Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бепарвоии сартосарӣ" сабаби буҳрони нави коронавирус дар Русия шуд?


Беморхонаи рақами 52-и шаҳри Маскав. Табибон гирифторони коронавирусро табобат мекунанд

Мақомот дар Кремлин “бепарвоии сартосарии” сокинони Русияро як далели ҷиддии зарурати дубора тамдид кардани маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус дар шаҳри Маскав номиданд.

Ин дар ҳолест, ки субҳи 18-ми июн шаҳрдор Сергей Собянин гуфт, дар Маскав то 29-уми июн маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус аз нав тамдид мешаванд. Ба гуфтаи сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков, маъракаи эмкунии аҳолӣ дар Русия он гуна, ки интизор мерафт, муваффақиятомез набуд. Ба гуфтааш, президент Владимир Путин вазъро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Рӯзи ҷумъа дар қарори нави худ Собянин гуфт, ки дар як ҷо ҷамъ шудани беш аз ҳазор нафар манъ аст ва аз ҳамин хотир, маконҳои ҷамъшавии ҳаводорони сабқати футболи EURO 2020 баста мешаванд.

Худи ӯ дар як шарҳаш дар вебсайти шаҳрдорӣ навишт, ки “ман инро намехостам, вале маҷбур шудам чунин кунам”. Ба навиштаи шаҳрдори Маскав, ба таври муваққатӣ ҳамаи маъракаҳои тафреҳӣ манъ мешаванд ва ҳам маконҳои рақсу бозӣ ва ё тамошои футбол ҳам бар асоси ҳамин муқаррарот баста хоҳанд шуд. Қаблан мақомот варзишгоҳи Лужникии Маскавро макони асосии таҷаммӯи мухлисони футболи Аврупо таъин карда буданд.

Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, “бепарвоии сартосарӣ, мизони поини эмкунӣ ва ҳам пешгӯинашаванда будани худи сироят” сабаби дубора боло рафтани ҳодисаҳои олудашавии мардум дар шаҳри Маскав гардидааст. Як рӯз пеш аз ин раҳбари Роспотребнадзор, ки як ниҳоди назораткунанда мебошад, сокинони Русияро дар нодида гирифтани тадбирҳои эҳтиёткорӣ аз вирус гунаҳгор кард.

Анна Попова дар як мусоҳибааш бо ТВ давлатии “Россия 1” гуфт, “афзоиши ҳодисаҳои сироятшавӣ ба се далел рабт мегирад: аввалаш бепарвоии комил ба тадбирҳои марбут ба эҳтиёткорӣ аз коронавирус аст, ки муддати дароз идома дорад.”

Собянин аввали ҳамин ҳафта гуфт, ки пойтахти Русия бо навъҳои хатарноктари коронавирус рӯбарӯ шудааст. Ба иттилои РИА Новости, беш аз 80 дарсади онҳое, ки тоза ба коронавирус олуда шудаанд, навъи ҳиндии COVID-19 ошкор шудааст. Собянин амр дод, ки кормандони соҳаҳои тиҷорату савдо, маориф ва тандурустӣ ҳатман эм карда шаванд. Баъди Маскав мақомот дар Сибиру Шарқи Дур ҳам аз сокинони маҳаллӣ талаб карданд, ки ба таври маҷбурӣ эм карда шаванд.

"Делта"- короновирус аз Ҳинд босуръат сироят мекунад

Ин талабот аз назари мунаққидон дур намонд. Қонунгузории Русия эмшавии маҷбурии инсонро манъ мекунад. Русия дар миёни аввалин кишварҳое буд, ки эмкуниро шурӯъ кард, бисёриҳо ҳамоно барои гирифтани воксина шитоб надоранд ва ба қароре наомадаанд, ки ин амри зарурӣ мебошад.

Мақомот мегӯянд, то оғози моҳи июн дар Русияи иборат аз 146 миллион аҳолӣ танҳо 12 дарсади мардум ҳадди аққал як воксинаи зидди коронавирусро қабул кардаанд. Ҳатто дар пойтахт, шаҳри Маскав аз 12 миллион аҳолӣ то ҳол танҳо 15 дарсади аҳолӣ воскина гирифтаанд.

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин, рӯзи 17-уми июн гуфт, вазъият “фавқулодда мушкил” аст ва ин кишвар бояд дар самти эмкунии аҳолӣ босуръат амал кунад. Ӯ гуфт, ба иттилои коршиносон, навъи нави коронавирус “на танҳо босуръат сироят мекунад, балки паёмадҳои ҷиддӣ ҳам дорад”.

Мақомот мегӯянд, ки навъи “Делта"-и коронавирус, ки дар Ҳинд ошкор ва ба зудӣ дар ҷаҳон ҳам паҳн шуд, сабаби аслии афзоиши сироятшавиҳои ахир дар Русия ҳам мебошад. Ин навъи коронавирус боиси дар беморхонаҳо бештар бистарӣ шудани мардум гардидааст.

Дар Русия то ҳол тахминан 5,3 дарсади аҳолӣ ба коронавирус олуда шуда, аз ин шумор 128 ҳазор нафарашон ҷон додаанд. Вале бо ин вуҷуд бовар меравад, ки омори воқеии олудашудаҳо ба коронавирус ба маротиб бештар мебошад.

"Бепарвоӣ" хоси Тоҷикистон ҳам аст?

Эътирофи мақомоти Русия ба бепарвоии сартосарӣ ба таҳдиди коронавирус дар ҳолест, ки дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам ҳолати ҳамсон мушоҳида мешавад.

Аз оғози соли ҷорӣ мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба "набуди коронавирус дар кишвар" пойфишорӣ мекунанд ва хабару гузоришҳоеро, ки дар матбуот ва шабакаҳо дар бораи афзоиши якбораи ҳодисаҳои олудашавӣ нашр мешавад, қотеона рад мекунанд. Дар изҳороти ахири вазорат ҳам омадааст, ки ҳодисаҳои ахиран пайдошуда "илтиҳоби шуш" мебошад ва коронавирус нестанд. Вале табибон ва кормандони бархе озмоишгоҳҳои ғайридавлатӣ аз ошкор шудани ҳодисаҳои коронавирус дар кишвар хабар медиҳанд.

Бархе аз сокинон мақомоти баландпояро гунаҳгор мекунанд, ки бо изҳороти ғайривоқеияшон мардумро гумроҳ карда, боиси эҷоди тамоюли бепарвоӣ нисбат ба хатарҳои пандемия дар ҷомеа шудаанд. Аксар сокинон аз пӯшидани ниқобу фосилагирии иҷтимоӣ парҳез мекунанд, бозору маконҳои ҷамъиятӣ ҳамеша серодаманд ва меъёрҳои беҳдоштӣ ҳам аксаран риоя намешаванд. Танҳо дар муассисаҳои тиббӣ, мисли беморхонаву дармонгоҳҳо, ба иттилои табибон, талаботи доштани ниқоб ва фосилагирӣ тақозо мешаваду бас.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG