Дар чанд ҷумла
"Барқи тоҷик": лимити барқ бекор шуд
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон пурра лағв шудааст. Ба қавли ӯ, ҳафтаи гузашта ба далели сероб шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли нерӯгоҳи барқии "Норак" ҳама гуна маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ бекор карда шуд. Вай иттилои дақиқ ироа накард, ки феълан чӣ миқдор об ба обанбори нерӯгоҳи "Норак" ворид мешавад, вале гуфт, ки бориш ахир барои афзоиш додани тавлиди нерӯи барқ дар кишвар мусоидат кардааст. Дар аввали моҳи Рамазон Ёдгорӣ гуфта буд, ки маҳдудият дар ин моҳ сабуктар мешавад ва коршиносон мавзӯи лағви комили ба истилоҳ лимит дар манотиқи рустоии кишварро баррасӣ мекунад.
Тасдиқи дурустии ҳарфҳои намояндаи расмии "Барқи тоҷик" тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико ба Аврупо меравад
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҷиҳати иштирок дар Конфронси солонаи сулҳи Мюнхен охири ин ҳафта дар раъси як ҳайати баландпоя ба Олмон меравад. Сипас ӯ ба Словакия ва Маҷористон сафар хоҳад кард.
Ин сафар дар марҳилаи ҳассос анҷом мешавад. Вашингтон ва ҳампаймонҳои аврупоияш бо беэътимодӣ дар бораи амният, тиҷорат ва ояндаи сиёсии ин минтақа дасту панҷ нарм мекунанд. Танишҳое, ки интизор меравад бар баҳсҳои Конфронси сулҳи Мюнхен соя афканад.
Ҷанги Русия алайҳи Украина ва таниш дар атрофи Эрон эҳтимол аз мавзуъҳои асосии баҳс дар ин конфронс бошанд. Баъд аз нишаст дар ин ҳамоиш дар рӯзҳои 13-15-уми феврал, Марко Рубио 15-16-уми феврал дар Братислава ва Будапешт мешавад. Интизор меравад, ки дар Словакия ӯ бо мақомоти баландпоя мулоқот кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки интизор меравад ӯ дар Словакия бо мақомоти баландпоя дар бораи ҳамкориҳои амниятии минтақавӣ ва тарҳҳои энержӣ суҳбат кунад.
Дар Маҷористон меҳвари гуфтугӯҳои Марко Рубио дар бораи равобити дуҷониба ва талошҳои сулҳ бо ҳадафи ҳалли муноқишаҳои ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Меҳвари аслии сафари Рубио мумкин аст суханронии барномарезишудаи ӯ дар Мюнхен дар 14-evb феврал бошад, ки қарор аст таҳти баррасии дақиқ қарор гирад -- ба вижа дар сояи конфронси соли гузашта -- ҷойе, ки суханронии муовини раисҷумҳури Амрико Ҷеймс Дейвид Ванс сару садо ба по кард.
Қамчибек Тошиев ва се муовинашро аз мансаб барканор кардаанд
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳамзамон муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон, ки номаш дар пайванд ба баҳсҳои марзӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст, аз мақом барканор карда шудааст.
Фармонро дар ин бора Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал имзо кард.
Сухангӯйи Ҷабборов аз номи ӯ навишт, “ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа (ҷудоӣ) нашавад ва баръакс ягонагӣ тақвият ёбад.”
Се муовини Қамчибек Тошиев дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз вазифа сабукдӯш шуда, ба ҷойи онҳо афроди нав таъйин гаштаанд
Дар яке аз сафоратҳои Қирғизистон дар Аврупо рӯзи даҳуми феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, Қамчибек Тошиев дар шаҳри Мюнхени Олмон табобат мегирад.
Ӯ, ки аз ҳампаймонҳои сиёсии раисҷумҳури Қирғизистон буд, пас аз рӯйдодҳои октябри соли 2020 дар Қирғизистон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар таъйин шуда, ба гуфтаи худаш, муборизаро алайҳи фасоди молӣ ва ҷинояткории созмонёфта эълон кард.
Дар аҳди раёсати ӯ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чанде аз чеҳраҳои шинохтаи олами ҷиноӣ дар Қирғизистон дастгиру кушта ва молу амволашон ба фоидаи давлат мусодира шуд. Ҳамзамон бо ин, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони мухолифу расонаҳои озод низ афзоиш ёфт.
Қамчибек Тошиев дар ҳалли баҳси сарҳадӣ бо Тоҷикистон, ки солҳои охир шоҳиди задухӯрд ва кушта шудани даҳҳо нафар аз ду тараф буд ва соли 2025 бо созиши марзӣ поён ёфт, ҳайати кишварашро роҳбарӣ мекард.
Ҷасади Мансур Назаров (Боксёр)-ро аз зиндони Хуҷанд ба хонааш бурдаанд
Маъмурони зиндони шаҳри Хуҷанд ҷасад ё пайкари Мансур Назарови 59-сола, машҳур бо лақаби “Боксёр” ва раиси собиқи як корхонаи тобеи “Роҳи оҳан” дар вилояти Суғдро ба наздиконаш супурдаанд.
Яке аз наздикони Мансур Назаров рӯзи 10-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ бояд ҳамин ҳафта аз боздошт раҳо мешуд. Маъмурони зиндон сабаби марги ӯро “хунравии аз ҳад зиёд” гуфтаанд.
Мақомот сабаби марги ӯро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.
Мансур Назаров соли 2017 бо иттиҳоми роҳзанӣ (рэкетир) дар замони ҷанги шаҳрвандӣ боздошт ва ба он гунаҳкор дониста шуд, ки соли 1994 як соҳибкори маҳаллиро дар Конибодом барои надодани "ҳақ" (доля) "то мурдан задааст".
Додгоҳ соли 2019 ӯро ба даҳ сол зиндон маҳкум кард. Наздиконаш бовар доранд, ки "ба ӯ туҳмат шудааст".
Як тан аз наздиконаш, ки нахост номашро зикр кунем, рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Мансур Назаров дар зиндоне адои ҷазо мекард, ки бино ба хабарҳои расида, рӯзи 31-уми январи имсол се зиндонӣ дар онҷо кушта шуд.
“Ба гӯши мо як хабар расид, ки дар ҳамон ҷо гуё маъюб шудааст. Дигар чизе намедонем,” -- гуфт ӯ.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2017 дар як хабарнома гуфта буд, ки ҷиноятҳои Мансур Назаровро пас аз 23 сол ошкор кардаанд.
Назаров дар гузашта раҳбари корхонаи “Нафт”-и Конибодом ва раиси корхонаи таъмири қаторҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар Суғд будааст. Вайро дар зодгоҳаш, шаҳри Конибодом, бештар ҳамчун варзишгар мешинохтаанд.
Шӯрои уламо гуфт, Рамазон дар Тоҷикистон 19 феврал сар мешавад
Шӯрои уламои Маркази исломӣ бар асоси “далелҳои илмӣ” эълон кардааст, ки имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 19-уми феврал шуруъ мешавад. Қарор рӯзи 10-уми феврал содир шуд.
Ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон нисоби закотро 64 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст. Аз ин пул бояд 1600 сомонӣ закот дода шавад.
Фитри рӯза барои як нафар 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 72 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз) аст.
Шӯрои уламо барои касоне, ки наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, 420 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муқаррар кард.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини Ислом ба шумор меравад. Зиёда аз навад дарсад аз аҳолии Тоҷикистон пайрави ин дин ҳастанд, вале солҳои охир мақомот аз афзоиши ифротгароии динӣ нигарон буда, садҳо нафарро бо ин гумон дастгиру зиндонӣ кардаанд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ пайваста аз Тоҷикистон мехоҳанд, ки мубориза бо ифротгароии исломӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва мухолифони низом истифода накунад.
Боздошти як кас ва фирори се нафар. Ҳодисаи нав дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, як гурӯҳи чорнафарӣ аз хоки Афғонистон ба ҳудуди кишвар гузашта, як тани онҳо дастгир ва сеи дигар фирор кардаанд.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар баёнияе гуфт, ҳодиса шаби 10-уми феврал дар дидбонгоҳи сарҳадии "Дарқад" дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рӯй дод.
Мақомот аз онҳо қочоқбар ном бурдаанд. "Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста ҳашиш мусодира гардид. Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд,” – гуфта шудааст дар хабарномаи мақомот.
Ба иттилои расмӣ, дар ҷойи ҳодиса ду камераи резинӣ ҳам гирифта шудааст, ки "қочоқбарон ҳангоми убури сарҳад аз он истифода бурдаанд."
Тоҷикистон дар пайванд ба ҳодиса бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқ ва ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад парванда боз кардааст.
Феълан шарҳи ҷониби Афғонистон дастрас нест.
Дар ду моҳи охир бори севум аст, ки аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гузориш мерасад.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар моҳи январ гуфт, чаҳор узви як созмони террористиро дар сарҳад бо Афғонистон маҳв кард. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати “Толибон”, онҳоро “қочоқбарони одӣ” номид.
Аз он пеш, дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.
Дар моҳи декабри соли гузашта низ аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон се ҳамла сурат гирифта, даҳ коргар аз Чин кушта ва захмӣ гаштаанд. Баъзе аз ин коргарон дар маҳалли заршӯйӣ дар Шӯрободи собиқ ва қисме дигар дар роҳсозӣ дар Дарвоз кор мекарданд.
Тоҷикистон ин ҳодисаҳоро маҳкум кард ва аз "Толибон"-и ҳоким дар Афғонистон хост, масъулиятҳояшонро барои муҳофизати марз иҷро кунанд. Ҳукумати “Толибон” дар навбати худ “баъзе аз ҳалқаҳо”-ро гунаҳкор кард, вале аз касе ё гурӯҳе ном набурд.
Узбекистон барои фаҳшу ҳақорат дар интернет ҷазо ҷорӣ мекунад
Ба зудӣ дар Узбекистон барои нашр ва истифодаи дашному ҳақорат дар интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, дар шакли ҷарима ва ҳабс ҷазо ҷорӣ мекунанд.
Тарҳи қонун дар ин замина дар хониши аввал дар Олий Маҷлис ё парлумони Узбекистон қабул шуд. Дар ин бора рӯзи 7 феврал дар телеграм-канали парлумон хабар дода шудааст.
Вакилони маҷлиси Узбекистон барои нашри алфози қабеҳ дар интернет ҷарима дар ҳаҷми 5 миллион сӯм ё 400 доллар ва ҳам ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 10 шабонарӯзро дуруст мешуморанд.
Вакилон мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ба риояи маданият ва одоби рафтор дар интернет одат кунонидани корбарон мебошад.
Дар Шаҳринав омӯзгороне, ки ҳаҷ кардаанд, ҳаққи раҳбарӣ надоранд
Дар ноҳияи Шаҳринав омӯзгороне, ки сафари ҳаҷ ё умра кардаанд, дигар ҳақ надоранд дар вазифаҳои раҳбарии мактаб фаъолият кунанд ва ё ҳатто раҳбари синф бошанд.
Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Шаҳринав ахиран дар мулоқот бо хабарнигирон гуфт, 70 омӯзгор аз ин ноҳия ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси исломӣ дар Арабистони Саудӣ рафтаанд.
Вай аз он интиқод кард, ки аксари ин муаллимон дар дарсҳо ба хонандагон ба ҷойи барномаи дарсӣ, аз зиёрати худ қисса мекунанд, ки ба гуфтаи раиси ноҳия, дуруст нест. Ба таъкиди ӯ, омӯзгорон чунин ҳақ надоранд ва набояд миёни хонандагони ташвиқот баранд.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолатро мутахассисони ноҳия дар мактабҳо санҷидаанд ва дастур шудааст, ки омӯзгороне, ки ба хонандаҳо қиссаи сафари ҳаҷро мекунанд, дигар набояд ҳамчун раҳбари синф фаъолият намоянд.
Назари омӯзгорони ноҳия, ки ба зиёрати ҳаҷ ва умра рафтаанд, ба ин гуфтаҳои Абдуқодир Вализода маълум нест.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шумори зиёде аз корбарон аз ин амалкарди раиси ноҳияи Шаҳринав интиқод кардаанд. Шуморе ҳам аз ӯ пуштибонӣ намудаанд.
Соли гузашта раҳбарияти Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон ҳам аз сафари ҳаҷ кардани мақомдорони давлатӣ норозигӣ карда, гуфта буд, беҳтар аст онҳо баъди ба нафақа баромадан ба зиёрати Макка раванд.
Дар ҳамин ҳол, миёни кормандони идораҳои давлатӣ ва омӯзгорон ҳам чунин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо рафтан ба зиёрати ҳаҷ ва умра, эҳтимоли аз кор озод шуданашон ҷой дорад.
Сафари муовини президенти Амрико ба Арманистон
Ҷеймс Дейвид Ванс, муовини раисҷумҳури Амрико рӯзи 9 феврал ба Арманистон сафар кард.
Ӯ пас аз вуруд ба Ереван -- пойтахти Арманистон, бо Никола Пашинян, нахуствазири он кишвар дидор кард.
Ҷеймс Дейвид Ванс баландпоятарин мақомдори амрикоӣ аз ҳукумати Доналд Трамп аст, ки ба Арманистон сафар мекунад.
Ин сафар тақрибан шаш моҳ пас аз он сурат мегирад, ки Арманистон ва Озарбойҷон созишномаи поёни муноқишаи тӯлонӣ бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро бо миёнаравии Амрико имзо карданд.
Ба гузориши бахши армании Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин сафари муовини раисҷумҳури Амрико асосан бар робитаҳои иқтисодӣ байни ду кишвар тамаркуз хоҳад кард.
Кохи Сафед гуфтааст, ки Ҷеймс Дейвид Ванс пас аз сафар ба Арманистон раҳсипори Боку, пойтахти Озарбойҷон мешавад.
Ӯ рӯзҳои 10-11 феврал бо мақомҳои озарбойҷонӣ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Яке кушта ва дигаре дар бемористон. Ба раиси "Кӯлоб Таксӣ" ва бародараш чӣ шуд?
Мақомот дар Кӯлоб Зафар Орифов, сокини ин шаҳрро бо гумони оғози ҷанҷоле, ки боис ба захмӣ шудани раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ” ва кушта шудани бародари ӯ шудааст, таҳти пайгард қарор додаанд.
Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳодиса рӯзи 7-уми феврал дар маҳаллаи Якуми майи Кӯлоб рух додааст. Шарҳи расмии воқеа дастрас нест.
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Маҳмудҷон Маҳмудов, раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ”, ҳоло дар бемористон бистарӣ аст. Бародари ӯ, Қурбоналӣ Маҳмудов, рӯзи 9-уми феврал, пас аз ду рӯзи беҳушӣ ҷон додааст.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ дар ин бора нест.
Шоҳидони ҳодиса 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки Зафар Орифов, сокини ин маҳалла бо сабаби инки бародарон дар назди хонаи ӯ экскватор гузошта, роҳро бастаанд, бо онҳо муноқиша кардааст.
Ба гуфтаи чор шоҳиди ҳодиса, Зафар Орифов бо мушт ба Қурбоналӣ Маҳмудов задааст ва ӯ ба девори бетонӣ бархӯрда, бар асари захмҳои бардоштааш ҷон додааст.
“Вақте пизишкон ба Маҳмуд Маҳмудов мегӯянд, бародараш осеби сахти мағзӣ дидааст ва дигар шифо нахоҳад ёфт, ӯ Зафар Орифовро ба суҳбат даъват мекунад. Ӯ рад мекунад ва Маҳмуд Маҳмудов асабӣ шуда, нисфе аз хонаи падарии ӯро бо экскватор хароб мекунад. Аминҷон, бародари Зафар Орифов, ба Маҳмуд бо корд ҳамла карда, ӯро захмӣ кардааст,” – гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса.
Назари пайвандони ду тараф ба ин ҳодиса маълум нест. Як тан аз ҳамсоягони онҳо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, баҳонаи ҷанҷол ночиз буд ва танҳо “асабӣ шудани беҳуда ва якравӣ” боис ба ин фоҷеа гашт.
Ҷасади Қурбоналӣ Маҳмудов нисфирӯзии 9-уми феврал ба хок супурда шудааст.
Ҷаримаи беш аз 2300 корманди идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон
Дар як сол беш аз 2300 корманди идораҳои давлатиро дар Тоҷикистон барои пешниҳоди омори нодуруст ва изофанависӣ ҷарима бастаанд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омор, рӯзи 9-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, аксари ин маврид ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.
Ба иттилои вай, барои чунин амал мансабдорон зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохтаанд.
Мақомот дар Тоҷикистон пайваста аз рушди иқтисод гап мезананд, вале мухолифони ҳукумат ҳамвора нишондодҳои блоки иқтисодии кишварро мавриди шубҳа қарор медиҳанд.
Боздошти як гурӯҳи “созмонёфта” барои дуздии гову асп дар Данғара
Дар ноҳияи Данғара як гурӯҳи “созмонёфта”-ро бо гумони дуздии гову аспи мардум дастгир кардаанд.
Нодир Қодирзода, додситони ноҳия, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин афрод ду ҳафта пеш дастгир шуда, таҳқиқи парвандаашон идома дорад ва биноан ному насабашон ошкор намешавад.
Ба иттилои ӯ, аъзои гурӯҳ аз соли 2015 ба дуздии чорво даст зада, то кунун 28 мавриди он ба мақомот маълум будааст. “Аспу говро кушта, гӯшташонро берун аз ноҳия бурда мефурӯхтаанд. Ҳатто қассоби муайян доштаанд,” – гуфт Нодир Қодирзода.
Солҳои охир баъзе аз сокинон аз гум шудани чорвои худ дар гӯшаҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд. Нозим Муродов аз ноҳияи Восеъ мегӯяд, афроди ношинос панҷ сол пеш чанд гови ӯро аз хонааш бурданд, вале то кунун гумонбарон пайдо нашудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо дар вебсайташ дар соли 2025 дар бораи бист мавриди дуздии чорво гузориш додааст. Ин оморест, ки сокинон шикоят ва мақомот пас аз ёфтани гумонбарон онро расонаӣ кардаанд. Омори ғайрирасмӣ метавонад бештар аз ин бошад.
Арзиши гӯшти чорво дар Тоҷикистон дар солҳои охир афзоиш ёфта, як килои он тибқи нархномаи мақомот каме болотар аз ҳафтод сомонӣ, вале бар асоси гуфтаҳои мардум зиёда аз сад сомонист.
Сарнавишти норӯшани беш аз 300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурия
Идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ба далели ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, мавзӯи бозгардонидани занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик аз урдугоҳҳои он кишвар норӯшан боқӣ мондааст.
Ин ниҳод шумораи занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро ҳудуди 250-300 тан медонад.
Суҳайлӣ Қодирӣ, мудири шуъбаи ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон рӯзи 9 феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, бо тағйир ёфтани ҳукумат дар Сурия, айни замон гуруҳи корӣ дигар дар ин самт фаъол нест ва тақдири занону кӯдакони боқимондаи тоҷик айни замон номуайян боқӣ мондааст. Аммо ба гуфтаи ин масъули ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, давлат дар фикри ёфтани роҳҳои бозгардонидани ин афрод аст.
"Мутассифона баъзе занону кӯдакон то ҳол дар онҷо боқӣ мондаанд. Инҳо пеш аз ҳама бо айби худашон онҷо монданд. Зеро дар марҳилаи ахир мо дар назар доштем, ки тамоми занону кӯдакони боқимондаро бармегардонем. Аммо мутаассифона онҳо худашон розӣ нашуданд, ки баргарданд. Онҳо гумон мекарданд, ки ба Тоҷикистон баргарданд, алайҳи онҳо парванда боз мешавад",-гуфт Суҳайлӣ Қодирӣ.
Бино ба омори мақомоти Тоҷикистон, шумораи занону кӯдакони тоҷик дар Сурия беш аз 800 тан буд, ки дар чанд марҳила, аз ҷумла 84 кӯдак дар соли 2019, 184 зану кӯдак дар соли 2022 ва 104 зану кӯдаки дигар дар соли 2023 ва ахиран 47 зану кӯдак дар соли 2024, баргардонида шуданд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки ҳамаи ин занону кӯдакон пас аз нигаҳдорӣ дар маконҳои вижа ва гузаштани марҳилаи тавонбахшӣ, дар ҳоли ҳозир ба хонаводаҳояшон супурда шуданд.
Баъди зуҳури ДОИШ дар соли 2013 ва ишғоли қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ, беш аз 2 ҳазор ҷавони тоҷик ба сафи ин гурӯҳи террористӣ пайваста, зану фарзандони худро ҳам бо худ ба онҷо бурданд.
Теъдоди зиёде аз он ҷангҷӯён куштаву беному нишон шудаанд ва қисмате аз зану фарзандони онҳо ҳанӯз дар урдугоҳҳои Сурияву Ироқ мондаанд.
Дар Душанбе ду нафарро барои долларҳои қалбакӣ дастгир кардаанд
Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз боздошти гурӯҳе хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба ворид ва паҳн кардани долларҳои қалбакӣ машғул буданд.
Раёсат бо нашри наворе 7-уми феврал хабар дод, ки аз ду сокини 27 ва 31-солаи ноҳияи Шоҳмансур 82 саддоллараи қалбакӣ дарёфту мусодира кард.
Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшудаҳо пули қалбакиро аз як сокини Ваҳдат, ки аз ӯ сардори гурӯҳ ном бурда шудааст, дастрас мекардаанд.
Санҷиши мақомот маълум кардааст, ки долларҳои тақаллубиро аз хориҷи кишвар ворид мекарданд.
Ба иттилои пулиси Душанбе, гумонбарон рӯзи 30-юми январ 10 ҳазор долларро бар ивази 30 ҳазор сомонӣ аз раҳбари гурӯҳ харида, ба муомилот баровардаанд ва ҳоло роҳбар ё дастраскунандаи асъори қалбакӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.
Назари гумонбарон ва наздикони онҳо маълум нест.
Қонун барои ин афрод аз 8 то 12 сол зиндон пешбинӣ мекунад.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват намудаанд, ки дар ҳолати мушоҳидаи пули қалбакӣ ба пулис муроҷиат кунанд.
Наргис Муҳаммадӣ дар Эрон ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуд
Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ки чанд моҳ пеш дар Эрон боздошт шуда буд, ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум шудааст.
Ба гузориши Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Наргис Муҳаммадӣ ҳамчунин мамнуъулхуруҷ шудааст.
Наргис Муҳаммадии 52-сола яке аз фаъолони ҳуқуқи башар дар Эрон аст, ки дар гузашта низ чандин солро дар зиндон сипарӣ карда буд.
Ӯро ба 12 сол зиндон зиндон маҳкум карда буданд ва соли гузашта аз зиндон озод шуд ва таҳти дармон қарор гирифт.
Ҳалокати се каси дигар дар ҳамлаҳои Русия дар шарқи Украина
Бар асари ҳамлаҳои Русия дар Краматорск, шаҳре дар шарқи Украина, камаш се нафар кушта ва тақрибан бист кас захмӣ шудаанд.
Мақомоти Украина рӯзи 8-уми феврал гуфтанд, ки Русия шаби гузашта асосан биноҳои истиқоматиро нишон гирифт. Ба гуфтаи онҳо, Маскав дар ин ҳамла аз бомбҳои сангин истифода кардааст.
"Хонаи ман дар ошёнаи сеюм аст. Ҳеч чиз намонд. На дар ва на тиреза," -- гуфт як зан ба бахши украинии Радиои Озодӣ.
"Ҳангоми таркиш ҳамаи тирезаҳо шикаст. Дарҳои байни ҳуҷраҳо ва яхдон низ. Ҳама чиз шикаст," -- гуфт марди дигаре.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, Русия шаби гузашта ба гӯшаҳои ин кишвар беш аз 400 ҳавопаймои бесарнишин ва мушак сар додааст.
Краматорск дар баробари Славянск аз шаҳрҳои бузурге дар Донетск аст, ки Украина то ҳол зери назорат дорад. Ин ду шаҳр барои мудофиаи Украина дар минтақа муҳим шуморида мешаванд.