таҳсил аз хизмат дар артиш озод бошад.

“Вақте гуфтанд, ки қонун тағйир ёфтасту агар кафедраи ҳарбӣ ҳам хонда бошӣ боз як сол рафта хизмат мекунӣ, писарам барои дохил шудан ба донишгоҳ дудила шуд. Ҳоло бо вуҷуди хатми донишгоҳ бачаҳо ҷойи кори хуб намеёбанд, боз агар як соли дигар онҳоро ба хизмат ҷалб кунанд, чӣ мешавад? Мо дар фикр мондем, дигар чӣ кор кунем?”,- -гуфт ин модар.

Донишгоҳ ба хотири фирор аз артиш?

Дар гузашта низ ба хотири гурез аз хизмати ҳарбӣ, ҷавонон бештар ба донишгоҳҳое шомил мешуданд, ки дар онҳо кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд. Зеро як бартарии таҳсил дар кафедраи "тайёрии ҳарбӣ ё низомӣ" он буд, ки донишҷӯ пас аз хатми донишгоҳ соҳиби рутбаи низомӣ мешавад ва то ҷое аз хизмат дар артиш озод буд.

Шодиниё Абдулвосит, ёвари мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то санаи 6-уми апрели имсол довталабон аз ҳисоби хонандаҳое, ки синфи 11-ро хатм мекунанд, ҳудуди 65 ҳазор нафар худро сабтином кардаанд ва ин рақам дар соли гузашта ба 69 ҳазор нафар баробар буд. Бино ба иттилои Маркази миллии тестӣ, марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон аз 1-уми март оғоз шуда, 15 апрел ба охир мерасад ва ин сана метавонад боз тамдид шавад.

Ӯ гуфт, “ҳоло сабабаш дақиқ нест, ки чаро шумори довталабон камтар аст. Шояд онҳо марҳилаи ниҳоиро интизор ҳастанд. Баъдан теъдоди довталабон аз шумораи хатмкунандаҳо дар мактабҳо ҳам бастагӣ дорад”.

Ба гуфтаи ӯ, имсол нақшаи қабули довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) бештар аз 86 ҳазор будааст.

Чор ҳазор довталаб кам шудааст. Чаро?

Маркази миллии тестӣ ҳафт соли пеш дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва тибқи иттиллои расмӣ ҳамасола теъдоди довталабон ба донишгоҳҳо аз тариқи ин марказ бештар мешавад. Масъулини ин марказ гуфтанд, ҳарчанд ҳоло як ҳафтаи дигар то анҷоми сабтином боқӣ мондааст, вале солҳои гузашта якбора чаҳор ҳазор кам шудани довталабон мушоҳида нашуда буд.

Шодиниё Абдулвосит гуфт, “агар соли 2020 нисбат ба соли 2019‑ро бигӯем, дар воқеъ теъдоди довталабон зиёд шуда буд, вале соли 2019 нисбат ба соли 2018 як миқдор довталаб кам шуд. Дар муқоиса ба се соли аввали таъсиси марказ шумораи довталабон фарқияти калон дорад".

Ҳарчанд ин ҳамсуҳбати мо коҳиши довталабонро ба Маркази тестӣ марбут ба ислоҳи қонуни нав намедонад, вале мегӯяд, довталабон дар баробари дигар суолҳо аз онҳо амал кардани кафедраҳои ҳарбӣ дар донишгоҳҳоро пурсон мешуданд.

"Бояд ба Русия равам"

Дилшод Миралиев, хатмкунандаи яке аз мактабҳо дар вилояти Хатлон аст ва мегӯяд, бародараш соли дуюми хизмати ҳарбиро адо мекунад. Хонаводаи онҳо аз ҳисоби муҳоҷират зиндагии худро пеш мебаранд ва орзу доштанд, ки ӯ дар донишгоҳ таҳсил кунад. Ислоҳи қонуни хизмати ҳарбӣ, ки ба ҷавонон имкон медиҳад, баъди таҳсил ба артиш ҷалб шаванд, ӯро аз фикри дохил шудан ба донишгоҳ боз доштааст.

“Падарам гуфтанд, ки беҳтар аст, ба Русия раваму кор кунам, чун бародарам, ки донишгоҳ нахондааст, пас аз адои хизмат ба хона бармегардад ва ҷои кор надорад. Барои ин бояд як нафар кор кунад, ки зиндагиро пеш барад, чун падарам дигар наметавонад ба муҳоҷират равад, зеро бемор аст”,--гуфт ӯ.

Дилшод мегӯяд, агар ҳар вақте имкони молии хонавода беҳтар шуд, баъдан дар фикри таҳсил хоҳад шуд. Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 2 ҳазор то 18 ҳазор сомонӣ ё муодили аз 200 то 2000 доллар дар як солро ташкил медиҳад. Дар 40 мактаби олӣ ва касбии Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил доранд, ки ҳудуди 75 дарсад дар гуруҳҳои шартномавӣ ҳастанд.

Дар Тоҷикистон танҳо дар панҷ донишгоҳ ба хусус донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, техникӣ, аграрӣ ва тарбияи ҷисмонӣ кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд. Дар он донишгоҳҳое, ки кафедраҳои ҳарбӣ мавҷуд нест, писарон пас аз хатми донишгоҳ мувофиқи қонун бояд як соли хизмати сарбозиро ба ҷо оранд.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар аз як тараф бештар шудани теъдоди аскарони таҳсилкарда дар артиш ба рушди фарҳанги муошират, эҳтироми якдигар ва аз байн рафтани меҳтарсолорӣ роҳ боз карда, ҳамчунин обрӯи артишро дар чашми онҳое, ки аз хидмати сарбозӣ фирор мекунанд, боло мебарад, аммо аз суи дигар боз ҳам “истисно” будани фарзандони мансабдорон, ҳангоми даъвати сарбозӣ ба хизмат аз мавзуҳои пурбаҳсу доғ боқӣ мемонад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG