Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони баландошёнае дар Мастчоҳ аз зиндагӣ дар хонаҳояшон тарс доранд. ВИДЕО


Шикояти сокинони баландошёна дар Мастчоҳ

Сокинони як бинои баландошёна дар шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳ солҳост, ки зери хатар зиндагӣ мекунанд. Ин бино, ки дар он ҳудуди 15 хонавода зиндагӣ мекунанд, дар натиҷаи заминларза ва барфу боронҳои шадид садамавӣ шудааст.

Зоҳиран ҳукумати маҳаллӣ мушкилро дарк кардааст, вале роҳи ҳале пешниҳод дорад, ки сокинон онро барои худ зиёновар медонанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Мавлуда Мӯъминова, ҳамроҳи фарзандони хурдсолаш тақрибан даҳ сол боз бо тарсу бим инҷо зиндагӣ мекунанд, вале имкони молӣ надоранд, ки ба ҷойи дигар куч банданд.

Мавлуда Мӯъминова, сокини Мастчоҳ гуфт, ҳукумат ба ҷойи ислоҳи вазъ онҳоро ба тарки ин хонаҳо маҷбур кардааст. “Одами пулдор дасташ боло будааст, мо ки пул надорем, ҳеҷ мушкиламон ҳал нашуд. Ҳамин хонаҳоро харидем ва 60 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифта, таъмир кардем. Ҳоло муҳлат додаанд, ки моро аз хонаҳоямон хезонанд. Бо маблағҳое, ки дар инҷо сарф кардем, мегӯянд, ба ивазаш 4 сотиқ замин медиҳем ва хона созед.”—гуфт Мавлуда.

Аксари бошандагони ин бино дар гузашта коргарони фабрикаи пахтатозакунии “Ҳасан Абдулов” будаанд ва ҳаққи истиқомат дар онро пардохтаанд. Ширкати молики бино соли 2012 аз байн рафт ва сокинон хонаҳоро хусусӣ кардаанд.

Умедҷон Шамсиев, сокини ин бино мегӯяд,“мо аз соли 2005, тақрибан 15 ё 16 сол боз ҳаминҷо зиндагонӣ мекунем. Ин бино пештар ҳам дар вазъияти ногувори садамавӣ қарор дошт ва аз ҳозира вазъияташ ҳам бадтар буд. Ҳозир одамон омада, каме ободтар карданд. Инҷо одамон пулу ҷой надоранд ва маҷбур зиндагӣ мекунанд”.

Мадина Ҳусейнова, бошандаи дигари бино мегӯяд, дар соли 2012 ин хонаҳоро аз ширкати “Ҳасан Абдулов” харида буданд. “Ду хонагиашро дар 4 ҳазор ва се хонагиашро дар 6 ҳазор доллар харидем. Пулҳояшонро панҷоҳ фоизӣ додем. Аз хона берун мекунем гуфта, таҳдид карданд, аз бонкҳо қарз гирифта додем. Баъд ҳуҷҷат карда доданд, вале бом назаданд.”—гуфт ӯ.

Аксари бошандагони инҷо камбизоат ҳастанд ва тавони бозсозии биноро надоранд. Бо вуҷуди муроҷиати паёпай ба мақомот, онҳо наметавонанд мушкили манзилро ҳал кунанд.

Мавлуда Мӯъминова, сокини дигари бино мегӯяд, сутунҳои ин баландошёна дар пайи як заминларзаи сахт осеб диданд.

Ҳоло сокинон шикоят доранд, ки боми бино мечакад, вале аз мондан дар он метарсанд ва аз тарки он ҳам ҳам хавф доранд, ки бесарпаноҳ мемонанд.

Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ посух дод, ки “ин бино сохтмонаш нотамом аст ва аз ҷониби комиссияи ноҳия қабул нагардидааст”.

Ҳамчунин дар ин нома навишта шудааст, ки “барои ба ҳолати аввалааш баргардонидан қарори раиси ноҳия содир гардида, ба раҳбари ҷамъияти “Ҳасан Абдулов” дастур шудааст то биноро тахриб намояд”.

Кушиши мо барои дарёфти намояндагони ширкати “Ҳасан Абдулов” то замони нашри матлаб натиҷа надод.

Дар ҳамин ҳол сокинон мегӯянд, бо вуҷуди онки барои иқомат дар инҷо маблағ супоридаанду худро соҳибмулк медонанд, вале аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ борҳо барои тарки манзилҳояшон огоҳӣ гирифтаанд. Онҳо хоҳиши тарки биноро доранд, вале сарпаноҳи дигаре барои зиндагонӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG