Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" "Шабоб Ал-Аҳлӣ"-ро низ шикаст дод ва пешсафиашро нигоҳ дошт


Акс аз саҳифаи дастаи "Истиқлол" дар "Фейсбук".
Акс аз саҳифаи дастаи "Истиқлол" дар "Фейсбук".

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозии панҷумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, дар ҷадвали гурӯҳи «А» мавқеашро дар мақоми аввал нигаҳ дошт.

Бозӣ миёни бошгоҳҳои «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» ва “Истиқлол” шаби 28-уми апрел (соати 00:00 бо вақти Душанбе) дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд баргузор шуд.

Дар нимаи аввали дидор бозигарони “Шабоб Ал-Аҳлӣ” бештар ба ҳуҷум мегузаштанд. Футболобозони тоҷик аслан аз пайи ҳимояти дарвозаашон буданд. Суръати бозӣ ҳам чандон баланд набуд. Инчунин, лаҳзаҳои хуби голзанӣ ба чашм нарасид.

Аммо нимаи дувуми дидор бо лаҳзаҳои ҷолиб хотирмон шуд. Ҳарду даста вазъиятҳои хуби голзаниро ба вуҷуд оварданд. Дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов маҳорати баланд зоҳир кард, дарвозаашро аз гол эмин дошт.

Голи ягонаро дар ин дидор капитани “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар дақиқаи охирини замони изофа (90+6) ба самар расонд ва ба дастааш се имтиёз овард.

Ин севумин пирӯзии “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ба шумор меравад. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дувум бошгоҳи АГМК-и Узбекистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд. Дар даври севум “Истиқлол” бозиро ба “Ал-Ҳилол” бо ҳисоби 1:3 бохт. "Истиқлол" дар бозии чорумаш «Ал-Ҳилол»-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод.

Дар бозии дигари даври панҷуми гурӯҳи «А», ки ҳамзамон шаби 28-уми апрел дар варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз доир гардид, дастаи АГМК-и Олмалиқи Узбекистон аз тими мизбон - «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ - бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаи “Истиқлол” бо даҳ имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад. Бошгоҳи “Ал-Ҳилол” низ даҳ имтиёз гирифтааст ва дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро касб кардаанд.

“Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” барои ғолиби гурӯҳ шудан ва ба даст овардани роҳхат ба даври ҳаштякниҳоии мусобиқа талош меварзанд. Вале тимҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК, новобаста аз натиҷаи бозиҳои даври охирин аз роҳхат ба даври баъдӣ бенасиб монданд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ то 30-юми апрел (бо вақти Душанбе то 1-уми май) идома хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва АГМК (Узбекистон) дохиланд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон - "Истиқлол" дар бозии охирини худ рӯзи ҷумъаи 30-юми апрел ( бо вақти Душанбе шаби 1-уми май) бори дувум бо бошгоҳи АГМК-и Узбекистон рақобат хоҳад кард.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар минтақаи Ғарб дар панҷ гурӯҳ сурат гирифтааст. Сабқати минтақаи Шарқ низ дар панҷ гурӯҳ баргузор хоҳад шуд. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 иштирок хоҳанд кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

Даври 5-ум

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Имороти Муттаҳидаи Араб) –«Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 90+6 (1:0).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷӯрабоев (Ваҳдат Ханонов, 90+1), Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (Муҳаммадҷон Раҳимов (90+5), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед Ҷӯраев, 90+1), Алишер Ҷалилов (капитан), Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Огоҳӣ: Алишер Ҷалилов, 12, Нуриддин Давронов, 71, Аҳтам Назаров, 88 («Истиқлол»), Маҷид Ҳасан, 38, Муҳаммад Марзуқ Абдуллоҳ, 81 (“Шабоб Ал-Аҳлӣ”).

Сардовар: Амирул Яъқуб (Малайзия).

27-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд.

АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:3

Голҳо: Виетто Лусиано, 39 (0:1), Бафетимби Гомес, 47 (0:2), Ясир Ал-Шаҳронӣ, 58 (0:3).

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Истиқлол» (Тоҷикистон)
5
3
1
1
9-6
10
2
“Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ)
5
3
1
1
11-7
10
3
«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)
5
1
1
3
4-6
4
4
АГМК (Узбекистон)
5
1
1
3
7-12
4

Тақвими бозиҳои охирин

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон)

Эзоҳ: бозиҳо соати 22:00 бо вақти Арабистони Саудӣ (соати 00:00 1-уми май бо вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз шуруъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG