Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сол пеш вазири тандурустӣ нав шуд, чӣ тағйир ёфт?


Ҷамолиддин Абдуллозода ва Насим Олимзода

Як сол пеш дар пайи як тағйироти кадрӣ Насим Олимзода аз мансаби вазири тандурустии Тоҷикистон барканор шуд ва ба курсии ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода нишаст.

Барканории вазир ҳамагӣ пас аз чанд рӯзи эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон сурат гирифт. Дар як моҳи охири раёсати ӯ дар кишвар фавти одамон аз бемориҳое, ки коронавирус бармеангезад, расонаӣ шуда, вале ӯву ҳамкоронаш будани бемориро рад мекарданд.

"Тарзи кӯҳнаи корро идома дод"

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазири тандурустиро айбдор карданд, ки ба COVID-19 гирифтор шудани одамонро муддати дароз пинҳон дошт ва ин як қисми мардумро бепарво карду боиси босуръат паҳн шудани вирус гашт. Созмонҳои байналмилалӣ ҳам бо роҳҳои дипломатӣ талош карданд, ки Тоҷикистон пандемияи коронавирусро эътироф кунад.

Ҳанс Клюге, роҳбари бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар охири моҳи апрели соли 2020 аз Русия хоcт, ба Тоҷикистону Туркманистон таъсир биорад, ки вуҷуди коронавирусро ҷидддӣ гиранд. Кюлеге дар суҳбат аз роҳбари “Роспотребнадзор”, идораи беҳдоштии Русия, хоҳиш кард, то барои арзёбии вазъи воқеии эпидемиологӣ коршиносонашро ба Тоҷикистону Туркманистон фиристад.

Пас аз аз он ки маълум шуд коршиносон барои санҷиши вазъи вобаста ба коронавирус меоянд, Тоҷикистон билофосила рӯзи 30-юми апрел эътироф кард, ки COVID-19 ба 15 нафар сироят кардааст.

Пас аз он Ҷамолиддин Абдуллозода, мудири пешини шифохонаи “Истиқлол”-и пойтахт, вазири тандурустӣ таъин шуд. Бисёриҳо интизор доштанд, ки шеваи кори вазорат дигар шуда, мақомот минбаъд аз расонаҳо ва мардум иттилоъро пинҳон намедоранд, аммо вазири нав шеваҳои кӯҳнаи корро идома дод. Аксарият ба иттилое, ки вазорат дар мавриди беморон ва маргу мир аз COVID-19 нашр мекард, бо чашми шубҳа менигаристанд.

Барои мисол, бино ба рақами расмӣ, шумори фавтидагон дар Тоҷикистон аз коронавирус 90 нафар ҳастанд, аммо Радиои Озодӣ дар пайи як кандуков маълум кард, ки шумори қурбониёни COVID-19 ва бемориҳои монанд ба он беш аз 200 нафаранд.

Бо гузашти як сол мақомот дар Тоҷикистон реҷаи сахти хонанишинӣ ҷорӣ накарданд ва аввал президент Эмомалӣ Раҳмон ва сипас вазири тандурустӣ аз ин иқдом пуштибонӣ карданд. Ба ин минвол, Вазорати тандурустӣ аз моҳи январи соли 2021 ба ин сӯ якбора аз сироят нашудани беморӣ ба сокинон хабар дод.

Радиои Озодӣ бо чанд суол, аз ҷумла чӣ гуна Тоҷикистон тавонист, дар арзи 8 моҳ ба коронавирус пирӯз ояд, дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсоя ва абарқудратҳои ҷаҳон ҳанӯз бо пандемия даст ба гиребонанд, ба вазири тандурустӣ хаттӣ муроҷиат кард. Аммо бо вуҷуди ваъда, вазир на ба мактуб ва на ба зангҳои телефонии Радиои Озодӣ дар ин бора посух нагуфт.

"Маълум нест чаро, аммо касе бо COVID-19 бистарӣ нест"

Коршиносон дар Тоҷикистон низ мегӯянд, ба иддаои набудани коронавирус дар кишвар бо шубҳа менигаранд. Ҷумъабой Сангинов, пизишики собиқадор ва вакили пешини порлумон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчун мутахассис сари ин мавзуъ андеша карда буд.

Ӯ мегӯяд, наметавон гуфт, ки Тоҷикистон ба коронавирус ғалаба кард, аммо воқеият ин аст: бемористонҳое, ки ба табобати беморони COVID-19 ихтисос дода шудаанд, холиянд.

Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов

"Ман ҳамчун мутахассис бо эпидемиологҳо доим дар тамос ҳастам. Шояд шахсоне ҳастанд, ки ноаён ва дар шакли сабуктар бемориро паси карда истодаанд. Аммо аз он ки бемории онҳо аломатҳои возеҳи клиникӣ надорад, расман сабт карда намешаванд", -- иброз дошт Сангинов.

Мусоҳиби мо афзуд, ҳоло ба суоли ин ки чӣ гуна ба Тоҷикистон муяссар шуд, дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ пеши роҳи пандемияро гирад, посух гуфтан душвор аст, чун барои ин таҳқиқоти амиқи илмӣ зарур аст.

"Иммунитети дастҷамъӣ" ҳосил шудааст?

Баъзе аз пизишкони дигар тахмин мезананд, ки эҳтимол бинобар ҷорӣ нашудани карантини шадид дар Тоҷикистон иммунитети дастҷамъӣ (коллективний иммунитет) ба вуҷуд омадааст.

Норим Одинаев, табиби тоҷик, ки дар шаҳри Могадиши Сомали кор мекунад ва ҳоло дар шаҳри Панҷакент аст, гуфт, зоҳиран шумори бузурги мардум ба коронавирус гирифтор шуда, шифо ёфтанд ва эҳтимол дар миёни аҳолӣ масуният ё подтани зидди COVID-19 ба вуҷуд омадааст.

"Ҳанӯз дар оғози пандемия суханронии яке аз олимон ва эпидемиологҳои барҷастаро шунида будам, ки гуфта буд билохира бадани ҳар нафар чӣ аз роҳи сироят ва ё бо усули тазриқи ваксина бояд бо коронавирус боре дучор ояд. Интизор меравад, тадриҷан нерӯи сироятии коронавирус заиф шуда, онро ҳар сол мардум мисли бемории зукоми мавсимӣ паси сар кунанд", -- шарҳ дод ӯ.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон ба набудани короновирус дар кишвар дар ҳоле исрор меварзанд, ки кишварҳои ҳамсоя – Узбекистону Қирғизистон, Афғонистон ва Чин – аз пирӯзӣ ба COVID-19 намегӯянд ва дар баъзе аз кишварҳо гирифторӣ ба ин вирус дубора авҷ гирифтааст.

"Пизишкон мераванд" - мушкили дигари соҳа

Ба ҷуз аз пинҳон доштани омори марбут ба пандемия мақомоти тандурустии Тоҷикистон бинобар "фирори мағзҳо", бахусус духтурони варзида ба хориҷи кишвар, танқид мешаванд.

Даврон Муҳаммадиев
Даврон Муҳаммадиев

Даврон Муҳаммадиев, пизишки варзидаи тоҷик, ки дар созмони Салиби Сурх дар Аврупо фаъолият дорад, гуфт, Тоҷикистон барои нигоҳ доштани табибон дар дохили кишвар бояд талош варзад. Чун, ба гуфтаи ӯ, "ҳоло умуман дар ҷаҳон норасоии кормандони тиб дида мешавад. Дар ин ҳолат, ҳар як мамлакат бояд, чора андешад, то мутахассисони тибби худро ҳавасманд карда, дар системаи тандурустӣ нигоҳ дорад."

Расонаҳо менависанд, зиёда аз 10 ҳазор пизишки ботаҷрибаи тоҷик дар Русия кор мекунанд. Ин кишвар барои ҷалби чунин мутахассисон ба Русия барномаи махсусеро роҳандозӣ кардааст. Як сабаби аслии муҳоҷирати духтурон аз Тоҷикистон маоши паст гуфта мешавад, ки Вазорати тандурустӣ солҳост, наметавонад пеши роҳи онро гирад.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли 2019 ба порлумон дар ин бора ба Вазорати тандурустӣ дастур дода, гуфта буд, барои нигоҳ доштани духтурон, хусусан мутахассисони ҷавон, чора андешад, усулҳои ҳавасмандкуниро ба ҳукумат пешниҳод намояд. Аммо кӯчиши пизишкон ба хориҷа, хусусан Русия, ба истиснои як соли охир, ки бо маҳдудиятҳои марбут ба пандемия ҳамроҳ буд, ҳамоно идома дорад.

Бино ба омори ахир дар Тоҷикистон, табибон вобаста ба дараҷаи тахассус моҳе аз 756 то 1036 сомонӣ ($74 - 101) ва ҳамшираҳои шафқат аз 582 то 683 сомонӣ ($52 - 67) маош мегиранд. Дар Тоҷикистон 70,5 ҳазор корманди тиб фаъолият мекунанд. Дар умум дар қаламрави кишвар 4200 духтур ва 2200 ҳамшираи шафқат намерасанд.

Шарҳҳоро бинед (19)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG