Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пул нест, ҳаққи барқро чӣ гуна пешпардохт кунем?" ВИДЕО


Мирзонабии Холиқзод, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми таҳияи барномаи Озодӣ Онлайн

Як қарори вакилони порлумони Тоҷикистон дар бораи пули барқ хашми бисёре аз корбаронро барангехтааст.

Аъзои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 9-уми июн розӣ шуданд, ки дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон низоми пешпардохти ҳаққи истифода аз нерӯи барқ ҷорӣ шавад. Яъне, аввал пул, сипас барқ, ҳар вақте пул тамом шуд, барқ ҳам нест.

Радиои Озодӣ ин хабарро нашр кард ва дар сомонаву Фейбук ва ва Инстаграм шарҳҳои зиёде гирифт. Аксарият тасмими мақомотро дар шароите, ки ба гуфтаи онҳо ҷайбҳояшон холӣ ва нимахолисту аз бекорӣ ранҷ мекашанд ва баъзан маошро дер мегиранд, танқид кардаанд.

Вокуниши хонандагонро ба ин тасмим аз шарҳи корбаре бо номи “Мардикор" оғоз мекунем. Ӯ дар сайти Радиои Озодӣ навиштааст: "Мебахшед, ба ном вакилони халқ. Барои зиндагӣ базӯр пул меёбем. Баъзан маош намерасад. Боз мехоҳед, ки пешпардохт кунем. Майлаш, аввал маоши камтаринро 2000 сомонӣ ва маоши миёнаро 3000 сомонӣ кунед, баъд фикри пешпардохту низоми биллингиро бинед."

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

"Пул нест, ҳаққи барқро чӣ гуна пешпардохт кунем?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Даҳҳо нафари дигар ба ин мазмун шарҳ гузоштаанд. Ҳабиб Шариф дар Фейсбук яке аз онҳост. Навиштаи ӯро мехонем: "Бо роҳи биллингӣ ё пешина, фарқ надорад. Аввал дуздии пулро бас кунанд, ҳамааш нағз мешавад. Баъдан барои низоми биллингӣ маош ва нафақаро баланд бардошта, сари вақт ба мардум дастрас кардани пулро ба роҳ монед. Он вақт пешпардохт талаб кунед, мешавад.”

Чандеи дигар пурсидаанд, ки Тоҷикистон бахусус дар айёми тирамоҳу зимистон аҳолиро пурра бо барқ таъмин карда наметавонад, чӣ гуна пешпардохти ҳаққи истифодаи онро мехоҳад? Яке аз корбарон гуфтааст, дар як қисми шаҳри Кӯлоб ҳафт сол боз низоми биллингиро таҷриба мекунанд, вале зиён надидаанд.

"Абуҳурайраҷон” дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм чунин шарҳ навиштааст: “Дар корт пул мегузаронем ва тибқи он барқро сарф мекунем. Роҳи хуб аст. Ҳамааш дар дасти худат. Чӣ қадаре хоҳӣ, ҳамон қадар сарф мекунӣ. Пул ҳам сарфа мешавад."

Худи мақомот тасмимро барои кам кардани талафоти нерӯи барқ муҳим шумурданд. Корбаре бо номи Мунир Бобоҷонов ҳам дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук аз ин мавқеъ пуштибонӣ карда, онро “як намуд ғамхорӣ дар ҳаққи халқ” номидааст.

Шарҳи ӯро мехонем: “Ҳозир талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёд аст. Агар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳамин система гузаранд, талафот ақаллан 10 дарсад кам мешавад.”

Дар посух Мурод Мамаҷонов дар Фейсбук нигоштааст, ин қарор бештар ба аҳолии камбизоат зарба мезанад, дар ҳоле ки ба бовари ӯ, онҳо барқи камтар истифода мекунанд ва аз тарси бурида нашудани сими барқ ҳар моҳ пулро мусупоранд.

Вай гуфтааст: “Дар хонаи сокинони камбағал ҳеч гоҳ талафоти барқ намешавад. Барои он ки як чароғро беҳуда рӯшан намекунанд. Талафоти барқ дар корхонаҳо зиёд аст, прожекторҳояшон 24 соат кор мекунанд."

Гуруҳи дигар гуфтаанд, бо вуҷуди пайваста пардохтани ҳаққи барқ симчӯбҳояшон пӯсидаасту касе таъмир намекунад. Ин дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, ба ҷуз аз ҷорӣ шудани низоми биллингӣ дар Кӯлобу Бохтар, инчунин, сохтмони зеристгоҳҳо ва иваз кардани хатҳои интиқоли барқ дар назар аст.

Аҳтам ҳам бо ишора ба ин ки тарҳи ҷорӣ кардани низоми биллингӣ дар Кӯлобу Бохтар бо 35 миллион доллар иҷро мешавад, гуфтааст, беҳтар аст ин миқдор пул барои сохтмони заводу фабрика харҷ шавад.

То ҳанӯз маълум нест, кадом ширкат масъули ҷорӣ кардани низоми биллингии пардохти ҳаққи барқ дар Кӯлобу Бохтар мешаванд. Соли 2013 ширкати "Барқи тоҷик" дар чанд шаҳру ноҳияи кишвар барои санҷиш низоми биллингро ҷорӣ кард. Ҳарчанд мақомот аз ҳосили кори низоми биллингӣ ситоиш мекунанд, баъзе аз сокинон бараъкс мегӯянд, низоми нави хариди нерӯи барқ барои онҳо мушкилзост.

Оё Шумо ҳам пардохти биллингиро дар Тоҷикистон таҷриба кардаед, ба фоида аст ё зарар? Назару пешниҳоди худро ба мо нависед.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG