Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Прокурор нав шуд, тафтиш аз сар!" Ду чӯпон мегӯянд, аз кашокаш хаста шудаанд. ВИДЕО


Нурхон ва Раҳмон, ду бародари чупон
Нурхон ва Раҳмон, ду бародари чупон

Нурхон ва Раҳмон Қурбоналиев, ду бародари чупон аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, се сол аст, ки ба додситонӣ даъват мешаванд.

Ҳар дафъа дар додситонӣ онҳоро дар “тасарруфи моли давлатӣ” мутаҳам мекунанд.

Муфаттишон гуфтаанд, ки Нурхон 95 сар ва Раҳмон 34 сар гусфанди хоҷагии "Ҳисор" дар ноҳияи Фархорро аз худ кардаанд. Онҳо бо амри додгоҳ ҷуброни ин зарарро пардохтанд, вале як сол баъд додситонии ноҳияи Фархор дигарбора нисбат ба Раҳмон Қурбоналиев бо моддаи 245 қисми 4, банди “б” (аз худ кардани моли давлат) парванда боз кард ва ду моҳ ба ҳабс гирифт. Раҳмон 168 сар гусфандро ба хоҷагӣ баргардонида, тибқи қонуни авф озод шуд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Чаро ду чӯпонро ҳар сари чанд вақт додситонӣ мебаранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Ҳоло муфаттишони додситонии Фархор, Раҳмон ва Нурхон Қурбоналиевҳоро бори сеюм даъват карда, гуфтаанд, ки 372 сар гусфанд дар гарданашон боқӣ мондааст ва онҳоро баргардонанд. Як сар гусфанд дар Тоҷикистон аз 600 сомонӣ то 3000 сомонӣ арзиш дорад, ки нархи гароне барои ин ду бародар аст.

Нурхон ва Раҳмон ҳукми додгоҳу додситон ва мактуби хоҷагии зотпарвариро дар даст доранд ва мегӯянд, тибқи ин санадҳо онҳо дигар аз хоҷагӣ қарздор нестанд.

Раҳмон Қурбоналиев, собиқ чӯпони хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” дар ноҳияи Фархор, ки маълумоти ибтидоӣ дорад, мегӯяд, аз бесаводии онҳо сӯистифода мекунанд. “Ин мушкилро мо дар бесаводии худ мебинем. Ҳар сол мо мол месупорем, вале камомад дар гардани мо боз пайдо шудан мегирад. ”,--гуфт ӯ.

Додгоҳ соле пеш ҳукм кардааст, ки баъди барқарор кардани зарар онҳо ду сол ҳаққи фаъолият дар арсаи пуливу молӣ надоранд.

Ин ду бародар мегӯянд, баъди ин ҳукм дигар сӯи хоҷагӣ нарафтанд.​

Нурхон Қурбоналиев, яке аз дигар бародарони чӯпон гуфт: “Соли 2018 тариқи суд зарарро барқарор карда, гувоҳномаҳоро гирифтем. Кадом вақте пракурор дар Фархор иваз шуд, моро даъват мекунанд. Се сол шуд, мо ҳамин ҳолро дорем.”

Нурхон ва Раҳмон ҳуҷҷатҳои додгоҳу додситониро дар даст доранд, ки бар асоси онҳо ду бародар зарарро ҷуброн кардаанд.

Моҳи декабри соли 2020 додситонии вилояти Хатлон хоҷагии зотпарварии “Ҳисор”-ро тафтиш карда буд. Зимни санҷиш бародарон, Нурхон ва Раҳмон низ ба додситонӣ даъват шуданд.

Ин ду бародари чӯпон мегӯянд, ки баъди нишон додани ҳуҷҷатҳо дигар онҳо ба пурсиш даъват нашуда буданд.

Ҳоло Нурхон мегӯяд, ӯро барои насупурдани 74 сар гусфанди дигар қарздор медонанд.

Ҳоло ду бародари чӯпон аз фишор нисбат ба худашон шикоят доранд.

Мегӯянд, ки аз давъатҳои додситон хаста шудаанд. Нурхон мегӯяд, ки дигар намедонанд, кай қарзи онҳо аз хоҷагӣ ба поён мерасад.

Радиои Озодӣ 8-уми июн ба додситонии ноҳияи Фархор тариқи почтаи электронӣ мактуби расмӣ ирсол кард, вале ҳанӯз ба мактуб посух дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG