Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон дар Душанбе: "Ҳодисаҳои ахир дар марз барои мо санҷиши хеле вазнин буд"


Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Шаҳри Душанбе, 29 июни 2021.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон. Шаҳри Душанбе, 29 июни 2021.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 29-уми июн дар "Қасри Миллат" мулоқот карданд. Содир Ҷабборов дар оғози мулоқоташ бо Раҳмон дар назди хабарнигорон гуфт, ҳодисаҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марз ба вуқуъ пайваста барои мо санҷиши хеле вазнин буд.

"Мо бояд ба чунин ҳодисаҳо дигар роҳ надиҳем. Мардуми тоҷику қирғиз солҳо равобити бародарӣ ва ҳамсоягӣ доштанд ва мо талош мекунем ҳамин робитаҳои дӯстона боқӣ монанд",-афзуд Содир Ҷабборов.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Ҷабборовро ба Душанбе хушомадед гуфт, вале дар назди хабарнигорон дар бораи масъалаи марз чизе нагуфт. Вохӯрии роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон қарор аст то нисфирӯзӣ идома кунад ва дар поёни он 4 санад имзо мешавад.

Содир Ҷабборов рӯзи гузашта бо сафари дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Сафари Содир Ҷабборов соати 8:50-и рӯзи сешанбе бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз шуд. Соати 9 раиси ҷумҳури Қирғизистонро ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар "Қасри Миллат" пешвоз гирифт. Ба иттилои расмӣ, раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон 1 соату 40 дақиқа бо ҳам як ба як сӯҳбат мекунанд. Аз соати 11 то 11:50 музокирот бо иштироки ҳайатҳо баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дарёфтии хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳоло имзои 4 созишнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст. Ҷузъиёти созишномаҳо то ҳадди имкон махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Рӯзноманигорони қирғиз ҳам мегӯянд, намедонанд, ки ин кадом мавзуъҳоро фаро мегиранд.

Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар бораи натиҷаи музокироташон бо расонаҳо сӯҳбат кунанд. Соати 15 Содир Ҷабборов ба Бишкек-пойтахти Қирғизистон, бармегардад.

Содир Ҷабборов шоми 28-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифт. Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари кишвари ҳамсоя "бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии "Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб" рафтаанд.

Содир Ҷабборовро дар ин сафар вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбаев, вазири иқтисод Оқилбек Ҷабборов, вазири нақлиёт ва иртиботот Гулмира Абдралиева, вазири ҳолатҳои фавқулодда Бообек Ажикеев, вазири фарҳанг ва иттилоот Кайрат Иманалиев ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин нахустин сафари Содир Ҷабборов ба ҳайси раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон аст, ки дар шароити сардии равобит миёни Душанбе ва Бишкек сурат мегирад.

Сафари нахустини Содир Ҷабборов мебоист дар нимаи аввали моҳи май баргузор мешуд. Вале баъди даргирии хунини охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таъхир афтод. Бишкек ба дунболи ин муноқиша, ки дар он аз ҳарду тараф даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд, марзҳои худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

XS
SM
MD
LG