Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидони Пратасевич аз Меркел кӯмак хостанд


Дмитрий ва Наталя Пратасевич

Нашрияи олмонии Bild навишт, ки волидони Раман Пратасевич, блоггери беларусӣ, ки баъди маҷбуран фуруд овардани ҳавопаймои тиҷоратӣ дар Минск боздошт шуд, аз садри аъзами Олмон Ангела Меркел дархост карданд, ки барои озод кардани писарашон мусоидат кунад.

Дмитрий ва Наталя Пратасевич, ки баъди 10 моҳ пеш фирор карданашон аз кишвар дар Полша зиндагӣ мекунанд, дар як мусоҳибаи 12-уми июн гуфтанд, писари 26-солаашон Роман ва дигар зиндониҳои сиёсӣ бо шиканҷаву азиятҳои ҳамарӯза рӯбарӯ ҳастанд. Дар муроҷиаташ ба Меркел модари Пратасевич тавалло кард, ки “барои аз зиндон раҳо кардани одамони бегуноҳ мусоидат кунад”. Раман Пратасевич ва дӯстдухтари ӯ София Сапега аз ҷониби мақомоти Беларус ҳангоме боздошт шуданд, ки мақомоти ин кишвар ҳавопаймои хатсайри Атен-Вилнюсро бо хабари гӯё ҷойгузорӣ шудани бомба дар дохили он рӯзи 23-юми май дар хоки Минск фуруд оварданд.

Ғарбу Аврупо ин кори Беларусро “роҳзании давлатӣ” унвон ва мақомоти ин кишварро бо таҳримҳои шадид муҷозот карданд. “Илтимос, пеши роҳи Лукашенкоро бигиред”, гуфтанд волидони Пратасевич дар мусоҳиба. “Ҳар рӯз, на, ҳар рӯз на, ҳар соат ҷони афроди бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, дар азоб ва хатар аст”, гуфтанд онҳо.

Волидони Пратасевич дар мусоҳиба гуфтанд, ки ба писарашон нома фиристоданд, вале ин номаҳо ба дасташ нарасиданд. Инчунин, ба гуфтаашон, вакили дифои писарашон бо онҳо телефонӣ озодона сӯҳбат карда наметавонад.

Мақомот гуфтанд, ки Пратасевич барои таҳрик ба беназмиҳои ҷамъиятӣ гунаҳгор мешавад, ки то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале мухолифони Беларус ва ҷонибдорони онҳову созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз он нигаронанд, ки зиндагии ӯ дар зиндон таҳти хатари зиёд мебошад.

Рӯзи 11-уми июн вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб ҳушдор дод, ки баъди ҳодисаи бо ҳавопаймо рухдода Беларус метавонад ба як кишвари дар ҳоли инзиво қарор бигирад. “Ин кишвар бояд мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ амал карда, қоидаҳои бунёдиро риоя кунад”, гуфт ӯ.

Волидони Пратасевич, ки аз сарнавишти писарашон нигарон ҳастанд, мегӯянд, ба ҳеҷ як ҳарфи дар видео-мусоҳибаҳои нашршуда дар телевизионҳои давлатӣ бовар надоранд. Дар чандин видео Романи боздоштшуда ба содир кардани ҷиноят иқрор мешавад. Онҳо дар сӯҳбат бо нашрияи олмонӣ гуфтанд, ки дар бадани ӯ “осори воқеии шиканҷа” вуҷуд дорад, эҳтимолан биниашро шикастаанд ва ҳам маҷбур кардаанд, ки дар зери дурбин содир кардани ҷиноятро эътироф кунад.

Баъди интихоботи президентии тақаллубшудаи Беларус дар моҳи августи порсол бисёриҳо дар Беларус ба пирӯзии Александр Лукашенко бовар накарданд. Бо талаби бекор кардани натиҷаҳои интихобот ва ҳам даъвати интихоботи нав аз он замон то кунун дар тамоми шаҳру манотиқи Беларус намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Мақомот бо саркӯб ва хушунат посух дода, бино ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, ҳазорҳо нафарро ҳабсу шиканҷа карданд. Ҳолатҳои марги инсонҳо ҳам вуҷуд дорад.

Оилаи дӯстдухтари Пратасевич – София Сапега гуфт, ки аз замони боздошти ин ҷуфти ҷавонон рӯзи 10-уми июн нахустин номае аз духтарашон дарёфт карданд. Ба гуфтаи онҳо, нома аз зиндони КГБ дар шаҳри Минск расидааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG