Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки дар бозори Интернет кӣ "ҳукмфармоӣ" кунад


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Тоҷикистон барои рушди иқтисоди рақамӣ ва Интернет, бояд ширкати ("Тоҷиктелеком")-ро аз тобеияти танзимгари соҳа, яъне Хадамоти алоқа барорад. Ин нуктаро Ян Петерс Олтерс, раиси дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 22-юми апрел дар нишасти онлайни "Иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баён дошт.

Ширкати "Тоҷиктелеком" зертобеи Хадамоти алоқа ва ягона дастраскунандаи Интернет ба Тоҷикистон аст. Ширкатҳои дигари мобилӣ ва мухобиротӣ Интернетро аз ин идора мегиранд ва ҳаққи мустақилона аз хориҷи кишвар харидани бастаҳои интернетиро надоранд.

Айни замон дар бозори мухобиротии Тоҷикистон ширкати давлатӣ мавқеи ҳукмфармо дорад. Тавсия ин аст, ки танзимгари соҳа аз ширкати давлатии интернетрасон ҷудо карда шавад.
Ян Петерс Олтерс

"Дастрасӣ ба Интернет ҳанӯз маҳдуд аст"

Раиси дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел дар конфронсе, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ташкил дод, гуфт, Интернет дар шароити пандемия нақши фавқулода муҳим бозид ва "кишварҳое, ки иқтисоди рақамии рушдкарда доранд, мушкилоти пандемияро сабуктар паси сар мекунанд."

Ян Петерс Олтерс афзуд, Интернет ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон то соли 2015 аз арсаҳои зудрушдкунандаи иқтисод буда, бахше аз даромадҳои буҷаро пур мекарданд. Аммо тағйироте, ки дар танзими ин соҳа ба вуҷуд омад, рушди соҳаро боздошт ва боис ба кам шудани даромади ширкатҳои мухобиротӣ ва коҳиши муштариёни нав шуд.

Ӯ афзуд: "Имрӯз дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дастрасии мардум ба Интернет, аз ҷумла дар деҳот, маҳдуд аст. Ба ҳолати соли 2019 дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз сад нафар як нафар ба Интернет дастрасӣ дорад. Маҳдуд будани дастрасӣ ба Интернет монеи рушди иқтисод ва таҷдиди соҳаҳои иқтисод шудааст."

Маслиҳати Бонки Ҷаҳонӣ чист?

Дар идома ин мақоми Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди гаронии нархи Интернет гуфт ва афзуд, ин боис ба гаронтар шудани хадамоти онлайнӣ шудааст. Олтерс барои ислоҳи вазъ ба Тоҷикистон тавсия дод, ширкати мухобиротиро (манзур Тоҷиктелеком) аз танзимгари соҳаи мухобирот, яъне Хадамоти алоқа ҷудо кунад.

Вай гуфт: "Айни замон дар бозори мухобиротии Тоҷикистон ширкати давлатӣ мавқеи ҳукмфармо дорад. Тавсия ин аст, ки танзимгари соҳа аз ширкати давлатии интернетрасон ҷудо карда шавад. Бо бартараф кардани монеаҳо дар роҳи рушди соҳа Тоҷикистон метавонист, бештар сармояи хусусиро ба ин соҳа ҷалб кунад."

Қарор буд дар конфронс Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав ҳам ширкат ва суханронӣ кунад, аммо ӯ ширкат накард ва Фарҳод Билолзода, муовинаш маърӯзаи вайро қироат намуд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар баробари суръати пасту нархи баланди Интернет, барои афзоиши нархи гуфтугӯҳои телефонӣ, бастани вебсайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ пайваста мавриди танқид қарор мегирад. Бозори Интернет аз соли 2017 зери назари ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" аст.

Дар ҷойгоҳи охир, вале мақомот аз хубӣ мегӯянд

То соли 2018 ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ҳақ доштанд, мустақилона аз хориҷа Интернет биёранд. Бо як тасмими баҳсбарангези Хадамоти алоқа ширкатҳои мухобиротӣ муваззаф шуданд, Интернетро танҳо аз идораи давлатии "Тоҷиктелеком" харанд.

Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар миёни 124 кишвар дар яке аз зинаҳои поёнӣ аст. "Баддиком", як муассисаи таҳқиқотӣ, моҳи июни соли гузашта гуфт, суръати Интернет дар Тоҷикистон яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон аст. Сабабашро дахолати давлат ба кори ширкатҳои хусусии мобилӣ ва ба дасти ширкати давлатӣ додани ҳаққи тақсими Интернет донистанд.

Илҳомҷон Атоев
Илҳомҷон Атоев

Ин дар ҳолест, ки Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, моҳи феврали имсол гуфт, баръакс, баъзе аз радабандиҳои дигар вазъи дастрасӣ ба Интернетро дар кишвар беҳтар арёзбӣ кардаанд. Ӯ гуфт, "дар соли 2020 радабандии Созмони глобалӣ оид ба суръат ва сифати Интернет нашр шуд, ки дар Тоҷикистон хидматрасонии интернети мобилӣ ва интернети собит, яъне ноқилӣ, нисбат ба солҳои қаблӣ хеле хуб шудааст ва якчанд зина боло рафтааст."

Ҳоло Тоҷикистон аз назари суръати Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аз ҳама охир қарор дорад, аммо нархи он баръакс гарон аст. Дар кишвар нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ ба ҳисоби миёна ба беш аз 20 сомонӣ баробар аст.

XS
SM
MD
LG