Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари президент: "Раҳмон Набиев ба машварати ҳеҷ кас гӯш намекард". ВИДЕО, САДО


Дар аксҳо: Мунаввара Набиева ва Раҳмон Набиев

Раҳмон Набиев, аввалин президенти аз ҷониби мардум интихобшудаи Тоҷикистон, рӯзи 11-уми апрели соли 1993 дар хонааш вафот кард. Даргузашти ӯро мармуз ва суолбарангез меноманд. Духтараш, Мунаввара Набиева, мегӯяд, ҳеч яке аз аҳли оилаи онҳо ба шарҳи расмии марги ӯ бовар надоранд ва Раҳмон Набиев ҳаргиз бемории дил надошт.

Мунаввара Набиеваи 61-сола, нафақахӯр, номзади илмҳои иқтисодӣ, ки солҳои зиёд дар сохторҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ лаҳзаҳои зиндагии президенти пешини Тоҷикистонро ба ёд меорад.

Ӯ, ки дар давраи раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоб шудани падараш 31-сола буд, бар ин аст, ки падараш ба машварати дигарон гӯш намедод, дар ҳоле ки ҳамкорони наздики Раҳмон Набиев мегуфтанд, ноомодагияш ба давраи пасогорбачёвӣ маҷбураш мекард, бо маслиҳати дигарон амал кунад ва ҳатто дар як давра таҳти таъсири муҳофизи асосии худ монда буд.

Дар ин мусоҳиба аз одамоне ёд мешавад, ки дар ҳаёти Набиев нақш бозидаанд. Радиои Озодӣ омодааст, назари онҳоро, агар ба ин гуфтаҳо мухолифанд, мунташир кунад.

"Падарам мегуфтанд, ки душман надоранд"

Радиои Озодӣ: Падари худ, нахустин президенти мунтахаби Тоҷикистонро чӣ гуна дар хотир доред?

Камбуд ва айни замон ҷиҳати хубашон ин буд, ки ба ҳар кас эътимод мекарданд. Ба ин бовар буданд, ки душмане надоранд.
Мунаввара Набиева

Мунаввара Набиева: Қабл аз ҳама инсони нексиришт буданд, ки ҳаргиз фарзандонро сарзаниш намекарданд. Боре нашудааст, ки ба фарзандон бо садои баланду дурушт ҳарф зада бошанд. Ба фарзандону набераҳо "Шумо" гуфта муроҷиат мекарданд. Ҳаргиз фармон намедоданд ва хоҳиши худро шӯхиомез изҳор медоштанд. Ба ин далел, фазои хонаи мо ҳамеша пурнишот буд.

Радиои Озодӣ: Раҳмон Набиев ҳамеша дар вазифаҳои раҳбарӣ кор кардааст. Раиси Шӯрои вазирон ва котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ва сипас раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд. Оё пас аз анҷоми рӯзи корӣ барои сӯҳбат бо фарзандон фурсат меёфт?

Мунаввара Набиева: Албатта, барои фарзандон бисёр корҳоеро анҷом медоданд. Ҳатто, замоне ки раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буданд, вақт меёфтанд, ба маҷлисҳои синфии фарзандон ба мактаб раванд. Дар хонавода масъули таҳсили мо буданд ва ҳар шом сари дастархон ҳар яке аз фарзандон дар бораи мактабу хонишамон нақл мекардем. Худи падарам шӯхиомез қиссаҳое мекарданд ва бештари вақти баъд аз кориро бо мо мегузаронданд.

Радиои Озодӣ: Оё ҳоло метавонед аз хислатҳое ёдовар шавед, ки аз назари Шумо, заъф (сустӣ) ё камбудии падар буд? Шояд омилҳое буданд, ки ба раванди зиндагии ӯ, бахусус, дар поёни умр таъсир дошта бошанд?

Нимпайкараи Раҳмон Набиев
Нимпайкараи Раҳмон Набиев

Мунаввара Набиева: Камбуд ва айни замон ҷиҳати хубашон ин буд, ки ба ҳар кас эътимод мекарданд. Ба ин бовар буданд, ки душмане надоранд. Шояд душмане доштанд, вале ба ҳама яксон ҳамчун бо дӯст муносибат мекарданд. Баъзе заифии сиёсати кадриашонро дар солҳои охири ҳаёт ҳамчун камбуди он кас зикр мекунанд. Вале худи он кас ба ҳама ба унвони шахси баландихтисос ва боинсоф муносибат мекарданд. Шояд, чунин хислати инсонӣ аҳёнан дида мешавад, вале падарам маҳз чунин шахс буданд.

Радиои Озодӣ: Агар вақтро ба қафо багардонем, ҳамчун духтар ба падари худ чӣ мегуфтед?

Мунаввара Набиева: Шояд чизе намегуфтам. Зеро дар зиндагӣ ҳама тасмимҳоро худашон мегирифтанд ва ба машварати ҳамкорони калонсолашон ҳам гӯш намедоданд. Хуб дар хотир дорам, ки боре Ҷаббор Расулов (котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон) дар ҳавлӣ дар бораи шахсияти як номзад ба вазифае суҳбат мекарданд. Ҳарчанд, ҳама ба дурустии назари Ҷаббор Расулов бовар мекарданд, падарам дар дурустии мавқеи худ устувор буданд. Шояд ҳам қарори падарам дуруст набуд, вале мехостанд бо роҳи худ раванд. Ба ин далел, ба падарам шояд мегуфтам, ки "падар, зиндагиатонро ҳамин тавр идома диҳед", фақат ҳамин, ки умри дарозтар орзу мекардам.

Хотираҳои духтари аввалин президенти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Падар дар бораи кӯдакиву ҷавонии худ қиссае мекард? Дар хотиратон чӣ монда дар ин бора?

Лаҳзае аз суҳбат бо Мунаввара Набиева
Лаҳзае аз суҳбат бо Мунаввара Набиева

Мунаввара Набиева: Он кас дар панҷсолагӣ бе падар мемонанд. Бобои ман аз авлоди саршинос буда, ӯро дар солҳои истибдоди сталинӣ бадарға кардаанд. Мисли бештариҳо дар он солҳо падарам зиндагии нимгурусна доштанд. Модарашон маҷбур мешаванд барои таъмини рӯзгор ба комбинати шоҳибофӣ ба кор дароянд. Тарбияи кӯдакон мушкил буд. Падарам бо талоши худ ба ҷое расиданд. Падарам ба Донишкадаи иқтисодии Тошканд дохил шуда, мегуфтанд, танҳо бо стипендия зиндагӣ мекарданд. Барои фурӯ бурдани эҳсоси гуруснагӣ бодиринг харида, аз болояш оби бисёр менӯшиданд, то эҳсоси гуруснагӣ накунанд.

Радиои Озодӣ: Дӯстони ҷавонии падаратон кӣ буданд?

Мунаввара Набиева: Дӯсти ҷавониашон амаки Коля буд, бисёр наздик буданд. Дар як ҷо хидмат кардаанд. Солҳои зиёд бо ҳам тамос мегирифтанд ва омаду рафти хонаводагӣ доштанд. Ӯ аллакай фавтидааст, вале бо ҳам хеле наздик буданд.

Марди оила

Радиои Озодӣ: Кадом намуди хӯрокро дӯст медошт ва оё рост аст, ки ғизои худро ба сафарҳои хориҷӣ бо худ мебурд?

Мунаввара Набиева: Асосан ғизои парҳезӣ мехӯрданд. Аз ғизои бирёншудаву равғанӣ парҳез карда, шӯрбову кадуву сабзавотро дӯст медоштанд. Ҳамеша ҳамроҳи худ ғизои нимтайёрро мебурданд, ки имкони гарм кардаву хӯрданаш вуҷуд дошта бошад. Ба ёдам ҳаст, ки боре ба сафари хидматӣ ба вилояти Қӯрғонтеппа рафтанд. Раиси колхозе дар ғайби падарам ба бағоҷи мошинашон чанд дона тарбузу харбуза гузоштааст. Соати ёздаҳи шаб ба Душанбе расиданд ва вақти ба хона даромадани падарам, ронандаашон бо номи Валерий гуфт, "Раҳмон Набиевич, бароятон савғотӣ ҳам фиристодаанд". Падарам бисёр нороҳат шуданд, зеро бад медиданд, ки паси сарашон нисбат ба он кас коре анҷом диҳад. Ба ронанда гуфтанд, "ҳамин ҳоло ба ҳамон ноҳия баргашта, ба ин раиси колхоз савғотиашро баргардонида, аз наздаш бароям занг мезанӣ". Ҳатто ба суханони ронанда, ки арзиши ин тарбузу харбуза чанд тин аст ва чаро бояд ин қадар роҳро тай кунад, гӯш надоданд. Ӯ рафту то сотаи 2-и шаб расид ва занг зад. Баъд аз ин, ронанда Валерий ба ҳама мегуфт, ки ба мошини хидматӣ чизе нагузоранд, ки Раҳмон Набиев маҷбур мекунад, инро баргашта бароятон биёрам.

Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Мунаввара Набиева: Падарам намехост, президенти Тоҷикистон шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:17 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳангоми харид барои оила камхарҷ ё дасткушод буд?

Мунаввара Набиева: Хеле одами хайрхоҳ буданд ва хонаводаи мо ҳеҷ вақт пасандоз надошт. Тамоми маблағи маошу иловапулӣ барои депутатиашонро ба эҳтиёҷоти оила ва ғизо сарф мекарданд. Ҳамеша ғам мехӯрданд, ки наметавонам бароятон чизе ба мерос гузорам. Ба ҷуз ҳамин ҳавлие, ки ҳоло дар ин ҷо сӯҳбат мекунем. Вале, мо, фарзандон дар фазои хушҳолӣ ба воя расидем ва, албатта, гуруснагиро ҳам надидаем.

Радиои Озодӣ: Ҳамчун падар ба Шумо шахсан чӣ тӯҳфае кардааст?

Мунаввара Набиева: Ҳамеша ҳар як хости маро иҷро мекарданд. Тахминан, панҷсола будам ва пеш аз сафарашон ба Маскав хоҳиш кардам, ки бароям лӯхтаке биёранд, ки аз ман бузургтар бошад. Ҳамин хел лӯхтакро оварданд, ки қадаш аз ман калон буд ва ман дар қуттии он шабҳо барои худ ҷойи хоб дуруст карда мехобидам. Вақте дар Маскав таҳсил мекардам, гоҳ-гоҳе ҳамроҳи падарам якҷоя гаштугузор мекардем. Боре дар мағоза нигоҳам ба як ангуштарии нуқрагӣ афтид ва падарам пурсиданд, ки ҳамин чиз бароят маъқул аст? Пас аз тасдиқи ман бароям онро харида тақдим карданд. Ҳар чизе, ки мехостем, падарам бароямон фароҳам мекарданд.

Радиои Озодӣ: Оё мавриде буд, ки аз чизе сахт афсӯс мехӯрд? Ё аз таъини касе ба вазифае пушаймон мешуд?

Мунаввара Набиева: Не, пушаймон намешуданд. Маъмулан, дар чунин ҳолатҳо мегуфтанд, инсони дурандеш набудааст, сахт саросема мешаваду батоқат набудааст. Ҳамеша чунин пушаймонии худро рӯйирост ба худи ҳамин одам мегуфтанд.

"Ӯ намехост президент шавад"

Радиои Озодӣ: Агар ҳодисаҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 90-уми қарни гузаштаро ба хотир оварем, иддае ба ин назаранд, ки маҳз сустии мавқеи Раҳмон Набиев дар тасмимгириҳо боиси сар задани ин ҷанг шуд. Падари Шумо дар хонавода дар бораи кори худ ва камбудҳои солҳои 1990-ум, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ аллакай аз байн рафта буд, ҳарфе мезад? Шояд, барояш чизе нороҳаткунанда буд ё дар баъзе маврид тасмимгирӣ душвор шуда буд?

Раҳмон Набиев дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон
Раҳмон Набиев дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон

Мунаввара Набиева: Аввал ин ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон на бо омадани Раҳмон Набиев сар зад. Ба ҳама маълум аст, ки нахустин гурӯҳи мухолифони оянда дар минтақаҳои Тоҷикистон дар солҳои 1970-ум шуруъ шуд, аллакай захира кардани силоҳ оғоз шуда буд. Ҳамон вақт Тоҷикистон шабеҳи деги тафсоне буд. Вазъият барвақттар аз замони ба қудрат омадани падарам муташанниҷ шуда буд. Масъалаи дигар ин аст, ки падарам дар курсии роҳбари ниҳоди ҳифзи табиат нишаста, нияти бозгашт ба сиёсати калонро надошт. Охир, пеш аз ин ҳам аз курсии роҳбари Тоҷикистон ихтиёрӣ истеъфо дода, намехост ба ин мақом баргардад. Аммо, маъракаи пешазинтихоботӣ оғоз ёфту шахсоне, ки баъдтар ба мухолифон пайвастанд, номзадии падарамро ба курсии раиси ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз ҳавохоҳони падарам буд ва ба хонаи мо меомад. Боре бо худ гӯсфандеро оварда, зери пойи падарам сари онро бурид ва гуфт, ки "Раҳмон Набиевич, Шумо бояд президент шавед".

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Аммо падарам намехостанд ба ин вазифа интихоб шаванд. Он кас дарк мекарданд, ки вазъият ба куллӣ дигар шудааст ва наметавонанд кишварро ором роҳбарӣ кунанд ва ба ҳама мегуфтанд, бо умед набошанд. Боре назди дари ҳавлиамон зани пиронсоли рус омада, гуфт, ки “Раҳмон Набиевич, агар Шумо президент нашавед, вазъияти мо, русҳо, бад мешавад". Ва падарам дар дуроҳа монданд – аз як сӯ, ба ин назар буданд, ки дигар қудратталаб нестанд ва аз тарафи дигар мегуфтанд, ки тақдири чунин пиронсолҳоро наметавонанд дар норӯшанӣ гузоранд. Он кас масъулияти вазъиятро хуб дарк мекарданд ва тасмим гирифтанд вориди интихобот шаванд. Аммо он кас мехостанд кадрҳои болаёқатро дар атрофи худ ҷамъ карда, шеваи роҳбариро барояшон омӯзанд ва сипас ба истеъфо рафта, қудратро ба онҳо диҳанд. Мехостанд, тӯли як ё ду сол кишварро роҳбарӣ карда, баъдан истеъфо диҳанд.

Радиои Озодӣ: Яъне, Раҳмон Набиев намехост баъд аз интихоб якбора истеъфо дода, тарки сиёсат кунад?

Мунаввара Набиева: Вақте президент шуданд, гуфтанд, ки ин вазифаро муваққатан иҷро мекунанд. Ҳатто ба Давлат Худоназаров пешниҳод карда буданд, ки муовинашон шаванд ва дар ин муддат ӯро барои раҳбарӣ омода кунанд. Падарам намехостанд дар ин курсӣ панҷ сол, даҳ сол ё бист сол бимонанд.

Радиои Озодӣ: Қабл аз интихоботи соли 1991 пешниҳод шуда буд, ки ба хотири ба ҳам омадани ду ҷиноҳи ҷомеа Раҳмон Набиев рақиби интихоботии худ Давлат Худоназаровро ба вазифаи муовини президент даъват кунад. Ин пешниҳоди қозикалони вақт Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода буд. Ба назари Шумо, агар Раҳмон Набиев ин пешниҳодро мепазируфт, шояд ин тасмим барои ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат мекард?

Давлат Худоназаров
Давлат Худоназаров

Мунаввара Набиева: Нахуст, Давлат Худоназаров худ чунин пешниҳодро напазируфт. Падарам пешниҳод карда буданд. Оё ин машварати Тӯраҷонзода буд ё каси дигар, намедонам. Дигар ин ки, ба назари ман, ин ҳалли масъала намешуд. Чунки падарам дар гузашта дар мансабҳои дигар кор карда буданд – раиси Шӯрои вазирон, баъд котиби авввали ҳизби коммунист шуданд, мухолифон зидди Маҳкамов буданд. Ба ду қисм ҷудо шуда, Маҳкамовро пуштибонӣ мекарданд, вале ин сабаби ҷанг набуд. Ба назари ман, сабаби сар задани ҷанг на дар шахсияти раҳбар буд, балки ба он хотир буд, ки аз берун ташкилшуда буд. Мо танҳо иштирокчиву нозирони он шудем. Модоме ки мақсад (шурӯи ҷанг) гузошта шуда буд, бешубҳа ду ҷиноҳ буд. Бисёриҳо ба ин чиз дода шуданд, ҳарчанд метавонистанд ба мувофиқаву мусолиҳа биёянд, вале, ин вазъият, зоҳиран, хеле хуб ташкилшуда буд.

Дар бораи муносибатҳо бо Горбачёв

Радиои Озодӣ: Дар солҳои ҳаштодум дар Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев ба сари қудрат омад. Муносибатҳои Раҳмон Набиев бо котиби нави генералии ҳизби коммунистӣ чӣ хел буд? Падаратон дар ин бора чизе мегуфт бароятон?

Михаил Горбачев
Михаил Горбачев

Мунаввара Набиева: То ба сари кор омадани Михаил Сергеевич, падарамро ҳама раҳбарони Ҳизби коммунист эҳтиром мекарданд. Ӯро ба кор (ба Маскав) даъват карданд. Вале бо омадани Горбачёв боре кадом ҷаласа шуду падарам рафтанд. Михаил Горбачёв барояш гуфтааст, барои вазифаҳои роҳбарӣ дар Тоҷикистон 70 мутахассиси варзидаро мефиристанд ва падарам бояд онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Падарам дар посух ба Горбачев гуфтаанд, ин кадрҳо бароямон лозим нест, зеро мутахассисони худӣ вазъияти Тоҷикистонро беҳтар аз бегонаҳо медонанд. Горбачев пофишорӣ мекунад, аммо падарам назарашро тағйир намедиҳад. Он кас инро қабул надоштанд. Медонистанд, ки маҳаллиҳо ҷумҳуриро хеле хуб мешиносанд, дилашон барои ҷумҳурӣ месӯзад. Вале онҳое, ки барои кор аз дур меомаданд, барои як ё ду сол мерафтанд. Маъмулан, котибони дувуми кумитаҳои ҳизбиро дар Тоҷикистон аз Маскав таъйин мекарданд ва ҳамаи онҳо баъд аз ду соли кор бо "ҷиҳоз"-и зиёде ба ватани худ бармегаштанд. Дили онҳо барои Тоҷикистон намесӯхт ва ба ин хотир падарам зидди ҷалби кадрҳои бегона ба Тоҷикистон буданд.

Радиои Озодӣ: Муносибат бо Узбекистон чӣ хел буд дар он солҳо, зеро аллакай он замон дар ин кишвари ҳамсоя Ислом Каримов сари қудрат омада буд?

Мунаввара Набиева: Роҳбарияти пешини Узбекистон дар шахсияти Шароф Рашидов ва Усмонхоҷаев падарамро бисёр эҳтиром мекарданд. Бо Каримов низ дар оғоз муносибатҳо бад набуданд. Аммо моҳи июни соли 1992 раисони ҷумҳури ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳамоиши ОБСЕ ба Ҳелсинкӣ рафтанд. Падарам ба хотири сарфаи пул бо ҳавопаймои Ислом Каримов ба Финляндия парвоз карданд. Дар он ҷо онҳоро хуб пазироӣ карданд ва раисони ҷумҳурии Амрикову Фаронса ва Олмон бо падарам чанд соат дар бораи Тоҷикистон суҳбат мекунанд. Онҳо мехостанд ба Тоҷикистон ёрӣ расонанд. Фикр мекунам, ҳамин саҳна ба Ислом Каримов хуш наомад, чунки бисёр узбекистониҳо худро гуё “бародари калонии” Тоҷикистон мешумурданд. Ба Ислом Каримов таваҷҷӯҳи хос нашуд. Ҳама чиз аз ҳамон ҷо сар шуд. Вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оташ мезад, намояндаҳои Ислом Каримов ба падарам суханони Ислом Каримовро расониданд, ки Узбекистон метавонад ба Тоҷикистон дар ҳама масъала кумак кунад, вале бар ивази он бояд вилояти Ленинободро ба Узбекистон бидиҳад. Албатта, ки падарам зидди ин кор буданд.

Радиои Озодӣ: Ин хеле ҷиддӣ аст ва инро падаратон бароятон гуфта буд?

Мунаввара Набиева: Не, ман худам инро шунидам, зеро онҳо ба ҳавлии мо омада, дар хонаи мо суҳбат карда буданд. Мо ҳама ҳамон ҷо будем.

Даргузашти мармуз

Радиои Озодӣ: Шумо дар хотир надоред, Раҳмон Набиев дар масъалаҳои корӣ бо модаратон машварат мекард ё не?

Раҳмон Набиев, акс аз бойгонӣ
Раҳмон Набиев, акс аз бойгонӣ

Мунаввара Набиева: Не, падарам машварат намекарданд, вале онҳо вазъияти ҷориро баррасӣ мекарданд. Аммо, дар назди мо, фарзандон, дар ин бора гап намезаданд. Шояд падарам мехостанд, ки фарзандон аз ин моҷаро дуртар бошанд ва ба ин хотир атрофи ин мавзуъ бо модарам ба забони узбекӣ суҳбат мекарданд. Он вақт мо ба шӯхӣ мепурсидем, ки "дар пушти мо дар бораи чӣ гап мезанед?" Ҳарду дар бораи корҳои худ гап мезаданд. Фикр мекунам, падарам аз модарам машварат намепурсид, вай худ нағз медонист, ки чӣ бояд кунад.

Радиои Озодӣ: Рӯзи фавти Раҳмон Набиевро дар хотир доред? То ҷое хонда будем, бародаратон бо натиҷаи комиссияи давлатӣ дар бораи сабабҳои марги падаратон розӣ набуд. Шумо ба фикри бародаратон розӣ ҳастед?

Мунаввара Набиева: Дар рӯзи вафоти падарам якҷо бо писарам дар Маскав будем. Ҳарчанд мо ба Маскав рафтанӣ набудем, падарам моро маҷбурӣ ба он ҷо фиристоданд. Чиҳил рӯз пеш аз вафоташон мо ба Маскав парвоз кардем ва хабари фавти падарам ногаҳонӣ буду мо ҳамон шаб парвоз кардем. Замоне ба хона расидем, ҷанозаи падарамро барои дафн аз ҳавлӣ берун мебароварданд. Ҳоло натиҷаҳои расмии марги падарам бо имзои вазири тандурустӣ вуҷуд дорад. Албатта, бародарам тааҷҷуб кард, ки дигар хешовандон ҳам ҳамчунин, чунки дар шаҳодатномаи расмии марг сабаб сактаи қалбӣ навишта шуда буд, дар ҳоле, ки он кас ҳеҷ гоҳ аз дарди дил шикоят надоштанд. Он кас аз мушкили саломатӣ шикоят надоштанд.

Радиои Озодӣ: Шумо гуфта будед, модаратон хотираҳояшро дар бораи зиндагӣ бо падаратон дар компютер менавиштанд. Аммо дар натиҷаи як ҳодисаи нохуш дар декабри соли 2017 он кас ҳам фавтиданд. Оё навиштаҳо ҳифз шудаанд?

Мунаввара Набиева: Бале, он кас хотираҳои худро дар компютер ҳамроҳ бо аксҳо чоп мекарданд, вале ногаҳон даргузаштанд. Мутаассифона, дар вақти зинда будан натавонистанд ин корро анҷом диҳанд. Он кас кор бо компютерро бо як усто ёд гирифта, менавиштанд.

Радиои Озодӣ: Чизе аз он хотираҳо ҳифз шудааст?

Мунаввара Набиева: Бале, қисман ҳифз шудааст.

Радиои Озодӣ: Бо шумо дар саҳни ҳавлие суҳбат мекунем, ки дар ин ҷо падаратон зиндагӣ мекарданд. Мехостам, бипурсам, ки оё ҳеч тӯҳфаеро аз он кас ҳифз кардаед?

Мунаввара Набиева: Танҳо як навиштаашон мондааст, ки ҳамеша онро бо худ дорам.

Дар бораи Далер Назаров

Радиои Озодӣ: Ба ҳаёти шахсии Шумо рӯй оварем. Мегӯянд, Раҳмон Набиев ба зидди издивоҷи Шумо бо Далер Назаров буд. Дуруст аст?

Далер Назаров
Далер Назаров

Мунаввара Набиева: Не. Он кас тарбиятдидаи замони Шӯравӣ буданд ва барояшон миллату маҳал ҳеҷ аҳамият надошт. Дар мактаб якҷо ба намояндаҳои миллатҳои мухталиф дарс мехондем. Мактаб русӣ буд. Худи тоҷикҳо фарқ намекарданд, кӣ аз кадом маҳал аст. Барои ҳамин, барои падарам фарқ надошт, ки худашон аз шимолу Далер аз Помир аст. Ҷаҳонбиниашон пешрафта буд ва ба издивоҷи ман ҳам хушбин буданд.

Радиои Озодӣ: Чаро оилаатон аз ҳам пошид?

Мунаввара Набиева: Мо ҳарду хеле ҷавон будем ва вақте кӯдак таваллуд шуд, ҳатто намедонистем бо ӯ чӣ кор кунем. Намедонистем, ки чӣ гуна рафтор кунем, сарфаҳм намерафтем, ки зиндагии оилавӣ чӣ гуна бояд бошад. Кӯдак бисёр гиря мекард ва хушдоманам омада, ба нигоҳубини бача ёрӣ мекарданд. Шояд дарк намекардем, ки зиндагиро чӣ гуна бояд сохт.

Радиои Озодӣ: Оё волидони Далер Назаров мухолифи издивоҷи Шумо набуданд?

Мунаввара Набиева: Дар ин бора чизе намедонам, вале муносибаташон ба ман ва волидонам хеле хуб буд. Онҳо аз падару модари ман калонсолтар буданд. Онҳо ҳам падарвор ба падари ман муносибат мекарданд. Ёдам ҳаст, боре ба хонаашон меҳмон шудем ва бибиашон ҳамон ҷо буданд. Он кас на ба тоҷикӣ ва на русӣ суҳбат намекарданд, фақат бадахшонӣ. Дар муқобили падарам нишаста, ба пешонаашон нишон дода чизе мегуфтанд. Мо намефаҳмидем, баъд ба мо фаҳмонданд. Он кас мегуфтанд, “он кас дар пешонаашон ситора доранд”, яъне падарам ситора доштанд. Он кас падарамро бисёр дӯст медоштанд. Вақте писари калониам таваллуд шуд, падарам ба Меҳрубон Назаров занг зада, гуфтанд, ки “Набераатонро чӣ ном мемонед?” Меҳрубон Назарович гуфтанд, “Ин набераи даҳуми ман аст, барои шумо – аввал. Ман ба шумо ҳаққи номгузориро медиҳам”.

Радиои Озодӣ: Шумо соли гузашта яке аз фарзандонатонро аз даст додед. Ҳамдардии моро бипазиред.

Мунаввара Набиева: Ташаккур.

Шарҳҳоро бинед (23)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG