Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳанд гуфт". Ду манбаъ дар бораи сафари Раҳмон ба Исломобод


Имрон Хон, сарвазири Покистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон (дар байн). Акс аз соли 2019
Имрон Хон, сарвазири Покистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон (дар байн). Акс аз соли 2019

Вазорати корҳои хориҷии Покистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо даъвати нахуствазири он кишвар, Имрон Хон, бо сафари дурӯза ба Исломобод меравад. Сафари оқои Раҳмон ба Покистон 2-юми июн оғоз меёбад.

Дар раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабарро тасдиқ карданд. Намояндаи дафтари матбуоти президент 1-уми июн дар паёми хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "интизор меравад, робитаҳо дар бахши сиёсату тиҷорат, илму маориф, фарҳангу амният ва масъалаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шаванд. Имзои як силсила санадҳои нав дар назар аст."

Ҷониби Тоҷикистон феълан ҷузъиёти аз ин бештар нашр намекунад.

Коршиносони афғонӣ мегӯянд, бо гузашти ин ҳама сол ҳанӯз ҳам дар дидгоҳҳои Толибон тағйирот наомадааст. Агар чунин бошад, фикр намекунам, Душанбе ва Исломобод дар қиболи ин масъала мавқеи яксон дошта бошанд.
Саъдӣ Юсуфӣ

Афғонистону ҳамкориҳои иқтисодӣ

Ду манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар сафари президент ба Исломобод, қарор аст, ду масъалаи калидӣ – вазъи Афғонистон дар пасманзари берун рафтани нирӯҳои эътилофӣ аз ин кишвар ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии байни Душанбе ва Исломобод – баррасӣ шавад.

Амрико ва НАТО гуфтаанд, тибқи созиш бо гурӯҳи шӯришии Толибон то 11-уми сентябри имсол аз хоки Афғонистон берун мешаванд. Нигарониҳо дар дохилу берун аз Афғонистон ин аст, ки бо вуҷуди идома ёфтани музокираҳои сулҳ, мавҷи хушунатҳо дар Афғонистон кам намегардад.

Мақомот дар Тоҷикистон ва Покистон ҳамеша гуфтаанд, ки манфиатдори сулҳу субот дар Афғонистон ҳастанд. Кобул дар гузашта Исломободро барои пуштибонӣ ва паноҳ додан ба Толибон гунаҳкор кардааст, аммо Покистон ҳамвора ин иттиҳомотро рад кардааст.

Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки аз ҳукумати расмии Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва Толибонро "гурӯҳи мамнуъ” мешиносад.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳама гуна бархӯрд бо ҳукумати баъдии Кобул, дар сурати созиши сулҳи байни афғонҳо ва тақсими қудрат миёни ҳукумат бо шӯришиён, дар сатҳи байналмилалӣ ва зери назари Ғарб сурат мегирад.

Амрико, ки ташаббускори созиши сулҳи Кобул ва Толибон мебошад, муттафиқи муҳими Тоҷикистон ва Покистон ба ҳисоб меравад.

Саъдӣ Юсуфӣ
Саъдӣ Юсуфӣ

Саъдӣ Юсуфӣ, журналист ва коршиноси масоили Покистон, мегӯяд, “Тоҷикистон дар гузашта мавқеи устувори мухолифат бо Толибонро дошт. Коршиносони афғонӣ мегӯянд, бо гузашти ин ҳама сол ҳанӯз ҳам дар дидгоҳҳои Толибон тағйирот наомадааст. Ҳамонҳоанд, ки буданд. Пас, агар чунин бошад, фикр намекунам Душанбе ва Исломобод мавқеи муштараки яксон дар қиболи ин масъала дошта бошанд.”

Шарики сиёсию иқтисодии дерина

Покистон барои Тоҷикистон як шарики деринаи сиёсию иқтисодӣ ба шумор меравад. Ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавие чун Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Кишварҳои Исломӣ ҳамкорӣ доранд.

Дар солҳои 90-ум ва замони ҷанги дохилӣ ҳазорҳо паноҳанда аз Тоҷикистон дар Покистон паноҳ бурданд ва дертар ба ватан баргаштанд. Айни замон Тоҷикистон даҳ сол пеш бо нигаронӣ аз афзоиши ақидаҳои тундравона дар миёни ҷавонон донишҷӯёну муҳассилони мактабу мадрасаҳои исломиро аз хориҷа ба ватан баргардонд ва яке аз ин кишварҳо Покистон буд.

Покистон макони муҳими тиҷорату савдои соҳибкорони тоҷик низ ба шумор меравад. Ба иттилои расмӣ, соли 2019 гардиши мол байни ду кишвар беш аз 56 миллион долларро ташкил дод, ки аз ин миқдор содирот беш аз 10 миллион доллар ва воридот наздик ба 46 миллион долларро ташкил дод. Аз Покистон ба Тоҷикистон умдатан мева ва маводи ғизоӣ оварда мешавад.

Як барномаи азими ҳамкориҳои иқтисодию энержии Тоҷикистону Покистон ба тарҳи муштараки минтақавии CASA-1000 рабт дорад. Покистон умед дорад, ки бо фаъол шудани ин тарҳ аз Тоҷикистону Қирғизистон барқ гирифта метавонад.

Тарҳи CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки чанд сол пеш иҷрои он бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки аз тавассути Афғонистон мегузарад ва ба Покистон мерасад, вале ноамниҳои Афғонистон ояндаи ин тарҳро ҳам бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст. Ӯ бори охир дар моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон рафта буд.

XS
SM
MD
LG