Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд

  • Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, мақомоти ду кишвар мегӯянд, ки вазъ ҳоло ором аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, баъд аз эълони оташбас дар шаби гузашта, дар ин минтақа садои тирпаронӣ шунида намешавад. Аммо ба навиштаи баъзе хабаргузориҳо, шаби гузашта дар марз миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Бодканди Қирғизистон тирпарониҳои пароканда сурат гирифтааст. Радиои Озодӣ ҳодисаро пайгирӣ дорад ва хабарҳои навро дар зер бихонед:

Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқиша дар марз. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд

Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон 30-юми апрел, пас аз як рӯзи муноқиша дар марз, ки аз ду ҷониб даҳҳо захмиву кушта бар ҷой гузошт, телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборовро "дар наздиктарин фурсат" бо як сафари расмӣ ба Душанбе даъват карда ва гуфтааст, "санаи баргузории мулоқот дертар тавассути каналҳои дипломатӣ маълум хоҳад шуд".

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба мувофиқа расидаанд, ки дар нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқоти рӯ ба рӯ мекунанд. Аз он пеш, рӯзи 1-уми май, музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ дар мавриди таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд доир хоҳад шуд.

Сомонаи президенти Қирғизистон навишт, "суҳбати ду раҳбар дар фазои дӯстона ва бар пояи эҳтироми тамомияти арзии ду кишвар барпо шуд". Хабаргузории расмии "Ховар" низ мулоқоти ду президентро "умедворкунанда" номид.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон менависад: "Майли ҷониби Қирғизистон ин аст, ки ҳама масоили байнидавлатӣ аз роҳи муколама ҳалли худро пайдо кунанд ва вазъи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил бимонад". Ҷабборов изҳори итминон кардааст, ки ҳамкориҳои байни Қирғизистон ва Тоҷикистон “дар оянда ҳам бар асоси дӯстии суннативу дерина ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни мардуми тоҷику қирғиз батадриҷ пешрафт мекунад”.

“Ховар” навишт, ҳарду президент ба зарурати идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи ду кишвар таъкид карданд.

Муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 31 нафар ва маҷруҳ шудани 154 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 12 қурбонии муноқишаро дар марз бо Қирғизистон маълум кард.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз дошта, то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд.

Радиои Озодӣ номи 12 қурбонии муноқишаи марзӣ бо Қирғизистонро маълум кард

  1. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;
  2. ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;
  3. САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;
  4. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.
  5. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;
  6. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  7. ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
  8. ИБРОҲИМ ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
  9. СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
  10. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
  11. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
  12. ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

Тоҷикистону Қирғизистон розӣ шудаанд, ки нерӯву техникаҳои худро аз минтақаҳои марзӣ берун мебаранд

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расидаанд, ки "тамоми нерӯ ва техникаи ҳарбии худро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ берун бурда, роҳҳоро мекушоянд ва ҳаракати бемамониати шаҳрвандонро таъмин мекунанд".

Мулоқот рӯзи 30-юми апрел дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи "Гулистон" ва гузаргоҳи "Қизил-Бел" баргузор шуд. Ҳайатҳоро раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раҳбарӣ карданд.

"Мулоқот дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо хоҳиш ва омодагии худро барои ҳалли ҳама масъалаҳо тавассути гуфтушунид изҳор карданд", -- гуфта шудааст дар изҳороти муштарак.

Бино ба ин изҳорот, "бо ҳадафи таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таҳти роҳбарии фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд."

Қарор шудааст, ки рӯзи 1-уми май дар вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шавад.

Ҷасади ду қурбонии муноқишаи марзиро дар Исфара дафн карданд

Ҷасади ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро, ки ба қавли наздиконашон дар муноқишаи рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон ҳалок шудаанд, ба хок супориданд. Маросими дафни онҳо баъд аз зуҳри 30-юми апрел баргузор шуд.

Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимхон Ҳошимзода 26-сола буданд.

Гузориш аз Хоҷаи Аъло, минтақаи "доғ" дар сарҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 13 ва маҷруҳ шудани 134 нафар хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 8 қурбонии муноқишаро маълум кард.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG