Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ Раҷабов бохт ва аз натиҷаи қувваозмоӣ ба PFL шикоят бурд


Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик

Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL (Professional fight league), ки 23-юми апрел (шаби 24-уми апрел бо вақти Душанбе) дар шаҳри Атлантик-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид, дар аввалин рақобаташ дар вазни сабук (70 кг) аз Алекс Мартинес (Парагвай) мағлуб шуд.

Рақобати Раҷабов ва Мартинес, ки яке аз қувваозмоиҳои пешакӣ дар вазни сабук дар даври аввали мусобиқаи мавсими имсолаи PFL ба шумор мерафт, дар Ocean Casino Resort ҷолибу пуршиддат сурат гирифт. Размкори тоҷик, ки хеле фаъол буд, маҳорати хуб нишон дод. Рақибаш низ чолокона ҳунарнамоӣ кард ва аслан бо пой зарбаҳои сахт мезад.

Бо тасмими ҳакамон Мартинес ғолиб дониста шуд (28-29, 29-28,27-30). Аммо Лоиқ Раҷабов тасмими ҳакамонро ноодилона хонд ва аз натиҷаи қувваозмоӣ ба PFL эътирознома навишт.

Лоиқ Раҷабов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шикояти ӯ дар муддати 30 рӯз баррасӣ хоҳад шуд. “Ҳоло ягон хабар нест, мо мунтазири посух ҳастем. Вале новобаста аз посух ба шикояти ман боз як муҳорибаи дигар ҳам дорам дар ин ришта дар PFL. Дар мавриди бурд боз барои як миллион доллар муборизаро давом хоҳам дод”, - мегӯяд размкори тоҷик.

Дар қувваозмоии асосии даври аввали PFL-2021 дар вазни сабук амрикоӣ Клэй Коллард бар ҳамватани худ Энтони Петтиса пирӯз шуд. Баҳои ҳакамон — 29-27, 29-27, 29-28. Инчунин дар даври аввал бразилӣ Натан Шулт аз Марчин Ҳелди лаҳистонӣ (28-29, 28-29, 28-29) шикаст хӯрд. Бразилӣ Рауш Манфио бар Ҷоилтон Люттербах (28-29, 29-28, 29-28), русиягӣ Аҳмад Алиев бар белорус Михаил Одинсов (29-28, 29-28, 29-28) ғолиб омаданд.

Зимнан, размкори тоҷик Лоиқ Раҷабов соли 2019 баъди якчанд пирӯзӣ ба даври ниҳоии PFL, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, роҳ пайдо кард. Вале ӯ дар финал дар панҷ раунди панҷдақиқаӣ аз Натан Шулт, варзишгари бразилӣ, шикаст хӯрд.

Соли гузашта бошад, ин размкори маъруфи тоҷик бидуни рақобат монд, зеро PFL ба иллати пандемияи коронавирус мусобиқа баргузор накард.

Лоиқ Раҷабови 30-сола, ки қадаш 1 метру 75 сантиметр, вазнаш 70 килограмм мебошад, дар мусобиқот бо тахаллуси "Jaguar Paw” ширкат меварзад. Вай то қувваозмоӣ бо Алекс Мартинес 16 рақобат анҷом дода буд. Ӯ 13 маротиба ғалаба карда, дар ду қувваозмоӣ шикаст хӯрда буд ва яктоаш бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Алекс Мартинеси 26-сола бошад, қаблан ҳеҷ гоҳ дар рақобатҳои PFL ширкат накарда буд. Аз ин пеш ӯ дар ҳамаи ҳафт рақобати худ пирӯзӣ ба даст овардааст.

Бояд гуфт, Лоиқ Раҷабов ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2019, ки онро нашрияи "ТурСтат"-и Русия аз рӯи натиҷагирии пурсиши интернетии алоқамандони муҳорибаҳои омехта тартиб дод, дохил шудааст.

Зимни тартиб додани ин феҳрист вазни размкорон сарфи назар шудааст. Ба рӯйхати даҳ размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои ИДМ дар соли 2019 инҳо дохил шуда буданд: Ҳабиб Нурмагомедов, Фёдор Емеляненко, Пётр Ян, Алберт Туменов, Забит Магомедшарипов, Магомед Исмоилов (ҳама аз Русия), Маҳмуд Муродов (Узбекистон), Андрей Орловский (Беларус), Жалгас Жумагулов (Қазоқистон), Тофик Мӯсоев (Озарбойҷон) ва Лоиқ Раҷабов (Тоҷикистон).

Ҳолномаи Лоиқ Раҷабов

Лоиқ Раҷабов 17-уми сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби деҳаи Булёни Болои Данғара ба синфи аввал рафта, синфи 11-ро дар мактаби рақами 77-и Душанбе ба итмом расондааст. Хамткардаи Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон дар риштаи муҳандиси роҳи оҳан мебошад.

Ӯ соли 2015 ба Олмон кӯч баст ва дар толори варзишии як зодаи Тоҷикистон бо номи Олег Шодиев тамрини касбии муҳорибаҳои омехтаро шуруъ намуд. Лоиқ дар Олмон соҳиби чаҳор камарбанд дар риштаи муҳорибаҳои омехта шуд. Соли 2019 ба Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта (Professional fight league-PFL) дохил шуд ва то даври ниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт. Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG