Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 кушта ва беш аз 100 захмӣ дар Кобул. Қурбониён духтарон ҳастанд


Яке аз захмиёнро ба шифохона мебаранд. Кобул, 8-уми майи 2021

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 9-уми май эълон кард, ки бар асари бомбгузории рӯзе пеш дар як мактаби духтарона дар минтақаи Дашти Барчии шаҳри Кобул камаш 50 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Аксари қурбониён духтарони аз 11 то 15-сола ҳастанд.

Ин гуна ҳамлаҳои буздилонаи террористӣ нобахшиданӣ, нопазируфтанӣ ва золимона аст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Ториқ Ориён, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Афғонистон, гуфт, аввал мошини бомбгузоришуда дар наздикии мактаби "Сайид Ал-Шуҳадо" таркида, ду бомби дигар ҳангоми ба воҳима афтодану талотуми донишомӯзон мунфаҷир шудааст.

Тасвирҳо нишон медиҳанд, ки ҷузвдонҳои хунолуд ва китобҳо дар кӯча партофта шудаанд ва дуд аз маҳалли ҳодиса ба само мепечад. Сухангӯйи Вазорати тандурустии Афғонистон гуфт, ҳангоми кӯшиши берун кардани захмиён издиҳоми хашмгин ба мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва ҳатто пизишкон ҳамла кардаанд.

То ин дам ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.

Толибон даст доштани ҷангҷӯёнашро дар ин ҳодиса инкор кард. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, ҳамлаи рӯзи шанберо кори касоне донист, ки ба гуфтаи ӯ, “зери номи ДОИШ ва таҳти пӯшишу чатри истихборотии идораи Кобул фаъолият мекунанд."

Ҳангоми ба шифохона бурдани захмиён
Ҳангоми ба шифохона бурдани захмиён

Дар гузашта гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти шуморе аз ҳамлаҳои маргбор дар Дашти Барчии Кобул, аз ҷумла ҳамла ба таваллудхонаи ҳамон минтақаро ба уҳда гирифтааст.

Аммо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, бе пешниҳоди ҳеч далел Толибонро масъули ҳамла донист.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, дар эъломияе гуфт, "ин гуна ҳамлаҳои буздилонаи террористӣ нобахшиданӣ, нопазируфтанӣ ва золимона аст". Ба гуфтаи ӯ, "калимаҳо дар маҳкумияти ин рӯйдоди зиддибашрӣ, зиддиинсонӣ ва ғайриисломӣ кам меоваранд".

Дафтари ҳайати маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон бобмгузории рӯзи гузаштаро дар Дашти Барчии Кобул як иқдоми ваҳшиёна хонд.

Маъмурияти Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон дар Твиттер ҳадаф қарор додани як мактаби духтаронаро "дар ҳақиқат, ҳамла ба ояндаи Афғонистон" донист.

Сафорати Бритониё дар Кобул ҳамларо маҳкум карда, дар Твиттер навиштааст, ки “ба хушунатҳо бояд фавран ва қабл аз кушта шудани теъдоди бештари кӯдакони бугуноҳ бояд поён дод."

Ҳамлаи охир дар ҳолест, ки дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон хушунатҳо дар саросари ин кишвар авҷ гирифтааст.

Бо дастури раиси ҷумҳури Амрико, Ҷо Байден, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида то 11-уми сентябри имсол аз Афғонистон берун мешаванд. Баъзе аз коршиносон ин тасмими Амрикоро танқид карда, аз он нигаронанд, ки Толибон бори дигар қудратро ба даст мегиранд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG