Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон дидори харитасозон ҳаёҳу бапо кард, дар Тоҷикистон чизе намегӯянд


Мулоқоти харитасозон ва ё маконнигорони ду тараф рӯзҳои 5 ва 9-уми май дар Ӯш сурат гирифт.
Мулоқоти харитасозон ва ё маконнигорони ду тараф рӯзҳои 5 ва 9-уми май дар Ӯш сурат гирифт.

Мулоқоти гурӯҳҳои кории топографӣ (харитасозӣ) барои таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Ӯш бо имзои як протокол ба поён расид.

Санаде, ки қабл аз ин дар вилояти Ботканд миёни ду ҷониб имзо шуд, баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Ба фарқ аз Қирғизистон дар Тоҷикистон дар ин бора чизе гуфта намешавад. Фарқи протоколи нави имзошуда низ ҷомеаи қирғизро такон дод, аммо дар Тоҷикистон суҳбатеро ба миён наовард.

Ёддошт ё протоколи нав дар бораи чӣ аст?

Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон натиҷаи мулоқоти панҷрӯзаи гуруҳҳои топографиро дар Ӯш шарҳ надодаанд. Ин ҳайат бояд масоили муҳими марзии ду кишварро ҳаллу фасл мекард. То ин дам мақомот бо пешниҳоди як иттилои кӯтоҳи расмӣ дар ин бора иктифо кардаанд.

Дар аксе, ки дар сомонаҳои расмӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки зери протокол аз ҷониби Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва аз тарафи Қирғизистон, Назирбек Борубоев намояндаи махсуси ҳукумат дар масъалаҳои марзӣ имзо гузоштаанд. Толқун Қамчибеков, мудири шӯъбаи таъмини иттилоъ дар девони вазирони Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора гуфтааст:

“Бар пояи созиш, ки ба даст омада буд, рӯзҳои 5-9 уми май дар вилояти Ош, мулоқоти гуруҳҳои кории топографӣ ва ҳайати ду ҷониб оид ба муайянсозӣ ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар поёни мулоқот протокол имзо шуд. Музокироти баъдӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад. Вохӯрии ҳайатҳо дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.”

Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон айнан ҳамин баёнияро нашр кардааст. Матни хабари ду ҷониб дар бораи натиҷаҳои мулоқот ”нуқта ба вергул” як аст. Ба ин тартиб ҳарду ҷониб аз шарҳи ҷузъиёти санади имзошуда худдорӣ кардаанд.

Қаблан Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва роҳбари ҳайати ин кишвар оид ба таъину аломатгузории марз дар ин бора муфассал суҳбат карда буд. Вай рӯзи 2-юми май дар мулоқот бо сокинони деҳаи Мақсади Бодканд, гуфт:

“Тибқи санади имзошуда, мо 112 километр заминро барои маконнигорӣ пешниҳод кардаем. Ин кор аз 5 то 9-уми май идома мекунад. Вақте ин қитъаҳо ба созишнома ворид карда шуд, президентҳо санадро имзо мекунанд, мо аломатгузориро сар мекунем. Ин масофа то деҳаи Кулунду аст. Дар марҳилаи баъдӣ то деҳаи шумо мерасем. Қарор сари ҳар қитъаи замин бо дарназардошти манфиати мардуми ду кишвар қабул мешавад.”

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Ду кишвар сари минтақаҳои боқимонда, ба натиҷа нарасидаанд.

Санаде, ки баҳсбарангез шуд

Протоколе, ки рӯзи 1-уми май аз ҷониби раҳбарони ҳайатҳои ду кишвар оид ба таъину аломатгузории марз имзо шуд аз 4 банд иборат аст. Матни қарор, рӯзи 7-уми май дар сомонаи ҳукумати Қирғизистон нашр шуд ва дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳоеро ба по кард.

Дар ин санад гуфта шудааст, ки мақомоти масъули Тоҷикистону Қирғизистон дар навбати аввал бо истифода аз ҳуҷҷату санадҳои марзбандии милливу ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989, лоиҳаи хатти сарҳад аз нуқтаи №43 то №61 ва аз нуқтаи №135 то нуқтаи сарҳадии №141-ро тасвир ва маконнигорӣ мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, марз аз нуқтаи сарҳадии №43 то нуқтаи №61 дар қаламрави ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷойгир аст. Вале маълум нест, ки кадом деҳаҳо ба ин нуқтаҳо шомиланд.

“Нуқтаҳои зикршуда дар ҳудуди ноҳияи Лайлак, ё деҳоти ҳавзаи Кулунду ва Жани -Жер дохил мешаванд. Зеро деҳаи Мақсад, ки дар ин муноқишаҳо аз ҳама бештар зарар дидааст, ба Кулунду ва Арка -1, Арка-2 ба ҳудуди ноҳияи Жанижерк тааллуқ доранд. Ин ду минтақа бо Тоҷикистон ҳаммарзанд. Он ҷо қитъаҳои баҳснок зиёданд, ки бояд аломатгузорӣ шаванд. Дар ҳудуди деҳоти дигар ҳам ҳамин ҳолат ҳаст, вале дар он ҷойҳо ҷанҷолу муноқиша рух намедиҳад.”

Бинобар иттилои ҳукумати Қирғизистон, қитъаҳои сарҳадӣ, аз нуқтаи №135 до №141 ба деҳаи Қарабоғи ноҳияи Бодканд таалуқ доранд. Дар он ҷо 7-8 деҳа аз ҷумла Қарабоғ, Бойқарорбақ, Четқизил, Добо, Қизилбел, Достук ва Зардалӣ ҷойгиранд.

Як сокини маҳаллӣ, бидуни бурдани номи худ, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ҳавзаи деҳоти Қарабоғ, пурра бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Агар хато накунам, он ҷо ҳанӯз ягон қитъаро муайян накардаанд. Марз дар он ҷо шартан тариқи ҷӯйбору теппаҳо ҷудо карда мешавад, вале ягон нишону аломати махсусе барои ҷудо кардани марз гузошта нашудааст. Як дӯстам дар як ниҳоди давлатӣ тасдиқ кард, ки аз нуқтаи сарҳадии №135 то №141 қишлоқи Қизилбек ҷойгир аст.”

Гузаргоҳ ё анклав?

Протокол ё санаде, ки дар аввали моҳи май ба имзо расид боиси нофаҳмӣ ва нигарониҳо дар Қирғизистон шуд. Яке аз сабабҳои аслии ин норозигиҳо ҳам тасмими сохтмони якҷояи роҳ дар деҳаи Хоҷаи-Аълои Тоҷикистон ва Ворух буд.

Ҳоло роҳҳое ҳастанд, ки ин ду минтақаи аҳолинишинро ба ҳам мепайванданд. Яке аз тариқи деҳаи Оқсойи Қирғизистон ва дуввумӣ аз қисмати ғарбии ин деҳа, аз қишлоқи Бақай мегузарад. Акнун қарор аст роҳе сохта шавад, ки аз деҳаи дигари Қирғизистон – Қапчиғай мегузарад.

Сиёсатмадорону фаъолон ва сокинони Қрғизистон ба ин тасмим розӣ нестанд ва мегӯянд, дар асл бо ин қарор ба Ворух долон пешниҳод шудааст. Вакили собиқи порлумони Қирғизистон, Улуғбек Қочқоров мегӯяд:

“Байни Ворух ва Коҷал ҳоло ду роҳ аст. Ҳардуи он ба ҷониби Қирғизистон тааллуқ дорад, аммо роҳҳоро сокинони Тоҷикистон истифода мекунанд. Фикр мекунам, зарурате барои сохтани як роҳи дигар вуҷуд надорад. Агар ин роҳ сохта ва барои истифода ба Тоҷикистон дода шавад, нисфи Бодканд бо 140-150 ҳазор аҳолӣ ба анклав табдил меёбад. Ҷониби Тоҷикистон 30 сол боз ин мавзӯъро матраҳ мекунад, вале ба далели он, ки ин тасмим барои Қирғизистон аҳамияти стратегӣ надорад ва нодуруст аст, ҳукумати мо то ин дам онро қабул накарда буд. Барои ҳамин ин протокол набояд иҷро шавад.”

Сабаби дуюми нигаронии қирғизҳо тасмими истифодаи ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии милливу ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 аст. Коршиносони қирғиз мегӯянд, кишвари онҳо харитаҳои он замонро қабул надорад.

Султонбой Айҷигитов, волии собиқи вилояти Бодканд пайомадҳои санади имзошударо “хатарнок” номида, гуфтааст як банди протокол “оид ба сохтмони роҳ дар қитъаи замине, ки дар ҳудуди ноҳияи Бодканд сохта мешавад”, боиси нигаронист. Вай бар ин аст, ки дар санад махсус ба ҷониби Қирғизистон тааллуқ доштани ин заминро зикр накардаанд.

Аммо ба гуфтаи ӯ, ҷониби Тоҷикистон тавонист, санадро ба манфиати худ имзо кунад: “Ман бо протоколе, ки дар Ботканд имзо шуд, шинос шудам ва дар тааҷҷубам. Ин як иштибоҳи стратегӣ аст. Мо бо дасти худ барои оянда ва амнияти худамон бомб гузоштем ва вақте, ки роҳ cохта мешавад, он метаркад. Онҳо (Тоҷикон – идора) мегӯянд, харитаи солҳои 1924-1927-ро истифода мекунанд. Вале тибқи он харита Ворух анклав нест ва ба қаламрави ноҳияҳои мо дохил шудааст. Масалан, дар ҳамон харита, Мурғоб қаламрави Қирғизистон нишон дода шудааст, аммо ин ба назар гирифта намешавад. Онҳо дар масъалаи роҳ шартҳо ва нишонаҳои нодуруст ҷорӣ карданд. Навиштаанд, ки роҳро бояд онҳо назорат кунанд, на мо. Ин бад он маъност, ки ҷониби дигар метавонад, силоҳу техникаҳои ҳарбӣ, ё молҳои дигарро аз тариқи ин роҳ интиқол диҳад. Ҷое гуфта нашудааст, ки тоҷикон аз қаламрави Қирғизистон истифода мекунанд. Бо ин протокол мо ба Тоҷикистон имкон медиҳем, ки фикр кунад, ин замин баҳснок аст. Биноан, ман фикр мекунам, ин як бомбаи соатӣ аст.”

Ба Ворух долон дода намешавад?

Девони вазирони Қирғизистон мегӯяд, ин санадҳо танҳо барои муайян кардани нуқтаҳои марзӣ қабул шудаанд. Масъалаҳои дигар баъди ин ҳама баррасӣ хоҳанд шуд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, чанде пеш дар як сӯҳбати худ бо Оҷонсии хабарии «Саясат.kg» ба ин нукта таваҷҷуҳ карда, гуфтааст: “Дар воқеъ изҳороти муштараки мо дар натиҷаи як музокироти мушкил оид ба масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон қабул шуд. Дар асоси он рузҳои 5-9-уми май корҳои муайянсозии хатти марз аз нуқтаи №43 то №61 ва аз нуқтаи марзии №135 то №141”шурӯъ мешавад. Барои ин харитаи солҳои 1924-1927 ва солҳои 1989 истифода мешавад. Бояд бигуям, ки ин харитаҳо фақат барои муайянсозии нуқтаҳои зикршуда истифода мешавад. Ворух ба он ҳеҷ рабте надорад. Дигар ин ки ба Ворух мо ягон долон надодаем. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз қисмати дигари деҳаи Қапчиғайи Бодканд роҳи мошингард дода мешавад. Дар санад возеҳ гуфта шудааст, ки роҳ дар ихтиёри ноҳияи Бодканд хоҳад буд.”

Гуруҳҳои топографӣ (харитасозӣ) дар вохӯриҳои баьдӣ ва то 17-уми май хатти қитъаҳои марзии деҳоти Мақсад, Кулунду (ноҳияи Лайлак), Коктош, Қоқтерек, Оқсой (ноҳияи Бодканди Қирғизистон) ва ҳамчунин қитъаи Овчи Қалъача (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва Чоркуҳ, Сомониён, Хоҷаи Аъло (шаҳри Исфара)-и Тоҷикистонро тасвир ва муайян мекунанд. Ҳамзамон кордонон мегӯянд, протоколи Қирғизистону Тоҷикистон аз ҳам фарқ мекунад. Онҳо аз таҷрибае ёд меоранд, ки ҷониби дигар ҳам санади худро дошт ва тибқи он амал мекард мекард.

Харитаҳои гуногун

Асилбек Кунгуров, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон мегӯяд: “Шумо протоколи имзошуда оид ба 5 гектар замин дар масоҳати 275 метр то деҳаи Қоқтоши Боткандро ёд доред? Он замон раиси Шӯрои амният Отахон Мадумаров буд. Онҳо пайваста санадеро нишон медиҳанд, ки дар он гуфта шудааст, гӯиё Тоҷикистон заминҳо худро барои 49 сол ба иҷора додааст ва дар сурати сар задани баҳсҳо онҳо ин қитъаро мебанданд. Он замин ҳам муайянсозӣ ва аломатгузорӣ нашудааст ва баҳснок аст. Аммо бо ин вуҷуд онҳо санадро ҳамчун як силоҳ ба манфиати худ истифода мекунанд. Қамчибек Қидиршоевич мегӯяд, тибқи протокол идораи роҳ дар ихтиёри онҳо нест ва он дар қаламрави Қирғизистон аст. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки давлати ҳамсоя дар оянда дар он ҷо девор намекунад? Дар нуқтаҳои дигари марзӣ ҳам чунин нигарониҳо вуҷуд дорад. Усулан, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ он санадҳое бақои ҳуқуқӣ доранд, ки президентҳо имзо карда, порлумонҳо ба тасвиб расондаанд.”

Дар ин маврид фаъоли қирғиз ёдрас намекунад, ки харитаи соли 1956 аз тарафи порлумони вақти Тоҷикистон ба тасвиб нарасидааст. Ҳол он ки тарафи қирғиз ҳамин харитаро сармашқи кори худ қарор дода, харитаҳои дигарро рад мекунад. 10-уми май президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод. Онҳо мавзуи муноқишаи рузҳои 29 – 30-юми апрел дар марзро баррасӣ карданд. Пеш аз ин, рӯзи 8-уми май Путин бо президенти Тоҷикистон ҳам вохӯрда, дар ин масъала мулоқот намуд. Қарор аст, охирҳои моҳи май Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷабборов мулоқот кунад. Аммо то ҳоло маълум нест, ин дидор баргузор мешавад ё не? Охирҳои май президенти қирғиз нақша дорад, дар Маскав бо Путин мулоқот кунад.

Дар муноқишае, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ба иттилои мақомоти қирғиз, дар Бодканд, 78 хона сӯхт ва 58 ҳазор нафар маҷбур шуданд, хонаҳои худро тарк кунанд. Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. 15 ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷойи амн куч дода шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон расман аз кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 нафар дар ин муноқишаи марзӣ хабар дод. Ҳамчунин ба иттилои Тоҷикистон дар ин даргириҳо 20 хонаи тоҷикон вайрон шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG