Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ ва бародараш дар шаҳри Душанбе боздошт шудаанд


Абдуллобек Қувватбеков маъруф бо номи Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ

Рӯҳонӣ Абдуллобек Қувватбеков, маъруф бо номи Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ ва бародараш Иззатулло Қувватбеков рӯзи 18-уми июн аз манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. Як манбаи наздик ба мақомоти давлатӣ рӯзи 19 июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард.

Мавлавӣ Абдулло аз руҳониёни маъруфи ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷи Бадахшон аст ва наворҳои суҳбату мавъизаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд нашр шудаанд.

Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек Қувватбеков рӯзи 19-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи дирӯз як нафар ба манзилашон омад ва худро писари Диловар-паҳлавони Язғуломӣ муаррифӣ кард ва гуфт дар нисбати Мавлавӣ шикоятҳо расидааст ва мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд таҳқиқ кунанд.

“Пас аз як соат чаҳор нафар ҳамроҳи писари Диловар-паҳлавон омаданд, худро муаррифӣ накарда гуфтанд, ки дар нисбати Мавлавӣ ва бародараш мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тафтишотро оғоз кардаанд ва ҳардуро барои пурсиш мебарем. Баъд гуфтанд, ки ин ҳарду ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Ислом иртибот доштааанд”-, гуфт Қувватбеков.

Ба гуфтаи Қувватбеков гурӯҳи 8-нафараи кормандони мақомоти интизомӣ субҳи рӯзи 18-уми июн ба манзили зисти Мавлавӣ Абдуллоҳи Язғуломӣ омада ӯро ҳамроҳи бародараш Иззатулло ва бо китобҳои мазҳабиву динӣ ва 80 ҳазор доллар маблағ бо худ бурданд.

Қувватбеков афзуд, ки бародараш ахиран се мошини "КамАЗ" себро аз Ванҷ ба Душанбе оварда, ба фурӯш расонд ва маблағи 80 ҳазор доллар аз ҳисоби фурӯши себ ба даст омадааст.

“Чанд нафар хонаро тагуру карданд ва ҷуз Қуръон китобҳои дигари диниро ҷамъ карданд ва пулеро, ки бародарам барои фарзандонаш мехост, дар Душанбе хона харад, 80 ҳазор доллар ҳам гирифтанду бо ҳардуи бародарам бурданд”, -- иброз дошт Қувватовбеков.

Наздикону пайвандон намедонанд, ки айни ҳол бародаронро кадом мақомот ва дар куҷо нигоҳ медоранд. Манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 19 июн гуфт, рӯҳонӣ ва бародари ӯро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт кардаанд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти иттилои расмӣ аз мақомоти амниятӣ ва Шуъбаи навбатдории Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт маҳалли зисти Мавлавӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кул натиҷа надод.

Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои пуршӯри динӣ ва даъватҳои ваҳдати динию миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Манбаъҳои дигар мегӯянд, ин рӯҳонӣ бештар бо табобати беморони рӯҳӣва дуохонӣ машғул будааст.

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG