Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз вазир то президент ваъда доданд. Чаҳор сол "интизорӣ"-и занону кӯдакони тоҷик дар Сурия


Паноҳгоҳе дар Сурия
Паноҳгоҳе дар Сурия

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9-уми апрел дар мулоқот бо сокинони Исфара гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷике, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, ба ватан баргардонда хоҳанд шуд. Сомонаи амрикоии "Фронтлайн" Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишваре ҷой додааст, ки теъдоди шаҳрвандонаш дар паноҳгоҳҳои Сурия зиёданд, вале ин кишвар талоши амалие барои баргардондани онҳо накардааст.

Аз охири соли гузашта писарони аз 12-сола болоро аз мо ҷудо мекарданд. Писари маро ҳам бурда буданд. Онҳоро машқ медиҳанд.

Дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 89 кӯдакро аз Ироқ овраданд ва талош доранд, занону кӯдаконро аз Сурия баргардонанд.

"Кӯдакон ба тамрин ҷалб мешаванд"

Аксар занони тоҷик дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" қарор доранд. Ин паноҳгоҳ зери назорати низомиёни курд аст ва онҳо мегӯянд, дар миёни наздик ба 70 ҳазор паноҳанда аъзои ДОИШ фаъол шудаанд.

Рӯзи 7-уми апрел хабаргузории русии "Интерфакс" бо такя ба мақомоти курд хабар дод, ки беш аз 150 ҷангҷӯйи гуруҳи тундрави ДОИШ-ро дар ин паноҳгоҳ дастгир кардаанд. Дар паноҳгоҳе, ки зиёда аз 400 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Занони тоҷики муқими Ал-Ҳавл мегӯянд, дар пасманзари ҷустуҷӯйи ҷангҷӯёни ДОИШ вазъи зиндагии онҳо бадтар шудааст. Онҳо мегӯянд, низомиёни курд писарони аз 12-сола болоро ба тамрини ҳарбӣ ҷалб кардаанд ва аз ин эҳсоси хатар доранд.

Зани тоҷике, ки худро Оиша меномад, аз паноҳгоҳи Ал-Ҳавл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз охири соли гузашта писарони аз 12-сола болоро аз мо ҷудо мекарданд. Писари маро ҳам бурда буданд. Бо зораву тавалло як дафъа писарамро дидам. Гуфт, ки моро машқ медиҳанд."

Кӯдакон дар паноҳгоҳе дар Сурия
Кӯдакон дар паноҳгоҳе дар Сурия

Лайло Муҳаммадова, як шаҳрванди Русия, дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, писари ӯро низ ба тамрин ҷалб кардаанд. Занони тоҷик, ки дар ин паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд, мегӯянд, чаҳор сол боз дар интизори бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд, аммо мақомот ба ҷуз ваъда кори дигаре анҷом намедиҳанд. Онҳо мегӯянд, тарс аз он доранд, ки ҳарбиёни курд фарзандон ё худи онҳоро бо ҳадафҳои низомӣ истифода набаранд.

Тоҷикистон дар қатори даҳ кишваре, ки...

Нерӯҳои курд, ки қисмате аз Сурияро дар марз бо Ироқ зери назорат доранд, яке аз нерӯҳои аслӣ дар муқобили ДОИШ буданд. Онҳо ҳамзамон бо давлати Туркия ва ҳукумати Башор Асад, ки аксар хоки Сурия зери назораташ ҳаст, мушкил доранд.

Бештари кишварҳои ҷаҳон шаҳрвандонашонро аз паноҳгоҳҳои зери назари курдҳо берун карданд, вале "Фронтлайн", як сомонаи амрикоӣ, Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишваре ҷой додааст, ки теъдоди шаҳрвандонаш дар Сурия зиёданд, вале барои берун кардани онҳо талоши ҷиддие анҷом нашудааст.

Ин сомона навиштааст, дар паноҳгоҳҳои Сурия аз ҳама бештар шаҳрвандони Туркия, Тунис, Русия, Арабистони Саудӣ, Урдун, Узбекистон, Фаронса, Олмон, Қазоқистон ва Тоҷикистон мондаанд.

Узбекистон гуруҳе аз шаҳрвандонашро аз Сурия баргардонд. Моҳи декабри соли 2020
Узбекистон гуруҳе аз шаҳрвандонашро аз Сурия баргардонд. Моҳи декабри соли 2020

Аз ҷумла, ба навиштаи сомона, аз Узбекистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, аз якуним то дуним ҳазор нафар ва аз Қазоқистоназ 1136-1236 нафар ба ДОИШ пайвастаанд ва ҳоло теъдоди зиёди кӯдакону ҳамсаронашон дар паноҳгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳарчанд ин ду кишвари Осиёи Марказӣ теъдоде аз шаҳрвандони худро баргардондаанд, ба навиштаи "Фронтлайн", ҳанӯз шумори зиёди онҳо дар шароти сахт дар паноҳгоҳҳо ҳастанд.

Гевин Ҳелф, коршиноси масоили марбут ба Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи сулҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, гуфтааст, Тоҷикистон дар ибтидо бо ваъдаи афв талош кард, шаҳрвандон бо ихтиёри худ баргарданд ва ҳадди ақал то соли 2019 ҳудуди сад нафар ин пешниҳодро пазируфтаанд. Аммо, ба қавли ӯ, бо вуҷуди ваъдаи батакрор Тоҷикистон то ҳол касеро аз паноҳгоҳҳо дар Сурия барнагардондааст.

"Вақте президент гуфт, иҷро мешавад"?

Ба масъалаи баргардондани занону кӯдакон аз паноҳгоҳҳо дар Сурия сафорати Тоҷикистон дар Кувайт машғул аст. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, рӯзи 8‑уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳарфе, ки гуё Тоҷикистон баргардондани шаҳрвандонашро намехоҳад, асос надорад."

Ӯ афзуд: "Роҳбари давлат супориш додааст, ки ҳарчи зуд ин масъаларо ҳал кунем. Мо аз аввалин кишварҳое будем, ки ин масъаларо оғоз кардем ва аз Ироқ кӯдаконро овардем. Дар масъалаи занону кӯдакон дар Сурия супориши бевоситаи сарвари давлат аст, ки мо аз паяш ҳастем."

Зубайдулло Зубайдзода
Зубайдулло Зубайдзода

Дипломати тоҷик гуфт, феълан дар ҷустуҷӯйи роҳи муносиб барои баровардани шаҳрвандон ҳастанд, вале ӯ таърихи дақиқи баргардонидани онҳоро нагуфт. Моҳи феврали имсол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, беш аз 200 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияро рӯйхат кардаанд ва онҳо рӯзҳои наздик оварда мешаванд.

Мушкил дар куҷост?

Як мансабдори огоҳ дар ҳукумати Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, барои баргардонидани шаҳрвандон чанд мушкил вуҷуд дорад:

"Дипломатҳои мо бо ҳукумати Башор Асад музокира кардаанд ва мехоҳанд, занону кӯдаконро тариқи Димишқ биоранд. Курдҳо, ки душмани Асад ҳастанд, ба ин розигӣ надодаанд ва мегӯянд, бояд тариқи Ирбили Ироқ баред. Он вақт сарф зиёдтар мешавад. Ирбил ҳам бо ҳукумати худи Ироқ мушкил дорад. Агар шарти курдҳо пазируфта шавад, бояд бо мақомоти Ирбил, ки худро мустақил аз Бағдод мегиранд, вориди музокира шуд ва инро боз бо ҳукумати худи Ироқ мувофиқа кард. Масъалаи дигар пул аст. Ҳукумат мехоҳад, пулро ягон созмони байналмилалӣ диҳад ва то ҳоло ягон созмон инро ба инобат нагирифтааст. Аз тарафи дигар, дар бисёр ниҳодҳои Тоҷикистон ҳам мухолифони идеяи баргардондани занону кӯдакон зиёданд, чун онҳоро занону фарзандони душман медонанд. Президент фармон додааст, рӯйирост мухолифат намекунанд, вале саҳми худро барои бозгашти онҳо намегузоранд."

Мақомоти тоҷик қаблан гуфта буданд, ки наздик ба ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ДОИШ дар Сурияву Ироқ пайвастаанд. Коршиносон мегӯянд, эҳтимол шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз ин бошад. Ҳоло дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зани тоҷик бо кӯдакони ноболиғи худ нигаҳдорӣ мешаванд. Шавҳарони онҳо ё кушта шудаанд, ё зиндонианд ва ё ҳанӯз ҳеч дараке аз онҳо нест.

"Мушкил дар асп аст, на дар роҳ"

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили мазҳабӣ, ки мавзӯи ҷангҷӯёни тоҷикро дар Сурия низ таҳқиқ кардааст, мегӯяд, баргардони занону кӯдакон барои Тоҷикистон муҳим аст.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

"Бештари занон ноогоҳона ба он ҷо рафтаанд. Дар сурати барнагардонидани онҳо эҳтимол фарзандонашон ба ҷангҷӯе табдил ёбанд ва ба Тоҷикистон зиён расонанд. Як гуфтаи адиби доғистонӣ Расул Ҳамзатов аст, ки "Мушкил дар асп нест, балки роҳ ноҳамвор аст", яъне мо натавонистем, пеши роҳи рафтани занону кӯдаконро гирем ва ё бо фароҳам наовардани шароит давлат ба ин мусоидат кардааст. Ҳоло бояд ин хато ислоҳ карда шавад", ‑‑ гуфт ӯ.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ соли 2014 қисмате аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро зери назорат гирифт ва он ҷоро "Хилофати исломӣ" эълон кард. Дар он сол ва чанд соли баъд бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ҷангҷӯёни зиёди тоҷик кушта шуданд ва занону кӯдаконашон онҷо бева ва ятим монданд.

XS
SM
MD
LG