Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде, ки ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакашро ёфтанд. ВИДЕО


Лазиз Ҷӯразода, сокини шаҳри Панҷакентро баъд аз ёфтаниҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакаш дастгир кардаанд. Як манбаи боварбахш дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 14-уми апрел гуфт, Ҷӯразода бар асоси моддаи "ба худкушӣ расондан" гумонбар аст. "Муфаттишони додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд", -- афзуд ӯ. Назари пайвандони Лазиз Ҷӯразода ба ҳодиса маълум нест. Хонаводаи зан низ то кунун чизе нагуфтаанд.

Дар Додситонии шаҳри Панҷакент бо далели халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз пешниҳоди иттилоъ худдорӣ карданд. Мусоҳиби мо дар Раёсати корҳои дохилии Суғд гуфт, боздошти мард 11-уми апрел ва пас аз як рӯзи ёфт шудани ҷасадҳо сурат гирифтааст.

Ҷасади овехтаи Шаҳло Шарифоваи 31-сола ва се кӯдакаш -- Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро рӯзи даҳуми апрел ёфтанд. Ҳодиса дар деҳаи Некноти Панҷакент иттифоқ уфтод ва мардуми зиёдеро ваҳшатзада кард. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаро "худкушӣ" номиданд.

Вокуниши хонандагон

Зери гузоришҳо дар бораи фоҷиа дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм ва Ютуб шарҳи зиёдро гузоштанд ва ҳамроҳ мебинем, ки мардум дар ин бора чӣ мегӯянд.

Ман ин занро маҳкум мекунам, чун заъф нишон дод. Оиларо низ маҳкум мекунам, чун медонам, ки ба арӯс ҷабр мекунанд.

Дар воқеъ, корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ Шаҳло Шариповаро сарзанишу маҳкум кардаанд, ки кӯдакони бегуноҳро кушт ва худкуширо роҳи халосӣ аз мушкилот донист. Аммо теъдоди дигаре аз корбарон гуфтаанд, масъала чунин содда нест ва бояд решаҳои фоҷиаро ҷуст.

Яке аз онҳо дар саҳифаи Радиои Озодӣ навиштааст, бояд то таҳи ин масъаларо ҷустуҷӯ кард ва ҳақиқатро ёфт. Шарҳаш чунин аст: "Ҳайфи одамӣ, ҳайфи кӯдакони аз дунё бехабар. Дилам сад пора шуд. Агар шабе шиками тифламон дард кунад, ё гиря кунад, баробари кӯдак то саҳар намехобем ва ҳамроҳаш мегирйем. Вақте кӯдаконашро ба дор мекашид, тассавур карда наметавонам, ки чӣ қадар нолида, ҷон дода бошанд. Фикр мекунам, ягон зан-модар, то ин дараҷа бераҳм нест, инҷо чӣ муаммои дигаре ҳаст."

Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:

Баҳси корбарон: Чаро модар худу кӯдаконашро кушт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Корбарони зиёди дигар ҳам дар Фейсбук навиштаанд, ҳеч инсоне, бахсусус модар, қодир ба куштани ҷигарбандони худ нест ва шояд мушкили равоние дошт, ки тифлонашро ба дор овехт. Шарҳи корбаре бо номи Людмила Федотоваро аз саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук мехонем, ки бо забони русӣ гузоштааст: "Чаро ин корро кард? Шояд ҷони ӯро ба лабаш овардаанд, ё шояд комилан аз ақл бегона шуда буд. Бовар карда наметавонам, ин корро як нафар ва он ҳам зан карда бошад. Бояд ин масъала ҷиддӣ таҳқиқ шавад."

Корбари дигаре ҳам дар Фейсбук хостааст, ки мақомот заминаву сабабҳои эҳтимолии худкушии модари ҷавон ва бо худ бурдани фарзандонашро таҳқиқ кунанд, то дигар чунин фоҷиаҳо дар Тоҷикистон такрор нашаванд.

Шарҳи ин корбар, ки худро Барно Одинаева муаррифӣ кардааст, чунин аст: "Ин як рафтори ғайриинсонӣ аст, ҳатто ҳайвон фарзандашро намекушад. Ба падари кӯдакон сабр мехоҳам. Ман ин занро маҳкум мекунам, чун заъф нишон дод. Оиларо низ маҳкум мекунам, чун медонам, ки хушдоману хусур ва хоҳарону бародарони шавҳар чӣ гуна ба арӯс ҷабр мекунанд. Ин зан аз зиндагии хуб худрову оилаашро ба дор наовехтааст."

Корбари дигаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар саҳифаи Радиои Озодӣ навиштааст, Шаҳло Шариповаи 31-сола аз деҳаи Некноти Панҷакент, агар мушкили равоние намедошт, ҳеч осебе ба худу ба ҷигарбандонаш намерасонд. Ӯ мегӯяд, "инҷо ҳатман бемории рӯҳӣ аст, ки дар қишлоқҳо касе аҳамият намедиҳад. Бовар дорам, ин зани бечора ягон бор ба табибон муроҷиат накардааст."

Барномаро дар Ютуб бинед:


Гуруҳи дигаре аз корбарон ҳодисаҳои шабеҳ ва худкушиҳои чанд модари дигар бо фарзандонашонро дар Тоҷикистон ба ёд оварда, гуфтаанд, ки бояд мардум барои ҳалли мушкилоти равонии худ ба равоншиносон муроҷиат кунанд.

Шарҳи корбареро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки худро Шамс Аминов муаррифӣ кардааст: "Чӣ беморие дар ҷомеаи мо пайдо шудааст. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо таҳқиқи равоншиносӣ лозим аст. Аз чӣ сабаб бошад, ки торафт худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ зиёд шудааст."

Агар Шумо ҳам назаре доред, дар вебсайти мо бинависед, садо, ё видеоятонро сабт кунеду бифиристед. Телеграм, Вотсап, Вайбер ва Имо дорем.

XS
SM
MD
LG