Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси Русия; аъзои ДОИШ ва уйғурҳои Чин. Шиносномаи Тоҷикистон ба кӣ "хидмат" мекунад?


Шиносномаи хориҷии Тоҷикистон
Шиносномаи хориҷии Тоҷикистон

Қазияи ворид шудани як ҷосуси Русия бо насабу шиносномаи тоҷикӣ ба анбори аслиҳае дар Ҷумҳурии Чех мавзӯи истифода аз ин санади муҳими Тоҷикистонро дигарбора доғ кард.

Мақомоти Чехия рӯзи 17-уми апрел гуфтанд, шаҳрванди Русия Руслан Боширов соли 2014 ҳангоми вуруд ба анбори аслиҳаи Врбетитсе аз номи Руслан Табаров ва аз шиносномаи хориҷии Тоҷикистон истифода кардааст. Феълан ӯ ва ҳамроҳаш, Александр Петров, ба даст доштан дар таркиши анбори аслиҳа муттаҳаманд ва дар кофтукоби байналмилалӣ ҳастанд.

Руслан Боширов дар қазияи заҳролудсозии Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи рус, дар Бритониё низ даст дорад. Расонаҳо навиштанд, ӯ аслан Алексей Чепига, корманди ГРУ, Хадамоти иктишофии Русия, аст.

Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин ки чӣ гуна шиноснома дастраси ӯ шудааст, худдорӣ карданд. Радиои Озодӣ чанд мавриди суистифода аз шиносномаи тоҷикиро, ки дар шохиси The Henley Passport Index дар мақоми 84-ум аст, гирд овард.

  • Моҳи августи соли 2019 се сокини вилояти Шинҷони ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз Туркия ба Чин истирдод карданд. Радиои Осиёи Озод навишт, ки Зиннатгул Турсун ва ду духтари ӯ Ҳилол Шоҳинпур ва Бону Абдуллоро аввал аз шаҳри Истанбули Туркия ба Душанбе бурдаанд ва сипас онҳоро афсарони пулиси Чин рӯзи 31-уми июл аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Урумчӣ интиқол додаанд. Наздиконашон гуфтанд, онҳоро Туркия ба хотири доштани шиносномаи тоҷикӣ ба Душанбе супурд ва Тоҷикистон онҳоро ба Чин истирдод кардааст. Онҳо дар Чин бо иттиҳоми тундгароӣ ҷустуҷӯ мешуданд. Мақомоти тоҷик ин хабарро тасдиқ ва ё рад накарданд.

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Моҳи майи ҳамон сол Идораи муҳоҷирати Туркия бо нашри як баёния гуфт, зане ғайриқонунӣ ва бе санади ҳуввият дар торикӣ аз Сурия вориди Туркия шудааст ва иддао кардааст, ки “Зиннатгул Турсун шаҳрванди Чин аст”, аммо тафтиши муштарак нишон додааст, ки дар воқеъ ин зан “Раҳима Аҳмадова, шаҳрванди Тоҷикистон аст.” Дар ин баёния омадааст, “Раҳима Аҳмадова, фарзандонаш Ҳилол Ширинпур, Бону Абдулло ва шавҳараш Абдулло Аҳмадовро аз фурудгоҳи Истанбул ба Душанбе ихроҷ кардаанд.”

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Денис Хисамов, афсари Вазорати мудофиаи Русия соли 2015 бо истифода аз шиносномаи тоҷикӣ ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия пайвастааст. Соли 2017 ҳангоми бозгашт дар Туркия боздошт ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишвар дода шуд. Баъдан, мақомоти тоҷик ӯро ба Русия супурданд. Маълум нест, ки бо кадом ном шиносномаи тоҷикӣ истифода кардааст.

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Моҳи январи соли 2017 Далер Наҷмиддинов, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакиро аз Украина ба Тоҷикистон истирдод карданд. Ӯ бо худ шиносномаи узви дигари ДОИШ Бахтиёр Сатторовро доштааст. Бахтиёр Сатторов дар Сурия кушта шудааст ва ӯ бо истифода аз шиносномаи ӯ ба Украина паноҳ бурдааст.

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Моҳи сентябри соли 2016 ба сафорати Чин дар Бишкек ҳамла сурат гирифт. Маълум шуд, ки ҳамларо як шаҳрванди уйғуртабори Чин ва як шаҳрванди Узбекистон анҷом додаанд, вале онҳо барои вуруд ба ин кишвар аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷонович ва Халилов Зоир Абдуҳалимович истифода кардаанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ин ду нафар узви ДОИШ ҳастанд ва дар Сурия қарор доранд. Ҳамла дар Бишкек низ кори ин гуруҳи тундрав унвон шуда буд.

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Моҳи июли соли 2015 мақомоти Туркия як духтари ҷавони қирғизро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишвар истирдод карданд. Дар Тоҷикистон маълум шуд, ки ӯ Динара Аминжанова, шаҳрванди Қирғизистон аст, вале аз шиносномаи Элбегиева Хатича, шаҳрванди Тоҷикистон барои берун шудан аз Сурия истифода кардааст. Баъдан, мақомоти тоҷик ӯро ба Қирғизистон супурданд.

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Моҳи апрели соли 2015 як шаҳрванди Сурия бо шиносномаи Тоҷикистон дар қаламрави Беларус боздошт шуд. Марзбонони Беларус ошкор кардаанд, ки як шаҳрванди Сурия хостааст, бо истифода аз шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина вориди Беларус шавад. Мақомоти Беларус гуфта буданд, “дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки шиносномаи ин шахс дасткорӣ ва зоҳиран ба он акси дигар часпонда шудааст.”

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Моҳи июни соли 2015 пулиси Молдова аз боздошти як "эмиссар"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" хабар дод, ки бо истифода аз шиносномаи тоҷикӣ вориди хоки ин кишвар шудааст. Пулис гуфт, маълум кардаанд, ӯ аслан чечен ва шаҳрванди Русия ҳаст, вале бо шиносномаи тоҷикӣ ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадулло Нарзуллоев вориди хоки ин кишвар шудааст. Мақомот гуфтанд, ӯ ин шиносномаро сохтакорӣ кардааст.

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Моҳи декабри соли 2014 марзбонони рус дар марзи Русия бо Беларус як шаҳрванди Узбекистонро бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон боздошт карданд. Абдуҳофиз Холмуродов, шаҳрванди 32-солаи Узбекистон аз соли 2013 дар пайгарди байнулмилалӣ қарор доштааст ва ӯро ҳамчун раҳбари як ҳалқаи Ҳаракати исломии Туркистон ҷустуҷӯ мекардаанд. Шиносномаи тоҷикии ӯ мусодира гашт, ки ба гуфтаи пулиси Русия, аломатҳои дасткорӣ дошт.

-----------------------------------------------------------------------------------------

  • Рӯзи 28-уми декабри соли 2014 дар фурудгоҳи шаҳри Минск, пойтахти Беларус, як шаҳрванди 31-солаи Узбекистон, ки мехост бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Зоҳир Ҳабибов ба ҳавопаймои Минск - Истанбул савор шавад, дастгир шуд. Маълум шуд, ӯ дар асл Ҳусниддин Усмонов, сокини вилояти Сурхондарёи Узбекистон буда, аз сӯйи мақомоти Узбекистон бо иттиҳоми терроризм таҳти таъқиб қарор дошт.
XS
SM
MD
LG