Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нерӯҳоро берун мебаранд, сокинонро бармегардонанд". Созиши нав миёни Тоҷикистону Қирғизистон


Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 5-уми июн бо рӯзноманигорон дар наздикии марз бо Тоҷикистон суҳбат кард

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон изҳороти Комиссияҳои давлатии таъину нишонагузории марзи ду кишварро дар бораи рухдоди охир дар сарҳад нашр карданд. Бино бар ин санад, ки рӯзи 5-уми июн имзо шудааст, ду ҷониб гуфтаанд, мушкилро бо роҳи сулҳомез ҳал мекунанд.

Зери изҳорот Сайъмумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтояш аз Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо гузоштаанд.

Санаде, ки аз нӯҳ банд иборат аст:

  • Дидбонгоҳҳои сарҳадиро аз ҳарду тараф 3 километр пас кашидан;
  • Пас бурдани низомиён, техникаҳои ҳарбӣ ба мавқеи доимиашон ва фақат гузоштани навбатдории сарҳадӣ;
  • Қабули қарор дар бораи истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа;
  • Ҳар иқдом дар марзи давлатӣ бояд бо намояндагони ду кишвар мувофиқат карда шавад;
  • Марзбонони ду тараф хатти ҳаракати худро риоя кунанд;
  • Тибқи протоколҳои қаблан имзошуда, ба расонаҳо танҳо хабарҳое пешниҳод шаванд, ки аз ду ҷониб мувофиқа шудаанд;
  • Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, ки тавсифи қисмати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нуқтаи ПТ№12\2 то ПТ№12\9 ҳарчӣ зудтар ба итмом расонанд;
  • Ҷонибҳо бо аҳолии деҳоти наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳанд;
  • Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бандҳои протоколро қатъиян риоя кунанд.

Илова ба ин, раиси КДАМ-и Қирғизистон ба журналистон гуфт, аҳолии деҳоти наздимарзиро, ки аз макони зисташон берун карда буданд, дубора ба хонаҳояшон бармегардонанд. Қирғизистон пас аз пайдо шудани контейнерҳои марзбонони тоҷик дар марз сокинони чанд деҳаро ба ҷои дигар кӯчонд.

Субҳи 4-уми июн ҷониби Қирғизистон гуфт, ки Тоҷикистон дар мавзеи баҳсӣ контейнер гузоштааст. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ин минтақа хоки Тоҷикистон аст ва бар асоси созишномаҳои қаблӣ дар ин ҷо дидбонгоҳи сарҳадӣ гузоштаанд. Мақомоти қирғиз вазъро “муташанниҷ” унвон карданд ва раҳбари КДАМ-и ин кишвар ба ин минтақа сафар кард.

Дар Бишкек ва Душанбе ду кишвар ба сафирони ҳамдигар нота ё ёддошти эътирозӣ супурда, аз амалкарди ҳамдигар норизоӣ карданд.

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон пас аз муноқишаи 28-29-уми апрел ба сардӣ гароид. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро барои сар задани низоъ гунаҳкор ва тафтиши қазияро оғоз кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG