Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошиқ ва дӯстдоштанӣ. Ёди Аҳмад Зоҳирро дар Душанбе гиромӣ доштанд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон гуруҳе аз ҳунармандон ёди Аҳмад Зоҳирро гиромӣ доштанд
Дар Тоҷикистон гуруҳе аз ҳунармандон ёди Аҳмад Зоҳирро гиромӣ доштанд

Дар Тоҷикистон гуруҳе аз ҳунармандон ва мухлисони Аҳмад Зоҳир, ёди ӯро, ки 40 сол пеш ба ҳалокат расид, гиромӣ доштанд. Аҳмад Зоҳир рӯзи 14-уми июни соли 1979 ба таври шубҳабарангез кушта шуд.

Дар Тоҷикистон сурудҳои ӯро зиёд гӯш мекунанд ва даҳҳо ҳунарманд бо пайравӣ ба ӯ сурудхонӣ ва ё оҳангҳои ӯро бозхонӣ мекунанд.

Фурқати Саид
Фурқати Саид

Фурқати Саид, овозхони тоҷик мегӯяд, солҳои 70-уми асри гузашта Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон овозадор буд. “Ман аз ӯ ҳар чизеро мешунидам, мехостам мисли ӯ бошам. Таронаҳояшро дар арӯсиҳо мехондам, дар мактаб мехондам. Ман фикр мекунам, ки он вақт ман дилдодаи ин ҳунарманд шуда будам, ошиқ шуда будам, ман дар дунёи ӯ рафта будам. Берун аз ӯ дигар дунё надоштам. Дунёи Аҳмад Зоҳир барои ман афсона буд.”,--гуфт ӯ.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

"Ман дар дунёи Аҳмад Зоҳир рафта будам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:39 0:00

14-уми июн зодрӯзи Аҳмад Зоҳир аст ва дар ҳамин рӯз дар 33- солагӣ кушта шудааст. Солҳои 70 ва 80- уми асри гузашта ӯ аз маҳбубтарин овозхонҳо дар Тоҷикистон буд. Сари ҳар кӯчаву хиёбон ва дохили ҳар автомобилу тарабхона садои Аҳмад Зоҳир ба гӯш мерасид.

Парвиз Пулодӣ
Парвиз Пулодӣ

Парвиз Пулодӣ, овозхони тоҷик мегӯяд, “Аҳмад Зоҳир тавонист, ки дар ҳамон замони сангини шӯравӣ, ки миёни кишварҳо пардаи оҳанин буд, пардаҳоро бишкофад ва равад бо нури ҳунари хеш ба қалбҳо маскан бигирад.”

Парвиз Пулодӣ аз замони ҷавониаш ёд меорад, ки бо садои Аҳмад Зоҳир ва пайравӣ бо ӯ гузаштааст. “Ҷавонон як муд доштанд. Шимҳои клёш, куртаҳои зарди турӣ, рӯймолчаҳои шилшиладор ва дар даст тайп, ки дар он ҳатман Аҳмад Зоҳир мехонд.”,--ёд овард ӯ.

Амрихудоро дар Душанбе ҳаводорони Аҳмад Зоҳир бо тахаллуси “муаллим” мешиносанд. Ӯ 11 сол пеш касби омӯзгориашро гузошту ба фурӯши фиттаҳои ин овозхон шурӯъ кард. Мегӯяд, беш аз 40 сол боз мухлиси Аҳмад Зоҳир аст ва номи ӯ имрӯз барояш нон меорад. Миёни муштариёнаш ҷавонон низ ҳастанд.

Амрихудои Раҳмихудо гуфт: “Дар репертуари Аҳмад Зоҳир мебинем, ки барои ҳамаи қишри ҷомеа суруд хондааст. Ҳам сурудҳои шух ва ҳам ирфонӣ. Дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа шунавандаҳои худро доранд.”

Ба мисли Амрихудо мухлисони Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон кам нестанд.

Китоби наве дар бораи таронаҳои Аҳмад Зоҳир нашр шуд
Китоби наве дар бораи таронаҳои Аҳмад Зоҳир нашр шуд

Аслиддини Бадал худро шогирди Аҳмад Зоҳир медонад, ҳарчанд боре ӯро надидааст. “Дар як ҷо ҳамсӯҳбатонам гуфтанд, ки ман Донишкадаи санъат хондам, дигараш гуфт, ки ман Консерватория хондам, баъд ман гуфтам, ки ман академия хонда истодаам ва то ҳол тамом накардам. Гуфтанд, чӣ хел академия? Гуфтам, Академияи Аҳмад Зоҳир, ки тамомшавӣ надорад. Ҳамин қадар хонда истодаам ва ба фикрам тамом накарда, меравам.”,--гуфт Аслиддини Бадал, мухлиси Аҳмад Зоҳир.

То имрӯз дар бораи ҳаёту эҷодиёти ин ҳунарманд мақолаҳо нашр мешаванд ва китобҳо ба табъ мерасанд. Ахиран китоби "Садои ишқ асту дилтангӣ"-и Султони Ҳамад, рӯзноманигори шинохта пас аз тақрибан ду соли даргузашташ дар Душанбе ба нашр расид. Ӯ пештар ҳам китобу мақолаҳои зиёде дар бораи ин ситораи шарқ навишта буд.

Субҳиддини Султон, писари Султон Ҳамад
Субҳиддини Султон, писари Султон Ҳамад

Субҳиддини Султон, писари Султони Ҳамад дар муаррифии китоб гуфт, “ҷавонони имрӯза, насли имрӯза сири мувафаққияти Аҳмад Зоҳирро дар ҳамин китоб пайдо мекунанд, ки чӣ гуна як ҷавони 33 сола тавонист то сад соли охир на аз ёдҳо зудуда мешавад, на ба фаромӯшӣ меравад.”

Ҳавдоронаш ба ин боваранд, ки Аҳмад Зоҳир беҳтарин овозхони минтақа дар садсолаи ахир аст.

XS
SM
MD
LG