Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар авҷи зиддиятҳо бо Ғарб, Путин дар паёмаш аз "иғвогариҳо"-и хориҷӣ ҳушдор дод


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Президенти Русия Владимир Путин 17-умин паёми солонаи худро, ки дар ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи порлумони кишвараш ҷараён гирифт, ба зидди, ба гуфтаи худаш, амалҳои таҳрикомези хориҷӣ истифода кард. Ӯ дар авҷи чандин ихтилофи афзоянда бо Ғарб огоҳ кард, ки Маскав ба ҳамаи ин бо шеваи сахту зуд посух хоҳад дод.

"Хатти сурх" ва эътирози тарафдорони Навалний

Суханронии Путин рӯзи 21-уми апрел, чанд соат пеш аз оғози эътирози хиёбонии тарафдорони сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний, садо дод. Ҷонибдорони Навалний талаб доранд, ки ин фаъоли зидди фасод бо ёрии тиббии мустақил таъмин шавад. Норозиён, инчунин, раҳпаймоии худро бо интихоботи 19-уми сентябри имсол ва ҳам рукуди идомаёбандаи иқтисодиву иҷтимоӣ дар Русия дар пасманзари пандемияи коронавирус рабт доданд.

Суханронии телевизионии Путин дар шароите мегузарад, ки сатҳи зиддиятҳо дар муносибатҳои Маскав бо Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо сабаби низоъ дар шарқи Украина ва эътирозҳои идомаёбанда аз интихоботи пурбаҳси президентии Беларус дар моҳи августи соли гузашта боло меравад.

Путин дар паёмаш гуфт, Маскав ба эҷоди равобити хуб бо кишварҳои дигар моил аст, вале ҳушдор дод, ки ҳеҷ як давлати хориҷӣ набояд "хатти сурх"-ро убур кунад. Ӯ аз кадом кишваре ном набурд. "Ҳар касе, ки бо ҳама гуна иғвогарӣ ба амнияти мо таҳдид мекунад, ончунон пушаймон мешавад, ки ҳаргиз аз ҳеч чизе дар гузашта ин гуна пушаймон нашуда бошад", -- гуфт Путин.

Дар бораи бемории ҳамагир чӣ гуфт?

Дар оғози суханрониаш президенти Русия ба мавзӯи ҳамагирии COVID-19 рӯ овард ва гуфт, сокинони Русия бояд то тирамоҳи имсол ба як масуният ё иммунитети дастаҷамъӣ даст ёбанд ва аз шаҳрвандон хост, ки ҳатман эм карда шаванд.

Бино ба омори Ситоди зидди коронавируси ҳукумати Русия, дар Русия 106 ҳазор нафар бар асари коронавирус ҷон додаанд, вале гузориши Оҷонси федеролии омор ин рақамро ба маротиб бештар – 225 ҳазор нафар баровардааст.

Лаҳзаҳое, ки Путин сӯҳбат мекард, тибқи гузоришҳо пеш аз шурӯи намоишҳои эътирозӣ полис чанд нафар, аз ҷумла ду шарики Навалнийро боздошт кард. Инҳо – муҷрии асосии барномаҳои Навалний дар YouTube ҳуқуқшиноси Бунёди зиддикоррупсия Любов Собол ва сухангӯи сиёсатмадори зиндонӣ Кира Ярмиш мебошанд.

Эътирозҳо барои шоми 21-уми апрел дар назар гирифта шудаанд ва полис то он замон чанд дафтари минтақаии созмони марбут ба Навалнийро кофтукоб кард. Навалний беш аз се ҳафта аст, ки гуруснанишинӣ эълон кардааст ва талаб дорад, вазъи саломатии ӯро духтури шахсиаш бисанҷад. Мақомоти зиндонҳо 19-уми апрел бо ин ки гуфтанд, саломатии Навалний "қаноатбахш" аст, ӯро ба беморхонаи як зиндони дигар кӯчонданд.

Сафири Амрико барои "машварат" рафт

Дар остонаи суханронии Путин сафири Амрико дар Маскав Ҷон Салливан гуфт, барои машварат бо маъмурияти президент Ҷо Байден ба Вашингтон парвоз мекунад. Ин тасмим чанд рӯз баъд аз он гирифта шуд, ки Вашингтон барои ҳамлаҳои рахнагарони рус ба Амрико ва ҳам дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016 ва 2020-и Иёлоти Муттаҳида зидди Маскавро як бастаи нави таҳримҳоро ҷорӣ кард.

Ахиран Русия дар марзҳои шарқии Украина нирӯяшро ҷамъ оварда, инчунин, ба нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 ғасб кард, артиш даровард. Аз соли 2014 ба ин сӯ Русия ҷудоиталабони рӯ ба Кремлини Украинаро бо муҳимоти ҷангӣ, ёриҳои иқтисодӣ ва ҳам пуштибонии сиёсӣ таъмин кардааст. Дар шарқи Украина ҳафтаҳои ахир вазъ пуршиддат мешавад ва хатари ба ҳам зада шудани сулҳи заъиф ҳам дар миён аст.

Қарор аст, тирамоҳи имсол дар Русия интихоботи Думаи давлатӣ баргузор шавад. Назарсанҷиҳо мегӯянд, маҳбубияти ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” феълан дар поинтарин сатҳ аст. Таҳлилгарон саркӯби эътирозгаронро дар ҳафтаҳои ахир ба талоши назорати ҷараёни интихобот ва натиҷаҳои он рабт медиҳанд.

Дар гузашта Путин бо истифода аз суханрониву паёмҳои калонаш ба самтгириҳои ояндаи ҳукумат аломат медод. Соли гузашта ӯ эълон кард, ки тарҳи тағйири Конститутсияи кишвараш омода мешавад ва дар ниҳоят ин тағйирот барои то соли 2036 дар сари қудрат мондани ӯ заминагузор шуд.

Баъди он суханрониаш ҳукумат ба раҳбарии нахуствазир Дмитрий Медведев барканор шуд ва ҷои сарвазирро раиси хадамоти андоз Михаил Мишустин гирифт. Соли 2018 Путин дар чунин суханрониаш як навори видеоиро намоиш дода, тавассути он силоҳҳои пешрафта, мушакҳои байниқоравии баллистикӣ, ҳавопаймои бесарнишини ҳастаӣ ва системаи мушакии бесадои “Кинжал”-ро ба намоиш гузошт.

Барои тамошои паёми Путин аъзои ҳарду палатаи парлумон, ҳукумат, додрасҳои калон, мақомоти интизомӣ, раҳбари Калисои православии кишвар ва дигар динҳо ва инчунин 450 журналист иҷоза гирифтанд.

Путин, ки 68 сол дошта, дар гузашта афсари КГБ будааст, аз соли 1999 ба ин сӯ дар мақомҳои президент ва нахуствазири Русия раҳбарии ин кишварро дар даст дорад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG