Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ё ба гапи мо кун ё...” Блогери маъруф аз Сангвор тарки Ютюб кард. ВИДЕО


Як блогери фаъол аз ноҳияи Сангвор, Тавилдараи собиқ, ки бештар аз зиндагии мардум ва табиати ин ноҳия дар саҳифааш дар Ютюб навор пахш мекард, гуфтааст, дигар блогерӣ нахоҳад кард.

Файзалӣ Сафаров, сокини 39-солаи деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвор дар як видеои охир дар саҳифааш гуфтааст, “фаъолияти худро дар Ютюб” қатъ мекунад. Ин видеоро ҳам баъди як рӯз ӯ аз саҳифааш пок кард.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Блогери маъруф аз Сангвор тарки Ютюб кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Саҳифаи ӯ дар Ютюб бо номи "Alivvza” 144 ҳазор корбар дорад ва наворҳояшро аз 10 ҳазор то 1 миллион бор тамошо кардаанд.

"Наворҳояш бӯи ватан мекунанд"

Нашри тасвири зиндагии сокинони деҳот бо як забони содаву фаҳмо, анъанаҳои мардумӣ ва ҷонварони нодир наворҳои ӯро дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ пуртарафдор кард. Як мухлиси ӯ дар шарҳе навиштааст, ки наворҳояш “буйи ватан мекунанд, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм месозанд ва набояд ӯ корашро қатъ кунад”. Ҳатто аксари корбарони саҳифаи ӯ, ки зоҳиран муҳоҷири меҳнатианд, навиштаанд, ки омодаанд, зиндагии ӯро таъмин кунанд ва ӯ корашро давом диҳад.

Аммо Файзалӣ Сафаров дар навори охирини видеоияш мегӯяд, “Давом дода намешавад. Барои Ютюб аз ҳар тараф занг мезананд. Аз ҳар тараф ҳам гап мерасад. Барои ҳамин ду рӯзи дигарро бо хушиву хурсандӣ гузаронем беҳтар аст.”

Фишор ё хастагӣ?

Чӣ маҷбур кард, ки ин блогери фаъол аз як шуғли дӯстдошта ва ҳамзамон аз як манбаи даромадаш даст кашад?

Файзалӣ Сафаров
Файзалӣ Сафаров

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нахост дар ин бора тафсилот диҳад ва танҳо гуфт, ки "хаста шудааст ва мехоҳад истироҳат кунад".

Ҳаводоронаш ба ин бовар надоранд ва онҳо назари дигар доранд. Шодимуҳаммад Қодиров, як сокини ноҳияи Сангвор, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад ва ба гуфтаи худаш, аз вазъи ин ноҳия огоҳ аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Файзалиро фишор овардаанд, то усули корашро дигар кунад. "Вақте ҳамин видеояш баромад ман шиносҳоямро занг зада пурсидам, ки чаро ин бача корро бас кард. Хулоса ӯро гуфтаанд, ки аз ин пас бояд зиндабод гӯи ва зидди танқидгарон гап занӣ. Ӯ гуфтааст, ки илтимос маро ба сиёсат ҳамроҳ накунед, монед ҳамин табиатро намоиш диҳам. Гуфтаанд, ки ё ҳамин корро мекунӣ, ё тамоман дигар кор намекунӣ",--гуфт ӯ.

Шодимуҳаммад мӯътақид аст, ки ин блогерро борҳо барои пахш накардани наворҳои "фабрикаи ҷавоб", як гурӯҳе, ки пайваста фаъолони ҷомеаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекунад, дар ҳукумати ноҳия "танбеҳ" додаанд.

Ҳукумати Сангвор: Мо бо блогер мушкил надорем

Дар ҳукумати ноҳияи Сангвор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ фишоре ба Файзалӣ Сафаров набуд.

Шодӣ Раҳмонов, мудири Шӯъбаи рушди иҷтимоии ноҳияи Сангвор рӯзи 2-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз наворҳои ин блогер бохабар аст ва онҳо ҳеҷ мушкил надоранд. "Аз табиату зиндагии мардум наворҳои нағз чоп мекунад. Мо ҳатто аз блогерони ноҳия даъват кардем, ки мо сайти сайёҳӣ кушодаем ва бо мо ҳамкорӣ карда, наворҳояшонро диҳанд, ки чоп кунем. Мо ҳеҷ мушкиле бо онҳо надорем",--гуфт ӯ.

Файзалӣ Сафаров то соли 2016 дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ буд ва пас аз бозгашт аз хориҷ дар Ютюб саҳифа кушод ва наворҳо аз табиати ин ноҳияро нашр кард. Ӯ то кунун дар наворҳояш аз чизе шиква намекард. Ҳамеша аз "ояндаи нек" суҳбат мекард ва табиату урфу одату мардуми маҳалашро васф мекард. Ӯ наворҳое аз маросими бузкашӣ, бо тариқи ҳашар сохтани пулу роҳ, сурудхонии сарояндаҳои ноҳияро дар саҳифааш нашр мекард, ки комилан аз сиёсат орӣ буданд. Ӯ барандаи Шоҳҷоизаи озмуни Радиои Озодӣ "Деҳи ман як пораи хоки ватан" дар соли 2019 аст, ки филмсозон ва рӯзноманигорони маъруф дар ҳайати доваронаш буданд. Соли 2017 “Қаҳрамони Ютюб” аз Тоҷикистон унвон шудааст.

Фаъолияти "ватандӯстӣ"

Як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт бо шарти зикр нашудани номаш фишор болои ин блогерро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки аз ҳукуматҳои маҳалӣ ва мақомоти интизомӣ даъват карданд, ки блогеронро ба "фаъолияти ватандӯстӣ" ҷалб кунанд.

Ба гуфтаи ин мақомдор, фаъолияти ватандӯстӣ ин будааст, ки бояд блогер дар саҳифааш эътирози сокинони як деҳа барои замин дар ноҳияи Нурободро маҳкум карда, мегуфтааст, ки дар ин ноҳия мардум ҳеҷ мушкили замин надоранд. Ин мақом гуфт, то ҷое медонад, бо ӯ кормандони КДАМ-и ноҳияи Сангвор суҳбат кардаанд. Назари ин ниҳод ба қатъи фаъолияти кори ин блогер маълум нест.

Файзалӣ бо ин вуҷуд мушкилашро нагуфт, вале дар навори охири худ дар саҳифааш гуфт, “ман ҳамон деҳқонам. Боз ҳамон каланду теша дар даст, боз ба пеш. Бемории мо дарахту табиат аст.”

Дар Тоҷикистон аз имсол барои фаъолияти блогерӣ супурдани андоз талаб мешавад. Бисёре аз блогерон мегӯянд, фаъолияташон на танҳо аз ҳисоби супурдани андоз, балки аз лиҳози интихоби мавзуъ низ маҳдуд шудааст.

Дар Тоҷикистон омори дақиқе дар бораи шумораи блогерон мавҷуд нест, вале бештар аз 50 нафар дар ин кишвар дар Ютюб аз сад ҳазор корбар зиёд доранд ва наворҳои видеоӣ нашр мекунанд. Дар даҳ соли ахир ба гуфтаи коршиносон, болои матбуоти мустақил барои интихоби мавзуъ ва нашри дидгоҳҳо ба манфиати мақомоти тоҷик фишор афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар шохиси матбуоти озоди "Гузоришгарони бидуни марз" аз нишондоди порсола як зина поин рафта, дар ҷои 162-юм қарор гирифтааст.

Ин вазъ ба кори блогерон низ таъсир кардааст ва зоҳиран ҳукумат мехоҳад онҳоро ба таблиғгари низом табдил диҳад. Коре, ки барои блогерон зиёновар аст, чун наворҳояшон дар ин сурат бинандаи зиёд нахоҳад дошт.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG