Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мудир" ё "мудири махсус"? Вокуниши Бонки миллӣ ба гузориши Радиои Озодӣ


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки милии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмиаш ба як хабари кутоҳи Радиои Озодӣ таҳти унвони “Раҳбарони "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" аз мақомҳояшон барканор шуданд” вокуниш нишон додааст.

Вокуниши Бонки миллӣ рӯзи 1-уми июн нашр шуд ва дар он масъулони ин Бонк иддао мекунанд, ки дар чанд нукта ишбоҳ роҳ ёфтааст.

Муродалӣ Алимардонов ва Тоҷиддин Пирзода
Муродалӣ Алимардонов ва Тоҷиддин Пирзода

Рӯзи 27-уми май бар асоси як изҳороти худи Бонки миллӣ Радиои Озодӣ хабар нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, роҳбарони кунунии ду бонки муфлисшуда, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, Муродалӣ Алимардон ва Тоҷиддин Пирзода барканор шуда, ба ҷойи онҳо дигарон таъин шудаанд. Бонки миллӣ эътироз кардааст, ки Радиои Озодӣ нафарони навтаъинро на мудир, балки “мудири махсус” гуфтааст. Бонки миллӣ мегӯяд, мудири махсус бо қарори додгоҳ таъин мешавад ва онҳое, ки ҳоло таъин шудаанд, танҳо “мудир” бояд гуфта шаванд.

Ҳарчанд ин нукта дар хабари Радиои Озодӣ зикр шудааст ва гуфта мешавад, ки ин мудирон то замони аз сӯи додгоҳ таъин шудани мудирони барҳамдиҳанда (ба таъкиди Бонки миллӣ, мудирони махсус) фаъолият хоҳанд кард.

Дар идома Бонки миллӣ иддао кардааст, ки ин “мудирон” “раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро роҳбарӣ нахоҳанд кард, балки онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус барои таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои бонкҳои мазкур масъул мебошанд”.

Аммо дар ҷадвале, ки Бонки миллӣ нашр кардааст ва дохили он номи мудирони навътаин нашр шудаанд, “Ташкилотҳои қарзие, ки дар раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ бо асосҳои муфлисшавӣ қарор доранд”, ном дорад. Аз ин ин бармеояд, ки ин мудирон одӣ нестанд ва ба раванди барҳамдиҳии, ба гуфтаи Бонки миллӣ, маҷбурӣ, дахл доранд.

Радиои Озодӣ доим мекушад, матни хабару гузоришҳо барои хонандаи одӣ содаву фаҳмо бошад ва аз ин рӯ, ҳадди аксар, аз истифодаи ибораву истилоҳоти расмӣ худдорӣ меварзад. Дар хабари нашршуда асли масъала баён шудааст ва дақиқ гуфта мешавад, мудире, ки ҳоло Бонки миллӣ таъин кард, то замоне амал мекунад, ки додгоҳ нафареро барои роҳбарии ҷараёни барҳамдиҳии ин ду бонки муфлисшуда таъин кунад.

Аз оне ки, ин нафарро Бонки миллӣ “мудири махсус” меномад, аммо Радиои Озодӣ онро “мудири барҳамдиҳанда” гуфтааст, муҳтавои мавзӯъ ва масъала тағйир намеёбад. Ин хабар бештар барои мардуми одӣ аст, ки фарқи нозуки байни ду истилоҳи бонкӣ барояшон баробари пасандозҳояшон муҳим нест.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG