Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷире, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия дар боздошт буд, озод шуд


Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара
Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара

Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон, ки бо дархости Қирғизистон боздошт шуда буд, аз боздоштгоҳи муваққатии Бошқирдистон дар Русия озод шудааст.

Мақомоти Қирғизистон ӯро ба "бетартибӣ" дар сарҳад гумонбар дониста, аз мақомоти Русия хоста буданд, ки ӯро ба Қирғизистон фиристанд.

Ислом Неъматов, бародарзодаи Абдуфаттоев, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро бо шарти берун нашудан аз маҳалли зист раҳо кардаанд, вале рӯзи 2-юми август додгоҳ дар мавриди истирдод шудан ё нашудани ӯ ба Қирғизистон тасмим мегирад.

Абдуфаттоев рӯзи 1-уми феврали имсол дар Русия дастгир шуд. Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" айб эълон карда, Додгоҳи вилояти Бодканд 27-уми августи соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир намудааст. Ба иддаои мақомоти қирғиз, Абдуфаттоев гуё бо мошин сангреза оварда, роҳи Оқсой - Ворухро баста, ба бетартибӣ роҳ додааст".

Худи Фурқат Абдуфаттоев ва наздиконаш ҳарду иттиҳомро намепазиранд ва мегӯянд, ӯ дар ягон низои сарҳадӣ ширкат накардааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, Абдуфаттоев дар моҷароҳои марзӣ ширкат надошт ва Русия бояд ӯро озод кунад.

Аз 1-уми феврал ба инҷониб, додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон муҳлати ҳабси пешакии Фурқат Абдуфаттоевро чаҳор дафъа дароз кард.

Абдуфтатоев дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба суоли Радиои Озодӣ, ки ба чӣ хотир мақомоти Русия ӯро аз боздоштгоҳ раҳо карданд, ҷузъиёти зиёд надод ва танҳо гуфт, мақомоти Тоҷикистон барои раҳоии ӯ зиёд талош варзиданд ва ӯ аз онҳо сипосгузор аст.

Бо вуҷуди раҳоӣ, ҳанӯз маълум нест, ки додгоҳи Русия дар мурофиаи навбатӣ нисбат ба ӯ чӣ тасмим мегирад.

Қирғизистон пас аз муноқишаҳои марзӣ аз таҷрибаи дар ғайбашон айбдор ва зери пайгарди байналмилалӣ қарор додани шаҳрвандони Тоҷикистон кор мегирад. Дар панҷ моҳи охир бори дуюм аст, ки сокинони Ворух бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт мешаванд. Қаблан Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Ворух, ҳам дар Русия дастгир шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳам баъзе аз шаҳрвандони кишвари ҳамсояро, ки дар барангехтани низоъҳои марзӣ айбдор медонад, зери пайгард қарор додааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомоти Русия рӯзи 18-уми апрел Эсанбой Маҷидов (Мажитов) сокини деҳаи Кук-Тош, ҳаммарз бо Хоҷаи Аълои Тоҷикистонро дар шаҳри Нижний Новгород боздошт карданд. Ҷониби Тоҷикистон дархоcт кардааст, ки ӯ барои муҳокима ба Тоҷикистон таслим карда шавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст. Аз ҷумла, дар муноқишаи рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол аз ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо каси дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG