Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милисае, ки "аз беэҳтиётӣ" ҳамкорашро кушт, се сол зиндонӣ шуд


Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари милисаи ШКД-и ноҳияи Панҷ

Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи Вазорати корҳои дохилиро барои “куштор аз беэҳтиётӣ”-и ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаев ба се соли зиндон маҳкум кард. Ӯ ҷазоро дар маҳбаси низомаш сукунатӣ адо хоҳад кард. Амирзода дар марги ҳамкораш Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25 сола, афсари милисае гунаҳкор дониста мешавад, ки моҳи феврал дар бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ ҷон бохт.

Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ нисбат ба Насим Амирзода рӯзи 11-уми май зери раҳбарии додрас Бахтиёр Абдураҳмонзода содир шуд. Додгоҳ парвандаи Насим Амирзодаро ҳамчун "куштор аз беэҳтиётӣ" баррасӣ кард. Ин модда ба муҳлати аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум намудан аз ишғоли мансабро пешбинӣ мекунад.

Пайвандони Амирзода нахостанд дар ин бора суҳбат кунанд ва маълум нест аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд ё не. Аммо наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев гуфтанд аз ҳукми додгоҳ рози нестанд ва ба зинаи кассатсионӣ шикоят мебаранд.

Холиқназар Ҷумаев
Холиқназар Ҷумаев

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “ташхисҳои баллистикӣ ва физикӣ-техникӣ хулоса додаанд, ки ҳеҷ гуна ҳолати тасодуфан парронида шудани ду тир аз автомат вуҷуд надорад. Қотил дар куштор тирро аз масофаи 60 сантиметр дар рӯ ба рӯ бо ду маротиба пахш кардани курок задааст. Тафтишот инро ба инобат нагирифтааст”.

Ба бовари ин ҳамсуҳбати мо онҳо ба тасодуфӣ будани куштор шубҳа доранд. Ҷумъаев мегӯяд, тафтишот ҳатто масъалаи ҷуброни расонидашуда ба ҷабрдидаро баррасӣ накард. "Мо аз суд дархости рӯёнидани ҷуброни моддию маънавӣ кардем. Суд ҷуброни моддиро рад намуда, қарор кардааст, ки аз судшаванда ба фоидаи ҷабрдида 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ рӯёнида шавад", -- афзуд Ҷумъаев.

Меҳроншо Ҷумъаев 7 моҳ пеш аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт.

Меҳроншоҳ Ҷумъаев, ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хизмат мекард ва 7- уми феврали соли 2021 дар бинои ШКД зимни қабули силоҳ аз тири "Калашников", ки аз беэҳтиётӣ аз сӯи ҳамкораш парронда шудааст, ҳалок шуд.

«Талаби асосии мо он аст, ки парванда, барои омӯзиши ҳаматарафа, ҷиддӣ ва холисона барои санҷиши иловагӣ баргардонида шавад. Мо бо ин талаб парвандаро то додгоҳӣ олӣ мебарем»-,гуфт Холиқназар Ҷумаъев.

Ҳодисаҳои ҳалокати кормандони милиса аз беэҳтиётии ҳамкорон камсобиқа аст. Чунин ҳолат дар миёни сарбозон бештар рух медиҳад. Се сол пеш, Додгоҳи вилояти Хатлон капитани милиса Алишер Давлатовро, ки норинҷакандози пайдокардааш боис ба марги муфаттиш Муҳиддин Зоҳидзода дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) шуд, ба мӯҳлати 2,5 сол зиндонӣ карда буд.

я

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG