Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна Тоҷикистон ба "қабристони рубли Шӯравӣ" табдил шуд? АКС


Акс аз Википедия
Акс аз Википедия

26 сол пеш, даҳуми майи соли 1995, Тоҷикистон пули миллии худро ба муомилот баровард. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ҳарчанд ин тасмим хеле дер гирифта шуд, боиси то ҳадде ба эътидол омадани иқтисоди Тоҷикистон гашт.

Тоҷикистон баъд аз ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ пули миллии худро нашр кард. То 8-уми январи соли 1993, яъне пас аз ду соли фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ низ Тоҷикистон рубли бозмонда аз он давраро истифода мекард. Тоҷикистон ним соли дигар, то январи соли 1994, рубли Шӯравиро ба кор бурд. Пуле, ки дар ягон гӯшаи ҷаҳон арзиш надошт ва барои сокинони кишварҳои дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла Русия, коғази холӣ буд.

Роҳбарони сиёсии Тоҷикистон то ба охир масъалаи нашри пули миллиро ба таъхир гузоштанд, то дар назди Кремл “содиқ” будани худро собит кунанд.
Каримҷон Аҳмадов

Ин давраи гирифтории Тоҷикистон ба кашмакашҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ буд. Бино бар сари вақт ҷорӣ нашудани пули миллӣ кишвар зиёни бузурги иқтисодие дидааст, ки ба арзёбии баъзе аз соҳибкорон аз харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ камтар набуд. Яъне, кишвар ду баробар зиён дид.

Бекор шудани рубли Шӯравӣ дар 14 ҷумҳурии собиқи он ва боқӣ монданаш танҳо дар Тоҷикистон сабаб шуд, ки миллиардҳо рубл аз саросари Шӯравии пешин ба Тоҷикистон сарозер шавад. Бо ин коғазе, ки дигар дар ҳеч куҷои ҷаҳон ба кор намерафт, ҳама чизи мумкин харида ва ба кишварҳои дигар расонда мешуд.

Дар шарҳи вазъи он рӯзҳо Абдуҷамид Достиев, ки муовини раиси Шӯрои Олӣ буд, гуфта буд, ки "Тоҷикистон ба қабристони пулҳои Шӯравӣ табдил ёфтааст".

Додихудо Одинаев, иқтисоддон ва роҳбари як фурӯшгоҳи давлатӣ дар солҳои 90-ум дар деҳаи Шӯроби ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, бино бар таъхир дар нашри пули миллӣ Тоҷикистон сахт зиён дид. "Ёд дорам, ки масалан, як куртаи занона 70-80 рубл ва беҳтараш то 100 рубл нарх дошт. Солҳои 90-ум аз кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ омада, барои харидани ҳамин куртаҳо то се баробар бештар пул пешниҳод мекарданду бо 300-400 ва ҳатто 500-рублӣ онро мегирифтанд. Он замон мо намефаҳмидем, вале онҳо хабар доштаанд, ки пул ночиз мешавад", -- нақл кард ӯ.

"Сокинони Тоҷикистон дар 4 сол ду бор касод шуданд"

Иқтисоддон Додихудо Одинаев мегӯяд, "кам миллатеро дар дунё метавон ёфт, ки дар зарфи ҳамагӣ чаҳор сол, аз соли 1991 то майи соли 1995, ду бор банкрот (касод) шуда бошад. Ҳолати онвақтаи мардумро ҳатто ҳамин калимаи банкрот ҳам пурра ифода карда наметавонад. Дар натиҷа, мардум пасандоз ва бойигарии худро, ки солҳо бо заҳмат ҷамъ карда буданд, ончунон бой доданд, ки аз банкрот ҳам бадтар буд."

Зарурати ба муомила баровардани пули миллӣ пас аз касби истиқлол дар моҳи сентябри соли 1991 комилан рӯшан буд. Аммо, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон барои нашри пули миллӣ ирода ва ҷуръат накард, ки солҳои баъдӣ боис ба зиёни молии ҳангуфте шуд.

Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон
Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон

Каримҷон Аҳмадов, ки солҳои 90-ум дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо кор кардааст, мегӯяд, ҳама кишварҳои пасошӯравӣ бо нашри пули худ аз таварруми бесобиқа ва сарозер шудани рубли русӣ пешгирӣ карданд. Аммо "роҳбарони сиёсии Тоҷикистон то ба охир масъалаи нашри пули миллиро ба таъхир гузоштанд, то дар назди Кремл “содиқ” будани худро собит кунанд ва кишвар беш аз ҳар давлати собиқи Шӯравӣ дар ҳавзаи рубл боқӣ монд".

Ҳукумати вақт дар ҳоли ҷанг бо мухолифони исломию демократии худ буд ва ба ҳимояти Русия муҳтоҷ. Зарурати нашри пули миллиро баъзе аз вакилони порлумони вақт ба миён гузоштанд, аммо ин даъватҳо нодида гирифта шуданд.

Додихудо Одинаев мегӯяд, ёд дорад, ки чӣ гуна Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҷунбиши “Растохез” ва вакили Шӯрои Олӣ, пешниҳод мекард, ки Тоҷикистон бояд ҳарчӣ зуд пули худро нашр кунад, "вале бисёриҳо ба ин пешниҳоди ӯ механдиданд".

"Пас аз гузашти солҳо, маълум шуд, то чӣ ҳад пешниҳоди Тоҳири Абдуҷаббор дурандешона ва ба нафъи кишвар будааст", -- иброз дошт ӯ.

"Рубли думбуридаи тоҷикӣ"

Ниҳоят, гоҳе ки осеби иқтисодӣ назарррас шуд, дар 10-уми майи соли 1995 Тоҷикистон пули миллии худро бо номи номи “рубл” (бе аломати "ь") нашр кард. Аммо ин як аломат худ 100 рубли тоҷикӣ буд. Яъне 1 рубли тоҷикӣ = 100 рубли русӣ. Бештари сокинон ин санаро бо номи “пулшиканӣ” ва ё “пулшикаст” дар ёд доранд, чун расман қурби расмии ивази пул 1 бар 100 буд, аммо дар асл бонкҳо ва нуқтаҳои саррофӣ як рубли тоҷикиро бар ивази 1200-1300 рубли русӣ, ки мардум аз беқурбиаш онро “деревянний” яъне чӯбин ном ниҳода буданд, иваз мекарданд.

Тасмим замоне гирифта шуд, ки соли 1993 Русия эълом дошт, дигар ба кишварҳои пасошӯравӣ қарзҳои техникӣ намедиҳад ва қарзҳое, ки пештар дода буд, ҳамчун қарзи давлатӣ сабт мешаванд. Ба гуфтаи Каримҷон Аҳмадов, маҳз ин тасмими Русия “Тоҷикистонро маҷбур кард, пули худро ба гардиш барорад. Афсӯс баъд аз ҳама кишварҳои узви ИДМ. Аммо амалан ин як тақлиде ба пули миллӣ буд, чунки масъулони он замон то охир талош мекарданд, пули русӣ дар гардиш бошад ва пешбинӣ карда буданд, ки рубли тоҷикӣ мисли купон истифода шавад."

Ҳамсуҳбати мо афзуд, маҳз тасмими ба муомила баровардани пули миллӣ, дер ҳам бошад, барои ба эътидол овардани иқтисод кумак кард ва аз зиёнҳои баъдии иқтисоди миллӣ пешгирӣ намуд.

Тоҷикистон 30-юми октябри соли 2000 пули нави миллии худро бо номи сомонӣ ба ҷойи рубли пешина баровард. Ин бор қурби 1000 рубли қаблӣ ба 1 сомонӣ баробар карда шуд. Дар оғоз сокинон ҷорӣ шудани пули нави миллиро бо изтироб қабул карданд, чун тайи солҳои 90-ум ду дафъа “пулшиканӣ”-ро таҷриба карда буданд, ки ҳама пасандоз ва дороиҳояшонро дар як они воҳид ночиз карда буд.

Мақомот ин дафъа барои ивази рубл ба сомонӣ 5 моҳ фурсат доданд. Ин бор гузаштан ба пули нав дар муқоиса ба таҷрибаҳои пешина барои мардум ва дар умум иқтисоди миллӣ бо зиёни камтари молӣ ба анҷом расид.

XS
SM
MD
LG