Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс дар бораи доҳии коммунистон. Сиёсати Ленин дар баробари тоҷикон хуб буд ё бад? ВИДЕО


Имрӯз дар бораи пешвои коммунистҳои ҷаҳон, Владимир Ленин, суҳбат мекунем, ки бисёре аз Шумо ӯро мешиносед ва ҳайкалашро ҳам шояд дидаед. Ҳарчанд пайкараву муҷассамаҳои ӯро дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон канданд ва ба ҷояш рамзҳои дигару пайкараҳои Исмоили Сомониро гузоштанд, як ҳайкали он дар ноҳияи Муъминобод мондааст ва раиси ноҳия гуфт, ки ҳеч касе ба он даст намерасонад.

Ҳамин гуфтаи раиси Муъминобод ва гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ӯ, баҳси зиёдеро дар вебсайти мо барангехт. Баъзеҳо гуфтаанд, некиҳое, ки Ленин дар ҳаққи миллати тоҷик кардааст, дигарон накардаанд. Гуруҳе гуфтаанд, ки маҳз Владимир Ленину коммунистҳои пайрави ӯ мусибати зиёде ба сари тоҷикон овардаанд. Хулоса, баҳси ҷолибе дар бораи доҳиву пешвои коммунистон идома дорад ва ҳамроҳ мебинем, ки хубиву бадиҳои Ленин чӣ будааст.

Корбаре бо номи "Ҳақиқат" дар шарҳи дарозе дар вебсайти Радиои Озодӣ хубиҳои Владимир Ленинро барои тоҷикон баршумурдааст. Ӯ гуфтааст, "магар ҳамон Ленин набуд, ки беморхонаҳо сохт ва табибони рус ба кумаки падару бобоёни мо омаданд. Ҳамон Ленин буд, ки ятимхонаҳо, интернатҳо боз карда, бобоёни моро бепул хононд ва таҳти ҳимоя гирифт. Камбағал соҳиби обу замин ва обрӯ шуд. Сиёсати ленинӣ буд, ки мактаб бепул, табобат бепул, донишгоҳҳо бепул ва мардум сер буд."

Айни шарҳҳо зиёданд ва гуруҳе гуфтаанд, ки агар Ленину инқилобаш намебуд, миллати тоҷик ва умуман Осиёи Марказӣ пешрафт намекарданд ва бо ақидаҳои иртиҷоӣ ва ақибмондаи Аморати Бухоро мемонданд. Даҳҳо нафар аз корбарони дигар, ки зоҳиран дар замони Шӯравӣ зиндагӣ кардаанд, ба раиси ноҳияи Муъминобод аҳсану офарин хондаанд, ки намегузорад, касе ба ҳайкали пешво ва ё доҳии коргарон даст расонанд.

Аз ҷумла, корбаре бо номи "Коргари ҳукумат" навишт: "Офарин раис. Ҳамин Ленин буд, ки мо имрӯз соҳиби истиқлол шудем. Шахсоне, ки Ленинро таҳқир мекунанд, бесавод ҳастанд. Як таърихро хонед. Пеш аз инқилоб харитаи Тоҷикистон дар куҷо буд?"

"Ҳизби коммунист миллати моро тарсу кард"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Аммо шарҳҳо дар бораи бадиҳои сиёсатҳои Владимир Ленин барои Тоҷикистон ҳам кам нест. Гуруҳе аз корбарон гуфтаанд, баъзе аз мушкилоте, ки мардуми тоҷик ҳоло доранд ва ранҷу азоби онҳоро мекашанд, оқибати сиёсатҳои ленинӣ ва коммунистии Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст, ки Ленин бунёдгузори он буд.

Як корбар, ки нахостааст номашро бигӯяд, навиштааст: "Маҳз давлати Шӯравӣ аз Маскав Тоҷикистонро як порча кард, Самарқанду Бухоро ва Сӯхро ба Узбекистон дод, заминҳои Тоҷикистонро ба қирғизҳо дод ва Ворухро анклав кард. Онҳо бояд масоҳати Тоҷикистон ва Узбекистону Қирғизистонро як хел тақсим мекардаанд. Барои ин хато, Русия бояд муҳоҷирони тоҷикро эҳтиром ва дастгирӣ кунад. Ихроҷи муҳоҷирон барои риоят накардани қоидаҳои сабукро бас кунад."

Ба ақидаи як корбари дигар, таъсири сиёсатҳои саркӯбгаронаи коммунистӣ дар замони Шӯравӣ, ки дар он тоқати шунидани танқиду дигарандеширо надоштанд, то ҳол дар Тоҷикистон эҳсос мешавад, ки барои ҷомеа бисёр бад аст.

Шарҳи ин корбар, ки худро "Барои баҳс" муаррифӣ кардааст, дароз аст ва мухтасари онро мехонем: "Оё Ҳизби коммунистӣ дар дили ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ фарҳанги тарсро ҷой накард? Имрӯз одамон метарсанд, ҳатто аз ҳаққи худ дифоъ намоянд. Ҳизби коммунист аз фарзандон мехост, аз паси волидон ҷосусӣ кунанд, шавҳар аз болои ҳамсар, ҳамсоя аз болои ҳамсоя. Ҳама аз якдигар метарсид. Ҳизби коммунист миллати моро тарсу кард. Албатта, фоида расонд, аммо зарараш 10 маротиба аз фоидааш бештар буд".

Дар ин миён як корбар гуфтааст, инсон ё ҳар идеология ҳар қадар бузург ва таъсиргузор набошад, парастиш ва муболиғаву ба осмон бардоштани он кори хатост ва набояд дар ҳеч ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дошта бошад. Ин корбар, ки худро "Инсонпараст" муаррифӣ кардааст, дар шарҳе, ки ба вебсайти Радиои Озодӣ фиристод, менависад: "Ҳар гуна парастиш бӯйи фашизмро дорад, хоҳ арабпарастӣ, хоҳ бутпарастӣ, хоҳ ленинпарастӣ ва ҳар гуна пешвопарастӣ инҳироф аз роҳи инсоният аст. Худоё, аз ин равияҳои фашистӣ моро дар амон нигоҳ дор!"

Шумо чӣ мегӯед, сиёсатҳои Ленин барои миллати тоҷик хуб буд ва ё не? Назаратонро зери барнома нависед ва ё дар видео сабт кунеду ба ин шумора (+420) 607 900 808 бифристед. Вотсапп, Вайбер, телеграму Имо ҳам дорад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG