Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зиндагӣ дар Ворух". Филми мустанади Радиои Озодӣ. ВИДЕО


Толибҷон Маҳкамов, сокини Ворух, ҳангоми кор.
Толибҷон Маҳкамов, сокини Ворух, ҳангоми кор.

Бо гузашти ду моҳ аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки охири моҳи апрел сурат гирифт, зиндагии мардуми рустоҳои наздимарзӣ дар ҳарду тараф ба маҷрои пешинааш бармегардад.

Дар Ворух мардум ба кишоварзӣ машғуланд, тоҷирон тиҷораташонро пеш мебаранд, хонаҳое, ки осеб диданд ба тадриҷ барқарор мешаванд. Хабарнигори Радиои Озодӣ чанде пеш ба Ворух яке аз ҷамоатҳои Тоҷикистон рафт, дар Қирғизистон онро ҷазирақаламрав медонанд, дар Тоҷикистон не. Ӯ бо мардуми рустоҳои Ворух дар бораи зиндагӣ дар марз ва ҳамсоягӣ бо мардуми қирғиз ва ҳам дар бораи ҷангҳои гузашта суҳбат кард ва филмеро ба навор гирифт.

Иқтибосҳое аз мусоҳибони филм:

Биҳоҷира Солиева, сокини Ворух: “Ман дар бригадаи 15 кор мекунам ва саҳми замин дорам. Аммо метарсам барои рафтан. Ё раваму ҷанг сар шавад ҳам тарсида мегурезам. Ҳамон рӯзи ҷанги қирғизҳо ҳамонҷо будем. Аз ҳамон су занҳо гурехта омаданд, ман гуфтам нагурезед, натарседу нагурезед гову гусолаҳоро чӣ кор мекунед гуфтам. Аммо ба Ворух гурехта омадем.”

Шукуфа Аҳмадбоева, сокини Ворух: “Худоро шукр боз тинҷӣ шуда рафт. Лекин мо як ваҷаб заминҳоямонро монда намеравем. Имсол кор карда истодаем. Ҳаракат мекунем, ҳар як ваҷаби заминҳоямонро ғанимат дониста, хуб истифода барем. Ҳоло тарси зиёд надорем, давлат ҳаст.”

Ҷӯрабой Ҷӯраев, сокини Ворух: “Ҳоло якдигариро бинем камтар ғамгин мешавем, ки ҳамин қадар дӯст будему чаро яку якбора ногапӣ шудем. Инҳо ҳамашон инхел нестанд, дар дохилашон баъзе нафарҳое ҳастанд, ки ба назарам инҳоро вайрон мекунанд. Лекин инҳо бениҳоят инсонҳои хуб буданд, инсонҳои муъмину мусулмонанд. Намедонам, ки айби мо бошад ё айби онҳо.”

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале 504 километри он солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва сабаби муноқишаҳо мешавад. Мардуми Ворух мегӯянд, орзу доранд, мушкили марз ҳарчӣ зудтар ҳал шавад. Онҳ мегӯянд, ба дарозо кашондани ҳалли мушкил метавонад, пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад.

Филмро, ки дар ду қисмат аст, инҷо бубинед ва назару андешаҳоятонро дар борааш нависед:

Қисми аввал:

Зиндагӣ дар Ворух. Қисми аввал
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:21:55 0:00

Қисми дуюм:

Зиндагӣ дар Ворух. Қисми дуввум
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:11 0:00

XS
SM
MD
LG