Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мадонна аз Тоҷикистон". Заур Дахте тасвирҳои худу духтарашро намоиш дод. ВИДЕО


Заур Дахте

Заур Дахте, аккос ва филмбардори машҳур, ки ҳафтод сол пеш аз Эрон ба Тоҷикистон омада, дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр кардааст, тасвирҳои офаридаи худу духтараш Фарангис Дахтеро ба намоиш гузошт. Маросим 3-юми июн дар Душанбе баргузор шуд. Дар Тоҷикистон даҳҳо ширкату шахсони алоҳида барои гирифтани акси сокинон дар кӯчаву маъракаҳо фаъоланд, аммо суратгирони ҳирфаӣ камтар ҳастанд.

Чеҳраҳо, рангҳо, гузашта ва ҳоло

Таваҷҷуҳи аксариятро дар намоишгоҳ акси духтаре ба худ кашид, ки рӯйи шонаҳои кӯчак бастаи калони ҳезумро мекашонад, аммо табассум аз лабонаш "гум нашудааст". Чанд нафар аз Заур Дахте таърихи чӣ гуна ба дурбинаш афтодани ин лаҳзаро пурсиданд.

Ӯ бошавқ нақл кард, ки "як гурӯҳи духтарон дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб меомаданд. 6-7 нафар буданд. Аз ҳамин чеҳра бисёр хушам омад. Маълум аст, ки ӯ хаста нашудааст. Вақте сафири Тоҷикистон ин аксро аз мо гирифту дар бинои сафорат дар Қирғизистон овехт, дар зераш "Мадонна аз Тоҷикистон" навишт."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Намоиши тасвирҳои Заур Дахте ва духтараш дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Заур Дахтеи 85-сола муаллифи беш аз 13 филми бадеӣ, 600 филми мустанад ва 5 ҳазор акси гуногун будааст. Баъзе аз фарҳангшиносон гуфтанд, ӯ аввал лаҳзаҳоро дар зеҳн мебинад, сипас дар дурбин ҷой медиҳад ва аз ин рӯ аксҳояш “муҳтавои тарбиявӣ низ доранд”. Вале нигаронии онҳо аз он аст, ки дар чунин намоишгоҳҳо ҳузури ҷавонон камранг аст.

Амалхонум Гаҷиева
Амалхонум Гаҷиева

Фарҳангшинос Амалхонум Гаҷиева мегӯяд, “бисёр мехостам, ки дар чунин намоишгоҳҳо ҷавонон ҳузур ёбанд. Мутаассифона, дар чунин чорабиниҳо чеҳраҳои навро намебинам. Ба мо зарур аст, ки ҷавонон ба фарҳангу ҳунар бештар таваҷҷуҳ кунанд ва танҳо дар он замон онҳо дар кӯча суханҳои қабеҳ намегӯянду бо духтарон рафтори дағалона намекунанд. Тарбияи онҳо ҳам пурра дигар мешавад.”

"Одами кӯҳна" бо фанновариҳои нав

Ҳамкасбони аккос бар инанд, ки аксҳои Заур Дахте тавассути дурбинҳои касбӣ ва телефони дастӣ гирифта шудаанд. Муаллиф тавонистааст, аз телефонҳои ҳушманд низ ба таври ҳирфаӣ истифода кунад, ки барои ҷавонон метавонад як роҳнамои касбӣ бошад.

"Ӯ дар ин бахш хеле хуб кор мекунад. Дар кишвари мо беш аз 100 ҳазор ҳаводорони аксгирӣ ҳастанд. Онҳоро бояд омӯзонд, вале дар мо ҳунари аккосиро намеомӯзонанд. Нигористони Заур Дахте аломати технология аст. Ӯ технологияи аккосиро нишон додааст. Вай бо телефони ҳушманди оддӣ нишон дод, ки ин аксҳоро чӣ гуна метавон бардошт", -- мегӯяд аккос Евгений Ратушенко.

Заур Дахте бо духтараш Фарангис
Заур Дахте бо духтараш Фарангис

Заур Дахте солҳои зиёд наворбардори студияи "Тоҷикфилм" буд. Ҳамзамон ба суратгарӣ машғул аст ва дар кишварҳои гуногун чандин намоишгоҳ баргузор кардааст.

Ин ҳунарманди тоҷик дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҳоло аккосони ҷавон аз пайи дарёфти рӯзии худу хонаводаашон на ҳамеша дунболи сифат мегарданд ва вақти худро асосан барои наворбардории тӯю маросими мардум сарф мекунанд.

Бино бар ин, гуфт ӯ рӯзи 3-юми июн, намоишгоҳи охирро асосан барои муаррифии духтараш, Фарангис Дахте, бахшидааст, ки ба ҳунари миниатюраи нуқтаҳо машғул аст.

"Аксбардории падар ҳунареро тавлид кард, ки мо ба ӯ бо ҳайрат менигарем. Ман аз ин рангубор, аз ин рангу рӯ, аз ин истеъдоди падару духтар бисёр худамро хуб эҳсос мекунам. Кош, моро ҳамеша ҳайрон кунанд, кош, моро аз он даҳшатҳои гузашта халос кунанд. Ман хаёл мекунам, дар гармии ин аксҳо рангу бори зиндагӣ ҳаст, рангу бори ҳастӣ ҳаст, рангу бори ошиқӣ ҳаст”, -- мегӯяд Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик.

Заур Дахте ва хонаводааш аз намояндагони тӯдаиҳои Эрон ҳастанд, ки маҷбур шуда буданд, дар айёми наврасӣ зодгоҳашонро тарк карда, дар Тоҷикистони он замон Шӯравӣ ҷойгир шаванд.

“Мо дар ин ҷо бузург шудем, синнамон зиёд шуд. Фикри ба Эрон рафтанро доштем, кор кунем, аммо ҳис мекунам, ки дер шудааст. Вақте ҷавон будем, он вақт ҳам дар Эрон хеле чиз набуд. Пас, риштаи аккосииро пеш гирифтем, то одамонро бо Тоҷикистон ошно кунем", -- хулоса кард Дахте.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG