Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нур Табаров: "Инсон набояд дурӯя бошад, фақат ҳақиқатро бигӯяд." ВИДЕО


Нур Табаров, акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Нур Табаров, акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон, ки номаш дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин гиреҳ хӯрда буд, баъд аз сӣ сол узр пурсиданашро аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ "талаботи замон" донист, аммо гуфт, аслан ҳоҷати чунин узрхоҳӣ набудааст. Ӯ, ки солҳо ҳамчун рӯзноманигору драмнавис кор карда, феълан бознишаста аст, имсол ба синни 80 расид. Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои диданаш рафтанд ва аввал аз ӯ пурсиданд, ки ин шабу рӯз чӣ кор мекунад?

Нур Табаров: "Дар айёми пирӣ инсон ба навиштани ёддоштҳо ва бо набераҳо машғул мешавад. Худоро шукр мегӯям, ки набераҳо ҳастанд, аксарашон таҳсил мекунанд. Якеаш Бибифотима, духтари Дилбар, дар Амрико зиндагӣ мекунад. Ваъда карда буд, ки мебиёяд. Биёяд ё набиёяд, телефонӣ суҳбат мекунем. Духтари боақл аст."

Радиои Озодӣ: Аз нафақае, ки мегиред, розӣ ҳастед ва оё ин маблағ барои зиндагиатон мерасад?

Сабабҳои ҳар гуна ҷанг ин тақсимоти сарват аст. Сарвати сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандии мо низ ҳамин сарват буд ва дар ниҳоят бо тақсимоти он анҷом ёфт.
Нур Табаров

Нур Табаров: "Шукри Худо, нафақа басанда аст. Карру фар не, вале мерасад. Аз ин моҳ то моҳи дигар нафақаи ман ва хонумам мерасад."

Радиои Озодӣ: Дар замони Шӯравӣ ва то охири солҳои фаъолияти худ дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла, дар журналистикаи тоҷик будед. Ба назари Шумо, ягон фарқияте дар фаъолияти хабарнигорони тоҷик дар замони Шӯравӣ ва баъд аз касби истиқлол вуҷуд дорад?

Нур Табаров: "Гап сари он меравад, ки дар ҳама замон журналистика касбест, ки ҳақиқатро мепарварад. Инсон набояд дурӯя бошад ва фақат ҳақиқатро бигӯяд. Дӯсти хубу наздикам Отахон Латифиро ба ёд меорам, ки ҳамроҳ дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор мекардем. Ҳарчанд, ба забони русӣ менавишт. Вай муддате ба Панҷакент баргашта буд ва бо хоҳиши мо дубора ҳамроҳи Муртазоев ба Душанбе баргашт. Чанд мақолае мисли “Сарезское озеро” ва “Памир без эмоций" навишт ва рӯзномаи "Комсомолская правда" ӯро ба хубӣ шинохт. Вақте вай мухбири ягонаи "Комсомолская правда" дар минтақаи Осиёи Миёна шуд, маро, ки тоза аз хидмати низомӣ баргашта будам, ба Маскав бурд. Борис Дмитриевич Панкин, муҳаррири "Комсомолская правда", ки қиссаи "Марги судхӯр"-и Айниро ҳам тарҷима кардааст, моро пазироӣ кард. Зери таъсири ин суҳбатҳо ман ҳам ба тадриҷ ба журналистикаи русизабон гузаштам. То ҳол ба ду забон ҳам мехонам ва ҳам менависам."

Радиои Озодӣ: Яъне, ҳоло ёддоштҳо низ менависед?

Нур Табаров:
"Бале, гоҳ-гоҳе менависам. Як китобчаеро ҳам бо ёддоштҳо аз давраҳои пештар нашр кардаам. Ёддоштҳои солҳои навадумро дар як китоби алоҳида менависам."

Радиои Озодӣ: Дар бораи Шумо баъзе аз гуфтаҳои чеҳраҳои маъруфи кишварро хондем. Онҳо мегӯянд, ки Шумо кадри Гулҷаҳон Бобосодиқова ҳастед. Дуруст аст?

Нур Табаров:
"Бале, дуруст аст ва аз ин ифтихор ҳам мекунам.

Гулҷаҳон Бобосодиқова
Гулҷаҳон Бобосодиқова

Замоне он кас мудири шуъба дар Кумитаи ҳизбӣ дар шаҳр буданд ва маро, ки он замон дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор мекардам, ба назди худ даъват карданд. Бо мурури замон мактаби ҳизбиро хатм карда, дертар муҳаррири “Тоҷикистони Советӣ” шудам. Он солҳо забони гуфтугӯ русӣ буд, вале забони модариро фаромӯш намекардем. Як замоне Искандар ном нафаре мудири шуъбаи пропаганда дар Кумитаи марказӣ буданд. Он кас нафареро бо исми Теша Раҷабов ба вазифаи сармуҳаррирӣ пешниҳод карданд. Хонуми он касро, ки дар Қӯрғонтеппа кор мекард, ба кори ҳизбӣ ба Душанбе гузарониданд. Як дӯстам Ғулом Ҳайдар гуфт, “ман як ғуломи бечораам ва табараш кам буд, ки акнун тешаашро ҳам оварданд”.

Радиои Озодӣ: Замоне вазири фарҳанг ҳам будед. Агар дубора вазир мешудед, дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистон чиро тағйир медодед?

Нур Табаров:
"Фарҳанг чизи зинда аст. Мисол, ҳамин шабу рӯз бояд ҷашнвораи “Парасту” баргузор шавад. Асосгузори ҷашнвораи “Парасту” раҳматӣ Ҳабибулло Абдураззоқов буданд. Мо ба ҳамдигар дар ин кор кумак мекардем. Ин ҷашнвораи театрҳои касбӣ аст. Имсол театри Данғара мехоҳад, намоишномаи маро бо номи “Тарс” дар Душанбе нишон диҳад. Чизи бисёр аҷиб аст. Аз Хуҷанд ҳам театр бо намоишномаи “Абдурауф Фитрати Бухороӣ” меояд."

Навори суҳбатро бинед:

Аз баҳманмоҳ то низои марзӣ. Гуфтугӯ бо Нур Табаров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:27 0:00

Радиои Озодӣ: Вақте дар бораи корномаи Шумо суҳбат мекунем, ҳатман ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990 ба хотир мерасад, ки ҳам барои кишвар ва ҳам барои бархе аз шахсиятҳо, аз ҷумла, Шумо сарнавиштсоз буд. Мегӯянд, он замон як мақоми ҳизбӣ будед ва аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ узр пурсида будед. Барои чӣ?

Нур Табаров:
"Акнун талаботи замон ҳамин буд, ҳама кор дар он давра ба ҳизб вобастагӣ дошт. Сафар Абдуллоҳ навишта, ки чаро узр мепурсӣ, умри ин ҳизб муваққатӣ аст, мегузараду меравад. Воқеан ҳам, ҳамин хел шуд. Дидем, ки дунё тағйир ёфт, ҳама чиз дигаргун шуд ва ҳоло мефаҳмам, ки ҳоҷати узрхоҳӣ ҳам набуд. Хайр, чи кор мекунед, одамизод ҳамин аст."

Радиои Озодӣ: Агар иштибоҳ накунем, он замон Бӯрӣ Каримов роҳбарии ҳукумати ҷумҳуриро ба зимма дошт. Аслан, чӣ ҳодиса шуда буд он замон?

Нур Табаров:
"Не, Бӯрӣ Каримов он замон роҳбари ҳукумат набуд.

Бӯрӣ Карим
Бӯрӣ Карим

Он замон як вақти ноороме ва талошҳое барои ҳукумат буд. Бӯрӣ Каримов роҳсоз буд ва мехост дар ҳукумат тағйироти ҷиддие роҳандозӣ шавад, аммо ин кор аз дасташ наомад. Ҳоло ҳатто намедонам ӯ дар куҷову чӣ кор мекунад."

Радиои Озодӣ: Оё дар низоми коммунистӣ имкони хидмат кардан ба миллат, фарҳанг ва ҳунари миллӣ вуҷуд дошт?

Нур Табаров:
"Албатта, чунин имконият вуҷуд дошт. Чунин имконият дар гузашта ва ҳоло низ вуҷуд дорад. Чи хеле ки ҳоло дар бораи ин масоил озодона ҳарф мезанем, дар он солҳо низ чунин имконият вуҷуд дошт."

Радиои Озодӣ: Аммо омилҳо ва сабабҳои расидагӣ ба сулҳи тоҷикон баъд аз ҷанги шаҳрвандиро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Нур Табаров:
"Сабабҳои ҳар гуна ҷанг ин тақсимоти сарват аст. Сарвати сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандии мо низ ҳамин сарват буд ва дар ниҳоят бо тақсимоти он анҷом ёфт."

Радиои Озодӣ: Имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ин тақсими ҳамон сарват буд ё қудрат?

Нур Табаров:
"Қудрат худ ҳамон сарват аст. Вақте соҳибқудрат ҳастӣ, ҳама чиз дар дасти ту ҳаст."

Радиои Озодӣ: Чанд ҳафта пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷанҷол сар зад. Таърихи ин даргириҳо аз замони Шӯравӣ маншаъ мегирад. Ба назари Шумо, ин мушкил чӣ гуна бояд ҳал карда шавад?

Нур Табаров
Нур Табаров

Нур Табаров: "Касе ки инсондӯст аст, набояд ҷанг кунад. Вале, афсӯс, ки ҷанг шуд ва аз ҳарду тараф шахсони зиёде маҷрӯҳ ва кушта шуданд. Инсон барои зистан офарида шудааст, на барои кушта шудан."

Радиои Озодӣ: Аммо чӣ бояд кард, ки чунин даргириҳо дигар такрор нашаванд?

Нур Табаров:
"Ақлро бояд истифода кард. Ҳайронам, зеро ҳама медонанд, ки оқибати чунин ҷангҳо одамкушӣ аст. Аммо одам барои кушта шудан нест, бояд ақлро бештар истифода кард."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба синни 80-солагӣ расидед. Агар имрӯз бо президенти Тоҷикистон мулоқот мекардед, барояш чӣ гуфтание доштед?

Нур Табаров:
"Воқеан, ман президентро хуб мешиносам ва он кас ҳам маро медонанд. Чӣ мегуфтам? Мегуфтам, ки минбаъд низ чунин сиёсати оқилона ва дурандешонаро идома диҳанд. Зеро, пешрафти Тоҷикистон ба ин вобастагӣ дорад. Мехоҳам ҳамеша саломат бошанд."

Нур Табаров соли 1941 зода шуда, соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин ва солҳои 70-ум мактаби олии ҳизби коммунистро хатм кардааст. Фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз карда, баъдан ба ҳайси хабарнигори махсуси "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон, "Навиди Бозаргон", сармуҳаррири маҷаллаи "Помир" кор кардааст. Муҳаққиқон авҷи фаъолияти хабарнигории Нур Табаровро ҳангоми кор дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" медонанд. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳо, аз ҷумла "Вагони охирин", "Тарс", "Паёми Зардушт", "Суробҳо", "Шикасти ташнагӣ", "Чашмони бародари қиёматӣ" ва "Дар чорсӯ" аст.
XS
SM
MD
LG